Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон сӯзондани Фархундаро маҳкум кард


Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон куштан ва сӯзондани зани 27-сола дар Кобулро ба гумони оташ задани Қуръони карим маҳкум кард ва онро "тундгароӣ" ва "амали мутаассибон" номид.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон куштан ва сипас сӯзондани ҷасади Фархунда, зани 27-сола дар Кобулро ба гумони оташ задани Қуръони карим маҳкум кард ва онро "тундгароӣ" ва "амали мутаассибон" номид.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, рӯзи 26 март дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин амал ҳаргиз аз Қуръон ва барои дифоъ аз китоби муқаддаси мусулмонҳо нест. Балки, баръакс, бар мухолифаш аст."

Оқои Абдулқодирзода, ки бо сафаре дар Кувайт қарор дорад, дар ин сӯҳбати телефонӣ афзуд, ин масъаларо бо раёсати Маркази исломии Тоҷикистон низ матраҳ кардааст. "Ҳамаи онҳо аз ин вазъият дар ҳоли ҳайрат буданд, ки чаро чунин шудааст. Ҳамаи онҳо ба ин назар буданд, ки ин аз кӯтоҳандешии баъзе аз мусалмонҳост ва чунин рафтор ба номи дини ислом иснод меорад. Ин амал дар ҳар куҷое дунё, ки набошад, мухолифи ислом аст ва мо онро маҳкум мекунем,"-афзуд муфтии Тоҷикистон.

Қатли як зани афғон барои сӯзондани Қуръон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Раиси Шӯрои уламо илова кард, "баъзе инсонҳое, ки маълумоти динӣ надоранд ва аз рӯи таассуб баъзе амалҳои тундгароӣ анҷом медиҳанд, дар ин ҷо ислом гунаҳкор нест. Ин ҷо шахсияти ҳамон афрод гунаҳкор аст."

Ин нахустин изҳори назари расмии раҳбарияти Шӯрои уламо дар робита ба қазияи куштор ва баъдан сӯзондани ҷасади Фархундаи 27-сола дар Афғонистон дар ҳафтаи гузашта аст.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар сӯҳбати худ аз хабарҳо дар бораи гӯиё бемори рӯҳӣ будани Фархунда, ки баъдан аз сӯи мақомоти Афғонистон таъйид нашуд, низ ёдоварӣ кард ва гуфт, "барои беморони рӯҳӣ ҳеч азобе вуҷуд надорад. Дар ҳоле ки офаридгор аз ҷазои чунин халқкардаҳояш гузаштааст, чаро бандагонаш ӯро азоб диҳанд?"

Фархундаи 27-сола рӯзи 19 марти соли ҷорӣ дар назди масҷиди “Шоҳи душамшера”-и пойтахти Афғонистон аз сӯи издиҳоме, ки ӯро ба сӯзондани китоби муқаддаси “Қуръон” гунаҳкор карданд, то куштан латту кӯб намуда, сипас мурдаи ӯро сӯзонда, ба дарёи Кобул андохтанд. Дар аввал гуфта мешуд, Фархунда маризи равонӣ буд, вале таҳқиқот нишон додааст, ки ӯ як зани таҳсилкардаи мазҳабӣ ва солим буд.

Генерал Зоҳир Зоҳир, раиси бахши ҷароими ҷиноии вазорати дохилаи Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷумлаи 28 нафари дастгиршуда нафароне ҳам ҳастанд, ки издиҳомро ба ин қатли беасос ва хеле бераҳмона таҳрик додаанд. Генерал Зоҳир гуфт, ҳуввияти аксари афроди дастдошта дар латту кӯбу қатл ва сӯзондани ҷасади Фархундаро бо шарофати наворҳои зиёди сабтшуда муайян кардаанд.

Қатли бераҳмонаи Фархунда ба мавҷи эътирозҳо дар саросари Афғонистон ва вокуниши манфӣ дар берун аз он кишвар рӯбарӯ шудааст. Рӯзи якшанбе тобути Фархундаро як гурӯҳи занони фаъоли афғон рӯи даст бардошта, то оромгоҳ бурданд ва ба хок супурданд.

XS
SM
MD
LG