Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чароғакҳои норавшан дар Кӯлоб ҳаракат дар роҳҳоро хатарнок кардааст. ВИДЕО


Набуди чароғакҳои дуруст сабаби садамаву маҷруҳ шудани мардум шудааст.
Набуди чароғакҳои дуруст сабаби садамаву маҷруҳ шудани мардум шудааст.

Кори нодурусти чароғакҳои роҳнамо дар Кӯлоб, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон ҳаракати мардум ва нақлиётро хатарноку мушкил кардааст.

Мушоҳидаҳои хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар ҳафт гузаргоҳе, ки чароғак насб шудааст, танҳо яктои он дуруст кор мекунад. Дар ду ҷойи дигар чароғакҳо қисман, ё нодуруст кор мекунанд. Чаҳортои дигар хомӯшанд.

Чаро чароғакҳои Кӯлоб раҳнамоӣ намекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Шаҳриёр, сокини маҳаллаи Ҳувайдуллоеви Кӯлоб, ки ҳар рӯз чанд маротиба аз роҳи сермошин мегузарад, мегӯяд, ҳар бор таваккал мекунад. Ба гуфтаи ӯ, фаъол набудани чароғакҳо ҷони пиёдагардонро дар хатар мегузорад: "Шумо гузаштани маро дидед, мошин бояд дар роҳи пиёдагард меистод ва ман мегузаштам, аммо мошин наистод, ман истодам мошин гузашт ва баъд ман гузаштам. Дар инҷо на чароғак кор мекунад, на мошинҳо манъ мекунанд."

Сокинони маҳаллаҳои марказии шаҳр мегӯянд, кори беназми чароғакҳои роҳ боиси сар задани садамаҳо мешавад. Кӯдаконашонро намегузоранд, бе назорат аз роҳ гузаранд. Барои куҳансолон ҳам гузаштан аз роҳҳо мушкил аст.

“Баъзе ронандаҳо дар роҳи пиёдагард, мошинро нигоҳ намедоранд. Пиёдагардон меистанд, мошинҳо мегузаранд. Мошин, ки тамом шуд, сокинон роҳро убур мекунанд. Инро Бозрасии давлатии автомобилӣ ва ҳукумат надонад, аз дасти мо мӯйсафедон ҳеч чиз намеояд. Нигоҳ кунед, мошин дар болои роҳи пиёдагард меистад, аз инҷо одамон бояд гузаранд.”- мегӯяд, Раҳмон Бобоев, сокини Кӯлоб.

Назорату таъмири чароғакҳои роҳнамо дар Кӯлоб ба зиммаи шӯъбаи нақлиёти шаҳр аст. Масъулони ин шӯъба ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чанд чароғакро таъмир кардаанд ва “бо сабаби системаи электронӣ доштани дигар чароғакҳо, интизори барномаи махсуси фаъолгардонии онҳо” мебошанд. Таъмиргари ин чароғакҳо ҳам аз Душанбе будааст.

Чанд соли пеш Абдусалом Искандарзода, сардори собиқи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ба шаҳрдорӣ пешниҳод карда буд, ки дар роҳҳои автомобилгард камераҳои назоратӣ насб шавад. Харҷи он ҳам 10 миллион доллар гуфта мешуд. Аммо ҳукумати шаҳр ба сабаби набудани маблағ пешниҳодро рад кард.

XS
SM
MD
LG