Дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар итоати ҳамин ҳавзаи низомӣ қарор дорад, рӯзи 13 октябр хабар дод, ки фармондеҳии ин ҳавза барои таълими анъанаву суннатҳои мардуми маҳаллӣ ва қоидаҳои рафтор ва муносибат бо ин мардум дар дохили пойгоҳ ва берун аз он як силсилаи дарсҳову тамринҳоро таҳия кардааст.
Ин қоидаҳои рафтор, бино ба гузориши «Азия Плюс» аз ҷумла кашидани сигор дар маконҳои ҷамъиятӣ, шиштан сари зону (на корточках), «ту» гуфтан ба афроди бегона ва истифодаи дашному ҳақоратро барои сарбозони Русия дар Тоҷикистон манъ мекунад. Ҳамчунин ба сарбозони рус бархе калимаву ибора ва ҷумлаҳои лозими тоҷикӣ барои муошират бо мардуми маҳалиро низ меомӯзонанд. «Луғат»-и сарбозони рус калимаҳое, чун «ака», «тағо», «бобо», «апа», «ойтӣ», «оча», «хоҳарам» ва «духтар»-ро, ки ҳангоми муошират бо афроди синну соли мухталиф истифода мешавад, дар бар мегирад.
Тавсия шудааст, ки агар ҳамсӯҳбат марди пир бошаду дар сар салла дошта бошад, бояд ба ӯ ҳамчун ба нафаре, ки шояд алакай сафари Ҳаҷ кардааст, «ҳоҷӣ-бобо» гуфта муроҷиат кард.
Ба гуфтаи маркази матбуоти ҳавзаи низомии марказии артиши Русия, ба ҳар як сарбозу афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ёддошт дар бораи муносибати боодобона ва қоидаҳои рафтори ҳамарӯза ва дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои низомӣ дода хоҳад шуд. Дар ин китобча бархе нукоти асосии қонунгузории Тоҷикистон, сайри кӯтоҳе ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқҳову кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як луғати кӯтоҳи муҳовараии русӣ-тоҷикӣ низ ҷой шудааст.
Дарси одоб барои сарбозони рус
Бори аввал мақомоти Русия дар моҳи июли соли равон хабар доданд, ки ба низомиҳои Русия дар Тоҷикистон луғати кисагии калимаҳову ибораҳои муаддабонаро тақсим мекунанд. Ҳадаф аз ин “ташаккул ва тақвияти образи “одамакҳои боодоб”, ки баъди тасарруфи Қрим пайдо шуд, гуфта мешавад.
“Низомиҳои Русияро дар Тоҷикистон рафтори хуб меомӯзонанд”, “Ба низомиҳои Русия дар Тоҷикистон луғати калимаҳои хуб тақсим мекунанд”, “Дар Тоҷикистон низомиҳои руси боодоб пайдо хоҳанд шуд”... Таҳти чунин номҳои расонаҳои Русия аз луғати гуфтугӯии нави русӣ ба тоҷикие хабар доданд, ки барои омӯзиш байни афсарону аскарони пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон тақсим кардаанд.
Хабаргузории русии РИА “Новости” навишта буд, ки ин луғати гуфтугӯӣ ба низомиҳои рус тарҳи боэҳтирому муаддабонаи муносибат ба марду зан, пиру кӯдак ва ҳам тарзи изҳори сипос бо забони тоҷикиро ёд медиҳад. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки вақте шумо мехоҳед ба касе дасти кумакатонро дароз кунед, бояд ба ӯ гуфт ки: “Ман ёрӣ мерасонам.”
Намояндаи расмии ҳавзаи низомии марказии артиши Русия сарҳанг Ярослав Рошупкин ба РИА “Новости” гуфтааст, луғати гуфтугӯии русӣ-тоҷикии калимаҳову ибораҳои муаддабона ва ёддошт (памятка) дар бораи тарзи рафтору одоби хуб дар кишварҳои Шарқ ба ҳамаи низомиҳои пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дода хоҳад шуд.
Дар ин луғати гуфтугӯӣ аз ҷумла тарзи муаддабонаи муроҷиат алоҳида ба мард, зан, пир, кӯдак, сокини шаҳру сокини русто ва ҳамчунин тарзи изҳори сипосу орзу саломатӣ оварда шудааст.
Дар ин китобчаи хурди кисагӣ, ба навиштаи РИА “Новости”, аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷуръаи нахустин чойро дар Шарқ ҳамеша соҳиби хона бояд бинӯшад. Баъди ин шумо метавонед дасти чапро рӯи сина гузошта, бо дасти рост пиёлаи ба сӯятон дарозкардаро бигиред. Пораи нонеро ки пешниҳодатон мекунанд, рад накунед. Ҳеҷ гоҳ нон ё пораи онро рӯ ба поён намонед.”
"Одамакҳои боодоб" аз куҷо меоянд?
Пойгоҳи 201-уми артиши Русия бо беш аз 6000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди Русия ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, ҳам Маскав ва ҳам Душанбе ҳузури пойгоҳи Русияро як кафили муҳими суботу амнияти Тоҷикистон, ки бо Афғонистони ноором 1370 километр марзи мустақим доранд, медонанд.
Тоҷикистон дар соли 2012 бо имзои як қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, бар хилофи сару садоҳои мавҷуда дар ниҳоят аз Русия барои воҳидҳои низомиаш ҳатто пули иҷора нахост.
Расонаҳои русӣ менависанд, ки дар пойгоҳи 201-уми артиши Русия бо дарназардошти вижагиҳои миллии Тоҷикистон соли фарҳанги баланди низомӣ ва риояи тарзи либоспӯширо доир мекунанд, ки бояд дар зеҳни низомиҳои ҳавзаи низомии марказии артиши Русия образи "одамакҳои боодоб" ("вежливые человечки" ё вежливые люди")-ро талқин карда ва ин образро ташккул ва тақвият диҳад.
Маскав зоҳиран мехоҳад аз ин образи "одамакҳои боодоб" як имиҷи аскари русро бисозад. Бори аввал ин ибора дар моҳи март, дар рӯзҳои тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина пайдо шуд. Баъди онки дар Киев ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Януковичро суқут доданд ва умури Украина ба дасти сиёсатмадорони рӯ ба Ғарб гузашт, дар саросари Қрим афроди силоҳбадасте пайдо шуданд, ки дар як фосилаи кӯтоҳ назорати биноҳои пойгоҳҳои муҳим, бо шумули биноҳои ҳукумату порлумон ва фурудгоҳҳои асосии нимҷазираро зери назорат гирифтанд.
Матбуоти Русия дар он рӯзҳо тавсиф мекард, ки ин силоҳбадастон бо рафтори фавқулодда “боодобона”-и худ фарқ мекунанд. Танҳо моҳе баъд, вақте Русия Қримро пурра ба қаламраваш ҳамроҳ кард, раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин билохира эътироф кард, ки ин “одамакҳои муаддаб” дар Қрим дар воқеъ нирӯҳои Русия буданд.
Баъди тасарруфи Қрим ибораи "одамакҳои боодоб" ба як бренди ҳатто тиҷорӣ табдил ёфт. Танҳо бо ин фарқ ки “одамакҳои муаддаб”-еро ки Путин мегуфт, ба “одамони муаддаб” иваз кардаанд. Ва бино ба гузоришҳо, ҳоло дар Русия фурӯши футболкаҳову кӯлоҳҳо ва гарданбанду молҳои дигар бо навиштаҷоти марбут ба "одамакҳои боодоб" хеле ривоҷ ёфтааст.
Дар матбуоти Ғарб “одамакҳои боодоб”-и силоҳбадаст аз Русияро як василаи ба истилоҳ “замонавӣ”-и пропагандистие меноманд, ки аз он ба хотири густариши нуфузи Маскав дар паҳнои пасошӯравӣ истифода мешавад. Ҳатто шӯхие пайдо шуд, ки аз ин ба баъд ҷилави ҳар ҳокими гапнодаро ё саркаш дар ин паҳноро “одамакҳои муаддаб” зуд хоҳанд кашид.
Баъди тасарруфи Қрим зиёд ҳадс зада мешуд, ки ин “одамакҳои боодоб” оё акнун дар кадом гӯшаи Шӯравии собиқ зуҳур хоҳанд кард. Аз ҷумла эҳтимоли дар Приднестровйе ва ҳатто дар ин ё он гӯшаи Осиёи Марказӣ дастбакор шудани ин “одамакҳо” эҳтимол зада мешуд. Нашрияи “Московскiя Въдомости” дар моҳи июл хабараш дар бораи тақсим кардани луғати гуфтугӯии калимаҳову ибораҳои муаддабонаи русӣ-тоҷикӣ ба низомиёни пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро маънидорона “В Таджикистане появятся вежливые российские военные” (“Дар Тоҷикистон низомиҳои руси боодоб пайдо хоҳанд шуд”) сарлавҳа монда буд.