Пас аз “ҷанги таҳримҳо” миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо ва худдории Русия аз хариди ғизои аврупоӣ нархи хӯрокворӣ дар Русия боло рафтааст. Ҳарчанд мақомдорони Русия гароншавии нархи маҳсулоти хӯроквориро нодида мегиранд, матбуоти мустақили ин кишвар аз таъсири он ба бозори ғизо гузориш медиҳад.
Бино бар арқоми “Росстат”- идораи омори Русия, дар моҳи август беш аз ҳама нархи гӯшти гов - то 15 дарсад боло рафтааст. Аммо нашрияи “Коммерсант” чопи Маскав менависад, афзоиши нархи гӯшт дар минтақаҳои Русия ба маротиб бештар аст. Бино бар ин манбаъ, аз ҷумла нархи гӯшти мурғ дар вилояти Сахалини Русия то 60 дарсад боло рафтааст.
Дар қаламрави Русия беш аз як миллион нафар муҳоҷири кории Тоҷикистон ҳам ба сар мебаранд, ки ба иллати даромади кам доштанашон гароншавии ғизо нахуст ба ҷайби онҳо зарба мезанад.
Алишер Тӯйчибоев, як муҳоҷири тоҷик, ки дар вилояти Тюмени Русия кор мекунад, мегӯяд, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ тайи моҳи охир дар ин минтақа ба қадри қобили мулоҳиза гарон шудааст: “Масалан, нархи нон, ки пештар 18 рубл буд, ҳоло ба 25-26 рубл расидааст. Нархи равғану гӯшти мурғ ҳам гарон шуд. Нон, ки қимат шуд, дигар худатон қазоват кунед, ки нархи дигар маҳсулот чӣ гуна боло рафт.»
Алишер мегӯяд, вай дар муҳоҷират кӯшиш мекунад, ки дар хариди хӯрокворӣ сарфаҷӯӣ кунад ва бештар пул захира карда, ба наздиконаш дар Тоҷикистон фиристад. Аммо, афзуд Алишер, бо гарон шудани нархи ғизо ин кор ба сахтӣ ба ӯ даст медиҳад. Чунки ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, агар вай қаблан барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ 4-5 ҳазор рубл сарф мекард, ҳоло бо гарон шудани нархҳо то 8 ҳазор рублаш танҳо барои харидани маводи ғизоӣ харҷ мешавад.
Аммо ин танҳо ягона таъсири манфии довталабона аз воридоти хӯроквории Аврупо даст кашидани Русия нест. Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар анборҳои мева машғули боркашонӣ буданд, ҷойи корашонро аз даст доданд.
Назар Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт- Петербург мегӯяд, аксари мева ва маҳсулоти дигари ғизоӣ маҳз тавассути бандарҳои ин шаҳр вориди Русия мешавад. Ба гуфтаи ӯ, садҳо муҳоҷири тоҷик дар ин бандарҳо ва анборҳо машғули мевакашониянд. Вай мегӯяд: «Меваҳо аз Полша ва панирҳо аз Финландия тавассути бандарҳои Санкт-Петербург меоянд. Аммо ҳоло Русия вориди маҳсулотро аз ин кишварҳо қатъ кард. Бархе аз муҳоҷирони кории мо дар ширкатҳое фаъолият мекарданд, ки аз Аврупо мол ворид мекарданд. Онҳо бекор монданд. Чунки воридоти мол аз ин кишварҳо манъ шуд.» Аммо бо ин вуҷуд ҷаноби Мирзода мегӯяд, нархи ғизо дар шаҳрҳои бузурге, мисли Санкт-Петербург ба қадри қобили мулоҳиза гарон нашудааст.
Мақомдорони Русия манъи воридоти хӯроквориро аз кишварҳои Аврупо шонсе барои рушди саноати маҳсулоти хурокворӣ ва рушди кишоварзӣ унвон мекунанд, аммо гароншавии маводи ғизоӣ шаҳрвандони Русияро нигарон кардааст. Агар дар оғози бӯҳрони Украина ва ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба Русия аксарияти шаҳрвандон ин иқдоми президент Путинро дастгирӣ мекарданд, ҳоло бино бар арзёбии марказҳои назарсанҷӣ бо гарон шудани маводи ғизоӣ оқибатҳои таҳримро шаҳрвандон “дар пӯсти худ” эҳсос карданд ва миқдори нафароне, ки амалкарди давлатро дар қиболи Украина дастгирӣ мекунанд, коҳиш ёфтааст.
Путинро матбуоти мустақили Русия “президенти холаи Валя” унвон карда буд, зеро ҳақи бознишастагӣ дар замони сарварии Путин боло рафт. Акнун баъд аз иқдомоти ахири Путин дар қиболи Украина ва эъмоли таҳримҳо аз сӯи кишварҳои Аврупо нархи хӯроки асосии “холаи Валя” боло рафтааст ва гумон аст, ки ӯ мисли пешин ҳаводори бечунучарои Путин боқӣ бимонад.