Муҳоҷирони тоҷикро, ки дар Русия солҳои дароз аст, заҳмат мекашанд, яке аз муҳаррикони асосии иқтисоди Тоҷикистон медонанд. Онҳо солҳои охир ба ободгарони диёру зодгоҳҳояшон табдил шудаанд.
Чанде пеш дар деҳаи Ҷаврези ноҳияи Восеъ як бунгоҳи тиббиро ба истифода доданд, ки бо пули мардум, асосан кумаки муҳоҷирон, сохта шудааст. Қаблан сокинон маҷбур буданд, барои дармон ба шифохонаи деҳаҳои дигар бираванд.
Дар аввал ҳар оила 150 сомонӣ ҷамъ овард, то бунгоҳи тиббӣ сохта шавад, аммо маблағ нарасид. Сафар Ҷиёнқобилов, яке аз сокинони деҳа, ба Русия рафта, ҷавонони зодгоҳашро ҷамъ овард ва аз онҳо дар сохтмони бунгоҳ ёрии молӣ хост.
“Ба Маскав рафтам ва чанд шаҳри дигар. Бо бачаҳо гап задам. Пул ҷамъ шуд. Омада, сохтмони бунгоҳро ба поён расонда, ба истифода додем,” – нақл кард ӯ.
Акнун сокинони деҳаи Ҷаврез барои гирифтани машварат ё дармони дарди худ ба назди пизишкон ба деҳаҳои ҳамсоя намераванд. Онҳо дар ҳалли душвории худ аз муҳоҷирон сипосгузоранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Муҳоҷирони корӣ аз деҳаи Ҷаврез дар сохтмони роҳу пулу мактаб низ саҳм мегузоранд.
Бобо Урозов то соли 2011 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта меомад. Ҳоло фарзандонаш ҷойи ӯро гирифтаанд. Ӯ аз бозсозии пуле ёд овард, ки барои сокинони деҳа муҳим буд ва танҳо бо ёрии муҳоҷирон ҳал шуд: “Ду пул дар ҳолати садама буд. Агар шаб меомадӣ, ҳатман дар даруни канали об меафтодӣ. Бачаҳо маслиҳат карда, ҳамин купрӯкро таъмир карданд. Ин ҳам саҳми бачаҳоест, ки дар муҳоҷират қарор доранд.”
Сокинони Ҷаврези ноҳияи Восеъ ният доранд, бо пуштибонии молии муҳоҷирон роҳи асосии деҳаро мумфарш кунанд. Муҳоҷирон аллакай қисме аз пулро ҷамъ оварда, ба ҳамдеҳаи худ Меҳроҷиддин Нуронов супурдаанд.
Меҳроҷиддин 32 сол дорад ва аз 19-солагӣ ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт, аммо соли 2022 аз ин кишвар ронда шуд. Ӯ гуфт: "Аз ин пеш деҳаи мо як дастгоҳи тақсими барқ дошт. Зимистон мешуд, мепартофт. Як хона нерӯи барқ дошту хонаи дигар не. Маслиҳат карда, як дастгоҳи нав гузоштем.”
Пули харидану насби трансформатор 80 ҳазор сомониро ташкил додааст. Охирин ташаббуси муҳоҷирон бунёди даромадгоҳи деҳа буд, ки бо 60 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт.
Дар деҳаи Ҷаврези ноҳияи Всоеъ 583 оила (4261 нафар) зиндагӣ мекунад. Аз ҳар хонавода то ду-се нафар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд. Мақомоти ноҳияи Восеъ саҳми муҳоҷиронро дар ободии деҳа муҳим арзёбӣ мекунанд.
Аммо танҳо Ҷаврези ноҳияи Восеъ нест, ки дар сохтмони роҳу пулу мактабу масҷиду беморхона ба кумак ва пули муҳоҷирон такя мекунад. Ин вазъ дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, роҳҳои аксар деҳаҳоро дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо мадади соҳибкорон ва муҳоҷирон мумфарш кардаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр дар паёми солонааш ба парлумон эътироф кард, ки “аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номус” дар се сол барои ободониву бунёдкорӣ беш аз 20 миллиард сомонӣ, муодили ду миллиард доллар харҷ шудааст. Вале ӯ дар ин қатор аз муҳоҷирон ва саҳми онҳо мустақим ёд наовард.