Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозҳои Русияро барои ташхис ба Маскав мебаранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар куштори ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев гумонбар мешаванд, барои ташхиси равонӣ ба Маскав бурда мешаванд.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев, як ронандаи тоҷике, ки гуфта мешавад, рӯзи 18 август аз сӯи ду ходими пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия кушта шудааст, аз қасди мақомоти тафтишотӣ барои ба хотири анҷоми ташхиси равонӣ ба Маскав бурдани ду гумонбари асосӣ дар ин куштор изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди ваъдаи мақомот, ки ҳарду гумонбарро баъди анҷоми ин ташхис ба Душанбе пас хоҳанд овард, ин имкон низ вуҷуд дорад, ки гумонбаронро мариз бароранд ва ба ин далел пас надиҳанд. Яке аз наздикони Тешабоев ба Озодӣ гуфт, онҳо метарсанд, ки мабодо бо ин баҳона гумонбаронро ба Русия «гурезонанд».

Манобеи огоҳ аз ҷараёни тафтишот дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар назар аст, бо анҷоми пурраи муоинаи ҷасади Раҳимҷон Тешабоев дар ҳафтаи оянда ҳарду сарбози муттаҳам дар қатли ин ронандаи таксиро барои ташхиси равонӣ ба Маскав баранд. Ба гуфтаи ин манобеъ, феълан дар Тоҷикистон имкони анҷоми ташхиси равоние, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ бошад, вуҷуд надоштааст.

Муфатиши парвандаи куштори Раҳимҷон Тешабоев - Алексей Фёдоров, капитани адлияи бахши тафтишотии додситонии Русия ба наздикони Тешабоев гуфтааст, ҷараёни тафтишот нишон медиҳад, ки ҳарду гумонбар - Илдар Сахапов ва Федор Басимов - бояд ҳатман аз ташхиси равонӣ гузаранд, зеро шеваи куштори Раҳимҷон махсусан бераҳмона буда, инсони солиму солимақл, ба гуфтаи ин муфаттиш, ба чунин амал даст намезанад.

Аммо наздикони Раҳимҷон мегӯянд, ки ҳарду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия тариқи шартномавӣ хизмат мекарданд ва қабл аз он ки ба хизмат ҷалб шаванд, аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳамчун афроди солим ба хидмат ба ҷалб шгудаанд.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев шоми 17 сентиябр ба муфатиши парвандаи куштори ӯ Алексей Фёдоров вакили мудофеъи худ Нигора Ҳаитоваро муаррифӣ кардаанд, ки минбаъд аз манфиати онҳо пуштибонии ҳуқуқӣ хоҳад кард.

Тавре наздикони Раҳимҷон Тешабоев зикр кардан дар бозпурсии дируз ҳудуди 10 сарбози пойгоҳи Русия низ даъват шуда буданд, ки Раҳимҷонро мешинохтанд ва аз онҳо дар мавриди парванда суолу ҷавоб сурат гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, ҳайати тафтишоти омодагӣ дида истодааст,ки Илдар Сахапов ва Федор Басимов, сарбозони пойгоҳи 201 умро, ки дар куштори, ба таъбири тафтишот, «махсусан бераҳмона»-и Раҳимҷон Тешабоев - сокини шаҳри Душанбе гумонбар мешаванд, барои анҷоми ташхиси вазъи равонӣ ба Русия фиристад.

Ҷасади Тешабоевро, ки дар назди мақари пойгоҳи 201-уми Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе таксӣ мезад, шаби 19 август аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Пулиси ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26 август ду сарбози пойгоҳи Русияро бо гумони даст доштан дар ин куштор дастгир кард.

Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Озодӣ гуфт, Фёдор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 000 рубл, муодили тақрибан 1500 доллар қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Илдар Сахапов машварат мепурсад, ки чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Раҳимҷон Тешабоев такси меронд ва асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд. Манобеи Озодӣ ба дунболи кашфи ҷасади ин ронанда хабар доданд, ки аз дохили сабукрави тамғаи “Опел-Астра”-и Раҳимҷон Тешабоев чанд шиносномаи шаҳрвандони Русия ёфт шуда буд.

Раҳимҷон Тешабоев 36 сол дошт ва аз ӯ 3 фарзанд боқӣ мондааст.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042 тамдид шуд.

Феълан тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони пойгоҳи 201-и Русия идома дорад,чунки мувофиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, сарбозони Русия дар Тоҷикистон аз масуният дар баробари ҷавобгарии ҷиноӣ бархӯрдоранд ва агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG