Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

З.Кобулов дар бораи 2 "платсдарм" барои ҳамла ба Тоҷикистон ва...


Замир Кобулов
Замир Кобулов

Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия ба Осиёи Марказӣ сарозер шудани ҷангиёни исломӣ аз он сӯи Омӯро ногузир хондааст, вале гуфтаааст, ки Русия майли ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардондани нирӯҳояшро надорад.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории Интерфакс, ки рӯзи 29 декабр нашр шуд, гуфтааст, созмони “Давлати исломӣ” ҷангиён аз Осиёи Марказиро барои амалиёт дар зодгоҳҳои онҳо омода мекунад ва сарозер шудани онҳо ба ин сӯи Ому дигар як амри ногузир аст.

Ба гуфтаи дипломати собиқадори Русия, дар Афғонистон алакай ду пойгоҳ(платсдарм) барои интиқоли ин ҷангиён ба Осиёи Марказӣ бунёд шудааст: “Яке дар марз бо Тоҷикистон ва дигарӣ – дар марз бо Туркманистон. Дар ин ду самт нирӯҳои ба қадри кофӣ бузурге ҷамъ шудаанд. Дар платсдарми воқеъ дар марз бо Тоҷикистон, барои мисол, аз 4 то 5 ҳазор ҷангӣ ҷамъ шудаанд. Дар рӯбарӯи марз бо Туркманистон – то 2,5 ҳазор ҷангии дигар. Урдугоҳҳое барои тамрини думоҳаи ҷангиён ба роҳ монда шудаанд. Мо дар бораи 3 чунин урдугоҳ маълумот дорем. Ҳар яки ин урдугоҳҳо ҳарду моҳ то 50 ҷангиро омода мекунанд. Ҷолиб ин аст, ки аксари онҳо зодагони Осиёи Марказианд.”

Замир Кобулов мегӯяд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон аз ин таҳдид хабар доранд. Вале дар посух ба ин суоли Интерфакс, ки оё Маскав қасди баргардондани нирӯҳои марзбониаш ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотири муқобила бо таҳдиди афзояндаи бурузи ҷангиёни исломӣ надорад?, намояндаи президенти Русия гуфт: “Ҳукумати Тоҷикистон феълан мегӯяд, ки аз ӯҳдааш мебарояд. Аммо агар рӯирост бигӯем, мо майли ба онҷо баргардондани марзбонҳоямонро надорем.”

Замир Кобулов гуфтааст, аммо Маскав ба Тоҷикистон аз тариқи таъмини марзбонҳои тоҷик метавонад кумак кунад: “Ин назар ба фиристодани бачаҳои мо ба марзи Афғонистон самараи хубтар дорад.” Роҳи дигари кумаки Русия ба Тоҷикистонро ин дипломат дар тақвияти имконот ва зарфиятҳои пойгоҳи 201-уми кишвараш мебинад.

Нирӯҳои пойгоҳи 201
Нирӯҳои пойгоҳи 201

Кобулов пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 аскару афсарашро омили муҳим дар таъмини амнияти Тоҷикистон ва минтақа унвон кард, вале гуфт, “боз ҳам ин пойгоҳ, албатта, пеши роҳи убури ҷангиён ба Тоҷикистон ва баъдан ба Қирғизистонро гирифта наметавонад. Ҷӯяҳои резае онҳоро ба инҷо сарозер карда истодаанд. Баҳор маълум хоҳад шуд. Ба мо сарусадоҳое мерасанд, ки ҷангиён дар он сӯи марз дар ҳамин бора сӯҳбат доранд, ки баҳор худро нишон хоҳанд дод.”

Ҳафтае пеш раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ аз қасди ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” барои рафтан ба Осиёи Марказӣ ҳушдор дода буд. Дар охирин навори видеои ин ҷангиён, ки дар Интернет нашр шудааст, як ҷангии тоҷик низ мегӯяд, ҳадафи ниҳоии онҳо “ҷиҳод” дар худи Тоҷикистон аст.

“Давлати исломӣ” як созмони тундравест, ки таҳти шиори таъсиси хилофати воҳиди исломӣ қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро забт кардааст. Бино ба ҳисобҳо, дар ҳайати ин гурӯҳ дар Ховари Миёна беш аз 1000 нафар аз Осиёи Марказӣ меҷанганд. Мақомоти тоҷик дар бораи ширкати то 300 шаҳрванди ин кишвар дар ҷангҳои Ховари Миёна сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, то кунун танҳо дар Сурия то 50 ҷангӣ аз Тоҷикистон ҷон бохтаанд.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистонро то соли 2005 марзбонҳои рус бар ӯҳда доштанд. Дар ин авохир бархе сиёсатмадорон ва расонаҳои Русия бо таъкид ба нотавонии мақомоти Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигари амниятӣ пешниҳод доранд, ки нирӯҳои марзбонии Русия аз нав масъулияти ҳифзи “марзҳои ҷанбуии СНГ”-ро бар дӯш бигиранд.

Ин даъватҳо дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 анҷом шавад, бештар шудааст. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин иддаоҳо чандин бор гуфтаанд, ки тавони мустақилона ҳимоят кардани марзҳои кишварро доранд, вале барои муқобила бо таҳдидҳои байналмилалие, чун қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва ҷангиёни исломӣ, ба кумакҳои фанниву таслиҳотии бештар ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG