Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон дарёфти маошро боз ҳам душвортар кард


Таъхир дар пардохти маош дар корхонаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон як падидаи роиҷ аст. Аммо як назарпурсии сарироҳӣ собит кард, ки агар қаблан коргарон ҳафтаҳо мунтазири маошашон мешуданд, ҳоло моҳҳо интизорӣ мекашанд.

Акбар Солиев 35 сол боз бо рондани экскаватор ризқу рӯзии худу фарзандонашро пайдо мекунад. Ӯ мегӯяд, ба ҳайси як коргари кироя дар ширкати сохтмонӣ кор мекунад, вале кордеҳаш маоши се моҳи охири ӯро ҳанӯз пардохт накардааст: “Кор мекунем, аммо се моҳ шуд маошамонро нагирифтаем. Ҳар боре, ки аз роҳбарҳо сабаб мепурсем, мегӯянд, аз бонк пул ҷудо нашудааст. Ваъдаи имрӯз пагоҳ медиҳанд, аммо ҳеҷ не ки маошамонро бигирем. Таъсири кризис аст мегӯянд.”

Акбар Солиев, ки коргари кироя аст ва музди маошаш аз ҳаҷми кори иҷрокардааш вобаста аст, гуфт, пас аз солҳои душвори 90-ум, ки қариб як сол маош нагирифта буд, то ба ҳол ёд надорад, ки пардохти маошаш то ба ин ҳад ба таъхир уфтода бошад.

Аз даҳ нафар роҳгузароне, ки дар канори роҳу хиёбонҳои Душанбе бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, 8 нафаре аз онҳо аз сари вақт пардохт нашудани маош ва ё комилан нагирифтани ҳақмуздашон шикоят доштанд. Бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо, ки аз пардохт нашудани маошашон шикоят доштанд, дар арсаи сохтмон фаъолият мекунанд. Аксари ҳамсӯҳбатони мо дар посух ба суоле, ки чаро кордеҳони худро ба ҷавобгарӣ намекашанд, мегӯянд, онҳо бо кордеҳони худ ҳеҷ гуна шартномаву қарордоде надоранд, то ки аз тариқи қонун онҳоро ба пардохти маошашон водор кунанд.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари Раёсати омори демографӣ ва иҷтимоии Оҷонсии омор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раёсати зери роҳбарии ӯ танҳо омори қарзи меҳнати он коргаронеро ба ҳисоб мегирад, ки дар ширкату корхонаҳо расман фаъолият мекунанд.

Вай афзуд: “Тибқи омори охирин, қарзи музди маош дар Тоҷикистон 18 миллиону 190 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Беш аз ҳама қарзи маош дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасад, ки беш аз 6 миллион сомонӣ аст. Баъдан дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан ва коркарди он ҳам қарздории музди маош ба назар мерсад. Ин омор қарзи маоши коргарони расмӣ, онҳое, ки дафтарчаи меҳнатӣ доранду кордеҳон аз онҳо андоз месупоранд, дар бар мегирад.”

Ҳарчанд қарзи беш аз 18 миллионии музди маош ба назар чандон рақами бузурге наменамояд, аммо бо назардошти сатҳи пасти маош, шумори қисмати қобили мулоҳизаи аҳоли қобили меҳнат дар Тоҷикистон аз сари вақт нагирфтани маош азият мекашанд.

Музди миёнаи маош дар Тоҷикистон тибқи оморҳои тоза ҳамагӣ 893 сомонӣ, чизе бештар аз 100 доллари амрикоиро ташкил мекунад. Фаразан, агар кулли коргароне, ки кордеҳон аз онҳо беш аз 18 миллион сомонӣ қарздоранд, маоши миёнаи 893 сомонӣ бигиранд, пас маълум мешавад, ки дар кулли ҷумҳурӣ 20 ҳазору 369 нафар маош нагирифтаанд!

Ин ҳам дар ҳолест, ки як бахши умдаи коргарон дар Тоҷикистон ба шуғли ғайрирасмӣ ва ё муваққатӣ машғуланд ва маълум нест, кордеҳон дар Тоҷикистон аз ин тоифа коргарон чӣ миқдор маблағ қарздоранд.

Абдусаттор Ҳайдаров, роҳбари ширкати консалтингию кишоварзии “Нексигол”, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ машваратҳо медиҳад, дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, аз сабаби он, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сол як маротиба ҳосил мегиранд, наметавонанд маоши коргаронашро саривақт пардохт кунанд: “Хоҷагиии деҳқонӣ аз баҳор то тирамоҳ фақат хароҷот карда зироат ва ё боғро нигоҳубин мекунад ва танҳо пас аз фурӯхтани ҳосил, як маблағ ба даст меорад, ки бо он бояд маоши коргаронашро, бидиҳад, хароҷоташр пӯшонад ва ҳамчнуин андозро пардохт кунад. Аз ин рӯ, ман ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ машварат медодам, ки зироатҳои гуногун кишт кунанд, то аз аввлаи мавсим ҳосилро фурӯхта то охири он мунтазам даромад ба даст оранд.“

Абдураҳим Бӯриев, корманди собиқи ширкати “Соб”, ки ба сохтмони манораҳои масҷиди ҷомеаи Душанбе машғул буд, мегӯяд, ин ширкат 8 ҳазор сомонӣ маоши ӯро инак 2 сол мешавад пардохт накардааст: “Мо ба мақомоти прокуратура ва милиса ҳам борҳо муроҷиат кардем. Аммо роҳбари ширкат аз кишвар фирор кард”. Бӯриев афзуд, давутозҳои онҳо ва муроҷиат ба мақомот суде надошт ва ҳанӯз ҳам ин ширкат маоши ӯву 20 коргари дигарро пардохт накардааст.

Дар Тоҷикистон ҳаракатҳои коргарӣ ва Иттифоқҳои касаба чандон рушд накардаанд ва коргарон дар аксарияти маврид дар ситонида ҳаққузаҳмати хеш кордеҳонашон оҷизӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG