Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 АКС: Пойгоҳи 201-уми Русия аз модари Раҳимҷон узр хостааст


Илдар Сахапов ва Федор Басимов
Илдар Сахапов ва Федор Басимов

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев мегӯянд, намояндагони пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон аз хонаводаи ин ронандаи такси, ки дар қатли ӯ ду сарбози пойгоҳи Русияро гунаҳкор мекунанд, аз модари Раҳимҷон расман узр хостаанд.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев, ронандаи таксие, ки бо гумони даст доштан дар қатли ӯ ду сарбози пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро боздошт кардаанд, мегӯянд, рӯзи шанбеи 20 сентябр 4 нафар ба намояндагӣ аз фармондеҳии пойгоҳи 201-уми Русия ба манзили модари Раҳимҷон омада, ба таври ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ барои марги фарзандаш узр хостаанд.

Ҳикоят Тешабоева, модари Раҳимҷон рӯзи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳайат ваъда додааст, ки тафтиши парвандаи қатли Раҳимҷон одилона сурат хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, Игор Шербаков - намояндаи расмии дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201-ум низ ба ҳамин ҳавза марбут мешавад, рӯзи 2 сентябр ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки фармондеҳии пойгоҳи 201 аз модари мақтул аёдат ва ба ӯ дар роибта ба марги фоиҷавии фарзандаш изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар шарҳи ин намояндаи артиши Русия чизе дар бораи узрхоҳии мақомоти пойгоҳ гуфта нашудааст.

Бино ба хабари дигари марбут ба ин қазия, вакили мудофеи Раҳимҷон Тешабоев, ронандаи таксие, ки дар қатлаш ду сарбози пойгоҳи 201-уми Русияро айбдор мекунанд, гуфтааст, мухолифи барои анҷоми ташхиси равонӣ ба Маскав бурдани он ду сарбоз аст. Нигора Ҳаитова, вакили хонаводаи Тешабоевҳо дар як аризаи расмӣ аз гурӯҳи тафтишотии парванда хостааст, ки гумонбарони асосӣ дар қатли Раҳимҷон Тешабоев барои ташхиси равонӣ ба Маскав бурда нашаванд.

Ба гуфтаи наздикони Тешабоев, вакили онҳо вакилашон ин дархостро рӯзи шанбе, 20 сентябр ба сардори гурӯҳи тафтишотии парвандаи бародараш Алексей Фёдоров, капитани адлияи бахши тафтишотии додситонии Русия супурдааст. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ариза зикр шудааст, ки дар сурати ба фоидаи сарбозони гумонбар Илдар Сахапов ва Федор Басимов анҷом шудани натиҷаҳои ташхиси равонӣ дар Маскав онҳоро метавонанд ба далели бемории равонӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунад.

Ҷониби хонаводаи Тешабоевҳо ба гурӯҳи тафтишотӣ пешниҳод карданд, ки ташхиси равонӣ ё дар Тоҷикистон сурат бигирад ваё гурӯҳи ташхискунанда аз Русия ба Тоҷикистон оварда шавад. Рустамҷон Тешабоев афзуд, онҳо ҳанӯз ба ин дархост посухи расмие нагирифтаанд, вале онҳо ба ин мавқеи худ истодагарӣ хоҳанд кард ва барои бурдани сарбозҳо ба Русия розӣ нахоҳанд шуд.

Мақомоти тафтишотии парвандаи Раҳимҷон Тешабоев, ки аз тарафи Алексей Фёдоров, капитани адлияи бахши тафтишотии додситонии Русия пеш бурда мешгавад, дар ҳафтаи гузашта хабар дода буданд ҳарду гумонбар - Илдар Сахапов ва Федор Басимов - барои ташхиси равонӣ ба Маскав бурда мешаванд.

Аммо наздикони Раҳимҷон мегӯянд, ки ҳарду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия тариқи шартномавӣ хизмат мекарданд ва қабл аз он ки ба хизмат ҷалб шаванд, аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳамчун афроди солим ба хидмат ба ҷалб шудаанд. Онҳо тарс доранд, ки мабодо бо баҳонаи зарурати анҷоми ташхиси равонӣ ин ду сарбозро ба Русия “гурезонанд.”

Раҳимҷон Тешабоев
Раҳимҷон Тешабоев

Ҷасади Раҳимҷон Тешабоевро, ки дар назди мақари пойгоҳи 201-уми Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе таксӣ мезад, шаби 19 август аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Пулиси ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26 август ду сарбози пойгоҳи Русияро бо гумони даст доштан дар ин куштор дастгир кард.

Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Озодӣ гуфт, Фёдор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 000 рубл, муодили тақрибан 1500 доллар қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Илдар Сахапов машварат мепурсад, ки чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Раҳимҷон Тешабоев бо мошини “Опел-Астра”-аш асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд. Ӯ Тешабоев 36 сол ва 3 фарзанд дошт.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042 тамдид шуд.

Феълан тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони пойгоҳи 201-и Русия идома дорад,чунки мувофиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, сарбозони Русия дар Тоҷикистон аз масуният дар баробари ҷавобгарии ҷиноӣ бархӯрдоранд ва агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG