Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии Аврупо-2024: Ҳамаи ҷуфтҳои плей-офф муайян шуданд


26-уми июн марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон ба поён расид. Бозиҳои даври севум дар гурӯҳҳои E ва F баргузор шуданд.

Дар Штутгарт бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Белгия ва Украина бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Ҳамзамон бозии дигари гурӯҳи Е байни тимҳои миллии Руминия ва Словакия дар Франкфурт бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом пазируфт. Голи тими Словакияро дар дақиқаи 24‑ум нимҳимоятгар Ондрей Дуда ба самар расонид. Голи мунтахаби Руминияро нимҳимоятгар Рэзван Марин дар дақиқаи 37-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ зад.

Аҷиб аст, ки ҳамаи дастаҳои гурӯҳи Е чаҳоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи нишондодҳои иловагӣ мунтахаби Руминия мақоми аввалро касб кард. Белгия ҷойи дувум, Словакия зинаи севум ва Украина мақоми чаҳорумро азони худ карданд.

Аз гурӯҳи Е се даста – Руминия, Белгия ва Словакия - ба плей-офф баромаданд. Дар даври 1/8-ниҳоӣ Словакия бо Англия, Руминия бо Ҳолланд (Нидерланд) ва Белгия бо Фаронса рақобат мекунанд.

Дар Ҳамбург мунтахаби Туркия дастаи Чехияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар ҳайати тими ғолиб голҳоро Хоқон Чалханоглу (дақиқаи 51‑ум) ва Ҷенк Тосун (90+4) заданд. Голи чехҳо баТомаш Соучек (66) мутааллиқ аст.

Ҳамзамон бозии дигари гурӯҳи F дар Гелзенкирхен байни тимҳои миллии Португалия ва Гурҷистон сурат гирифт. Гурҷиҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳоро Хвича Кваратсхелия (дақиқаи 2‑юм) ва Жорж Микаутадзе (57, аз пеналти) ба самар расониданд.

Мунтахаби Португалия бо 6 имтиёз дар гурӯҳи F аз мақоми аввал ба плей-офф баромад. Туркия ҳам 6 имтиёз гирифт ва аз мақоми дувум ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Мунтахаби Гурҷистон, ки бо 4 имтиёз севум шуд ва бори аввал дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Аврупо иштирок мекунад, ба ҳаққи ширкат дар даври 1/8-ниҳоӣ мушарраф гардид.Чехия бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Дар 1/8 финал Португалия бо Словения, Туркия бо Австрия, Гурҷистон бо Испания бозӣ мекунанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок кард. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания ва Италия аз гурӯҳи В, Англия, Дания ва Словения аз гурӯҳи С, Австрия, Фаронса ва Ҳолланд аз гурӯҳи D, Руминия, Белгия ва Словакия аз гурӯҳи Е, Португалия, Туркия, Гурҷистон аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромаданд.

Ба ин тартиб, ҳамаи ҷуфтҳои даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон муайян шуданд.

Таркиби ҷуфтҳои 1/8-ниҳоии Аврупо‑2024 ба таври зайл аст:

Испания — Гурҷистон

Олмон— Дания

Португалия — Словения

Фаронса — Белгия

Руминия — Ҳолланд

Швейтсария — Италия

Австрия — Туркия

Англия — Словакия.

Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо дар Олмон рӯзҳои 29-уми июн — 2-юми июл баргузор мешаванд. Бозии ниҳоӣ 14-уми июл дар Берлин доир мегардад.

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия (Маҷористон), Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Полша (Лаҳистон), Ҳолланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

ДАВРИ АВВАЛ

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

Гурӯҳи D, Полша – Ҳолланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1

Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0

Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1

Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1

Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1

Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1

ДАВРИ ДУВУМ

Гурӯҳи B, Хорватия – Албания – 2:2

Гурӯҳи A, Олмон – Венгрия – 2:0

Гурӯҳи A, Шотландия – Швейтсария – 1:1

Гурӯҳи C, Словения – Сербия – 1:1

Гурӯҳи C, Дания – Англия – 1:1

Гурӯҳи B, Испания – Италия – 1:0

Гурӯҳи E, Словакия – Украина – 1:2

Гурӯҳи D, Полша – Австрия – 1:3

Гурӯҳи D, Ҳолланд - Фаронса – 0:0

Гурӯҳи F, Гурҷистон – Чехия – 1:1

Гурӯҳи F, Туркия – Португалия – 0:3

Гурӯҳи E, Белгия - Руминия – 1:0

ДАВРИ СЕВУМ

Гурӯҳи A, Швейтсария – Олмон – 1:1

Гурӯҳи A, Шотландия – Венгрия – 0:1

Гурӯҳи B, Хорватия – Италия – 1:1

Гурӯҳи B, Албания – Испания – 0:1

Гурӯҳи D, Ҳолланд – Австрия – 2:3

Гурӯҳи D, Фаронса – Полша – 1:1

Гурӯҳи C, Англия – Словения -0:0

Гурӯҳи C, Дания – Сербия – 0:0

Гурӯҳи E, Словакия – Руминия – 1:1

Гурӯҳи E, Украина – Белгия – 0:0

Гурӯҳи F, Чехия – Туркия – 1:2

Гурӯҳи F, Гурҷистон – Португалия – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A

1. Олмон — 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо 8:2)

2. Швейтсария — 5 (5:3)

3. Венгрия (Маҷористон) — 3 (2:5)

4. Шотландия — 1 (2:7)

Олмон, Швейтсария ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи B

1. Испания — 9 (5:0)

2. Италия — 4 (3:3)

3. Хорватия — 2 (3:6)

4. Албания — 1 (3:5)

Испания, Италия ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи C

1. Англия — 5 (2:1)

2. Дания — 3 (2:2)

3. Словения — 3 (2:2)

4. Сербия — 2 (1:2)

Англия, Дания, Словения ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи D

1. Австрия — 6 (6:4)

2. Фаронса — 5 (2:1)

3. Ҳолланд — 4 (4:4)

4. Полша (Лаҳистон) — 1 (3:6)

Австрия, Фаронса, Ҳолланд ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи E

1. Руминия — 4 (4:3)

2. Белгия — 4 (2:1)

3. Словакия — 4 (3:3)

4. Украина — 4 (2:4)

Руминия, Белгия, Словакия ба плей-фф баромаданд.

Гурӯҳи F

1. Португалия — 6 (5:3)

2. Туркия — 6 (5:5)

3. Гурҷистон — 4 (4:4)

4. Чехия — 1 (3:5)

Португалия, Туркия, Гурҷистон ба плей-офф баромаданд.

1/8 финал:

Швейтсария — Италия. 29 июн, 20:45

Олмон — Дания. 29 июн, 23:45

Англия — Словакия. 30 июн, 20:45

Испания — Гурҷистон. 30 июн, 23:45

Фаронса — Белгия. 1 июл, 20:45

Португалия — Словения. 1 июл, 23:45

Руминия —Нидерланд (Ҳолланд). 2 июл, 20:45

Австрия — Туркия. 2 июл, 23:45

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG