Радду бадалҳои доғ дар Кохи Сафед байни президенти Украина Владимир Зеленский, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва муовини ӯ Ҷей Ди Венс дар дохили Украина вокунишҳои гуногун ба бор овард.
Бархе аз раҳбари худ дар даврони ҷанг эҳсоси ифтихор доранд, дигарон аз ноумедии афзоянда аз равобити минбаъдаи Амрико ва Украина нигаронанд, ки баъди се соли ҷанги Русия дар хоки ин кишвар миёни ду шарики муҳим эҷод шудааст.
Андрей Веселовский, сафири собиқи Украина дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, аз дидани саҳнаи радду бадалҳои ду раҳбар бисёр нороҳат шуд. Веселовский рӯзи 28-уми феврал дар суҳбат бо бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, "пас аз он чизе, ки дидам, рӯҳияам хеле бад шуд."
"Бо садои баланд дар назди ноиби президент ва президент сухани ҳардуро бурида гап задан - он шевае нест, ки ба манфиати Украина кор кунад," -- афзуд ӯ.
Мулоқоти Зеленский бо Трамп рӯзи 28-уми феврал пас аз радду бадалҳо дар Кохи Сафед бо хашми ҳарду тараф анҷом ёфт. Зеленский бошитоб онро тарк кард ва Трамп гуфт, ки раҳбари Украина беэҳтиромӣ кардааст ва метавонад танҳо замоне баргардад, ки "ба сулҳ омода бошад".
Пеш аз он ки ин мулоқот ба анҷом расад, Трамп гуфт, Украина бояд ба созиш бирасад ва аз ёриҳои Амрико дар ҷанги ин кишвар алайҳи Русия сипосгузор бошад. Зеленский ба кафолатҳои амниятии Иёлоти Муттаҳида даъват кард ва бо ишора ба президенти Русия Владимир Путин гуфт, "бо қотил набояд созиш шавад".
Олексий Гончаренко, вакили парлумон аз Ҳизби марказу ростгарои ҳамбастагии Аврупо, ҳам эҳсоси нороҳатии Веселовскийро такрор кард ва гуфт, ин "охири муносибатҳо бо Трамп" аст. Аммо украиниҳои дигар гуфтанд, ки аз тамошои радду бадалҳои президенташон дар Кохи Сафед эҳсоси ифтихор карданд.
Наталия Серҳиенко, нафақахӯре аз шаҳри Киев, ба "Ассошиэйтед пресс" гуфт, ки "Зеленский мисли шер меҷангид". Вай гуфт: "Онҳо мулоқоти доғе доштанд, суҳбат хеле тафсон буд, аммо Зеленский манфиатҳои Украинаро дифоъ мекард".
Олех Синеҳубов, раиси вилояти Харков, ки бо Русия ҳаммарз аст, низ аз Зеленский ситоиш кард. Ӯ дар сӯҳбат бо ин оҷонсӣ гуфт, ки раисҷумҳури Украина дар мавқеаш қавӣ буд ва гуфт, бидуни кафолати амниятӣ барои Украина созиши сулҳ вуҷуд надорад.
"Роҳбари мо, сарфи назар аз фишорҳо, дар дифоъ аз манофеи Украина ва украиниҳо устувор аст. Ба мо танҳо сулҳи одилона бо кафолати амниятӣ лозим аст," -- гуфт Синеҳубов.
Илова ба эҳсоси фахр, шумори онҳое ҳам кам нест, ки аз шеваи муносибат ба Зеленский ба хашм омадаанд.
Артем Василев, ки аслан аз Луҳански аз тарафи Русия ишғолшуда дар шарқи Украина аст, ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст: "Мо барои демократия мубориза мебарем, вале нисбат ба ҷанговарон, сарбозон ва мардуми кишварамон комилан беэҳтиромӣ мекунанд."
Трамп, ба гуфтаи Василев, "дарк намекунад, ки мардум ҷон медиҳанд, шаҳрҳо хароб мешаванд, одамон - модарон, кӯдакон, сарбозон ҳама азоб мекашанд".
Вале ҳамаи онҳоеро, ки баъди мулоқоти оташини ду раҳбар дар Украина изҳори назар мекунанд, як эҳсоси муштараке доранд, ки ин номуайян шудани роҳи барқарории робитаҳои Украина бо шарики муҳими замонаи ҷангаш мебошад.
Сафири собиқ дар Иттиҳоди Аврупо Веселовский гуфт, ки Зеленский бояд аз хештандорӣ кор мегирифт ва акнун маълум нест оё ӯ метавонад бори дигар вориди Кохи Сафед шавад ё на.
Олександр Мережко, вакили парлумон аз ҳизби "Хидматгори халқ"-и Зеленский, ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ки сарфи назар аз ҳама мушкилот, Украина бояд бо Трамп ҳамкорӣ кунад, чун гап дар бораи масоили бисёр калону ҷиддие меравад.
Мережко гуфт: "Мо бояд шиддатро паст кунем. Баъзе робитаҳо вуҷуд доранд – аъзои Конгресс ва сенаторҳо, ки ба Трамп таъсир мерасонанд... Мо бояд фавран бо ин одамон тамос гирем."
Шаҳрдори Киев Виталий Кличко дар як матлаб дар Telegram навишт, ки умедвор аст, "Украина пуштибонии Амрикоро аз даст намедиҳад, чун ин барои мо ниҳоят муҳим аст. Имрӯз барои ҳарду тараф ҳам вақти эҳсосот нест. Мо бояд забони муштарак пайдо кунем."
Гуфтугӯ