Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Продюсери Ксения Собчак: “Бомжи тоҷикон” танҳо як шӯхӣ буд


Табриз Шаҳидӣ – продюсери Ксения Собчак ва писари оҳангсози шинохтаи Тоҷикистон Толиб Шаҳидӣ – мегӯяд, дар ҳарфи охири Ксения Собчак дар мавриди “бомжи тоҷик” таҳқире ҷой надошт ва тоҷикон набояд аз ин нороҳат шаванд. Табриз Шаҳидӣ дар як мукотиба бо Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми сентябр гуфт, Собчак бо ин ҳарфаш ҳеҷ манзур надошт. “Зеро бомжҳо дар ҳар куҷое ҳастанд, чӣ дар Узбакистон, Тоҷикистон, Молдова ва ё Украина”, - афзуд ӯ.

  • Калимаи “бомж” (шахсе бидуни ҷойи зисти мушаххас) дар Тоҷикистон мавриди истифодаи умум қарор дорад.
Рафтору кирдори мо бояд тарзе бошад, ки бегонагон барои нукта гирифтану маззамати миллати мо ягон далел пайдо накунанд

Ксения Собчак, ровии телевизиони “Дожд” ва яке аз чеҳраи хабарсоз дар сиёсат ва шоу-бизнеси Русия, рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми супурдани ҷоизаи “Шахсияти сол” дар толори “Барвиха Luxury Village” дар оғози ин маърака, замоне ки бо ровии дигар Иван Ургант суханпароканӣ мекард, ба ӯ гуфт, “афтат ба мисли бомж аз Тоҷикистон аст”.

Ксения Собчак
Ксения Собчак

Ин қофиясозии Собчак корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистонро, ки маъмулан ба ин гуна муқоисаҳо ҳассосият доранд, шадидан нороҳат кард. Баъзе аз корбарони тоҷики шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо изҳори норизоиятии шадид аз гуфтаҳои Собчак талаб карданд, ки ӯ аз мардуми Тоҷикистон тариқи телевизион узр пурсад.

Худи Ксения Собчак дар айни замон ҳозир нашуд ин мавзӯъро шарҳ диҳад.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди маъруфи тоҷик аз театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, “нисбат ба ин гуна бадгӯҳо мо баръакс бояд мардуми соҳиби тамаддуни боло буданамонро собит кунем. Дар даврони Шӯравӣ дар миёни мардуми дигар мо бообрӯ будем. Ман худ шоҳидам, ки пас аз як давраи таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳи ҳунари театрӣ дар Маскав ректори он гуфт, аз ҳама мардуми бомаҳорат ва бо таърихи қадим дар Осиёи Миёна тоҷикон ҳастанд. Набояд фаромӯш кард, ки кинаву адовати душманони миллати мо асрҳо идома дорад ва ҳанӯз кам нашудааст. Инро ҳамеша бояд дар назар дошт, ки ҳамаи ин маъракаҳои сиёҳкунии миллати тоҷик барномарезӣ шудаанд.”

Ортиқи Қодир
Ортиқи Қодир

Ортиқи Қодир афзуд, аз сӯи дигар муҳоҷирон ва ҳар тоҷики дигар дар хориҷ набояд барои паст задану масхара шудани миллати тоҷик далел бидиҳад. “Рафтору кирдори мо бояд тарзе бошад, ки бегонагон барои нукта гирифтану маззамати миллати мо ягон далел пайдо накунанд”, - иброз дошт ин ҳунарманд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз замоне ба ин гуна муқоисаҳо ҳассосият пайдо карданд, ки телевизиони ТНТ-и Русия тарҳи умдаеро бо номи “Наша Раша” ба роҳ монд. Қаҳрамони асосии ин барнома ду муҳоҷири соддаи хандаовар зоҳиран аз Тоҷикистон буданд.

Ин норозигӣ ба долонҳои баланди ҳукуматӣ кашида шуд ва билохира ТНТ барномаи “Равшану Ҷамшед”-ро лағв кард. Бисёре аз тоҷикон суол мегузоранд, чаро дар ҳоле ки миллионҳо муҳоҷири корӣ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва давлатҳои дигари собиқи Шӯравӣ дар Русия кор мекунанд, аммо санги пастзаниву маломат ҳамеша бар сари тоҷикон мехӯрад?

Манбаъҳои ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, мақомот дар мулоқот ин мавзӯъро матраҳ мекунанд ва бештар аз матбуоти Русия норозианд, ки дар ҳар хабари марбут ба муҳоҷирон ангушти ишораро ба самти тоҷикон баланд мекунанд. Бояд зикр кард, ки солҳои охир таҳқири муҳоҷирон ё шаҳрвандони Тоҷикистон дар матбуоти Русия ба маротиб кам шудааст, аммо баёнҳои берӯёнае мисли ҳарфҳои охири Ксения Собчак захмҳои солҳои пеши онро дубора урён мекунад.

XS
SM
MD
LG