Ин бозии охирини гурӯҳи “А” шаби чоршанбеи 4-уми декабр дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраи Қатар доир гардид. Голҳоро Азизбек Ҳаитов ва Амирҷон Сафаров дар нимаи дуюми бозӣ заданд.
Ин аввалин пирӯзии «Равшан» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.
“Равшан” дар бозии аввали ин дастаҳо 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Ал-Вакра” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.
Дар ҷадвали гурӯҳи “А” тими “Трактор”-и Эрон бо 10 имтиёз аз 4 бозӣ ҷойи аввалро касб кард. “Ал-Вакра”-и Қатар бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Ҳарду даста ба плей-офф роҳ ёфт. Вале “Равшан”, ки бо се имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шуд, аз ҳаққи иштирок дар даври баъдии мусобиқоти минтақаи Ғарб маҳрум гашт.
Аз минтақаи Ғарб ба ғайр аз “Трактор”-и Эрон ва “Ал-Вакра”-и Қатар (гурӯҳи “А”), инчунин дастаҳои зерин ба плей-офф роҳ пайдо карданд: “Ал-Таавун” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Халдия” (Баҳрайн) – гурӯҳи “В”, “Шарҷа” (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), “Ал-Ваҳда” (Урдун) – аз гурӯҳи “С”, “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), “Ал-Ҳусейн” (Урдун) – аз гурӯҳи “D”.
Пирӯзии «Равшан» бар «Ал Вакра» ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар радабандии лигаҳои футболи кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё аз Кувайт пеш гузашта, ба зинаи сездаҳум барояд. Аммо, новобаста аз ин, шуруъ аз мавсими 2026/2027 ҳеҷ кадоме аз тимҳои Лигаи олии Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC ширкат намеварзанд ва танҳо як бошгоҳи футболи тоҷик дар Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё иштирок хоҳад кард.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
“Трактор” |
4 |
3 |
1 |
0 |
16-4 |
10 |
2 |
“Ал-Вакра” |
4 |
1 |
1 |
2 |
4-8 |
4 |
3 |
“Равшан” |
4 |
1 |
0 |
3 |
3-11 |
3 |