Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи қонуни нав дар Тоҷикистон. Мушкилӣ аз байн меравад?


Душанбе, 14-уми майи 2024
Душанбе, 14-уми майи 2024

Вакилони порлумон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон рӯзи 14-уми май тарҳи қонунро "Дар бораи воситаҳои ахбори омма" баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ин қонуни комиле хоҳад буд, ки бар пояи таҷрибаҳои пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байнулмилалӣ кори расонаҳоро дар кишвар танзим хоҳад кард.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили порлумон, гуфт, зарурат пеш омад, то ду қонуни расонаҳо дар як санад ба ҳам оварда шавад: “Дар ибтидо таҷрибаи кишварҳои гуногуни минтақа омӯхта шуданд ва бо таҳлилу хулосаҳои коршиносони сатҳи байнулмилалӣ низ ошно гардидем.”

Монеаҳои сабти номи расонаҳо мондааст?

Порлумон бо як кардани қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои дигари ахбори омма” ва “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ҳамчунин иловаҳои дигаре низ ба ин тарҳ афзудааст. Баъзе аз намояндагони созмонҳои рӯзноманигорӣ гуфтанд, тарҳи нав монеаҳои зиёди сабти номи расонаҳоро бартараф накардааст.

Нуриддин Царшибоев
Нуриддин Царшибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт: "Агар хоҳем ин қонун муосир бошад, пеш аз ҳама, сабтином тариқи огоҳ кардани мақомоти давлатӣ кофист. Яъне, агар мехоҳед воситаи ахбори омма таъсис диҳед, асноди худро омода кунед ва мақомоти ваколатдорро огоҳ кунед, ки мо аз фалон рӯз ё фалон сол ба кор сар мекунем. Дар кишварҳои мутамаддин ҳамин огоҳ кардан кофист, ки шумо кори расонаро оғоз кунед.”

Тарҳи нави қонун барои сабти номи расона маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро пешбинӣ намекунад. Пештар ҳам ин маълумотнома қонунӣ набуд, аммо мақомоти сабткунанда онро талаб мекарданд.

“Дар тартиби баҳисобгирӣ сабукиҳо илова шудааст. Одатан таҷриба нишон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои зиёди иҷборие талаб карда мешаванд аз васоити ахбори омма. Дар қонун дақиқан нишон дода шудааст, ба ҷуз ин рӯйхати ҳуҷҷатҳо касе ҳақ надорад аз шумо санади дигар талаб кунад”, - мегӯяд Шаҳло Акобирова, мудири созмони “Хома”.

Қонуне барои рушди бозори расонаҳо

Ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба лоиҳа меъёрҳои гуногунеро дар бахши озодии баён, ҳуқуқи инсон, масъалаи мудирияти расонаҳо ва мавридҳои баҳсбарангези зиёде пешниҳод кардаанд. Ба назари Шаҳло Акобирова, бояд ин қонуне бошад, ки барои рушди бозори расонаҳо ёрӣ расонад.

Шаҳло Акобирова
Шаҳло Акобирова

“Дар масъалаи табъиз бисёр нуктаҳои муҳим дар он ҷо зикр шудааст. Дар масъалаи ҳуқуқи кӯдак бисёр бандҳои алоҳида аст. Масъалаи таснифбандии син ҳаст, масъалаи ҳимояи одамони имконоташон маҳдуд ҳаст, масъалаи ҳатман ҷорӣ кардани тарҷумони сурдологӣ (забони имову ишора) дар барномаҳои хабарӣ ҳаст, масъалаи аҳамияти бештар додан дар нашри иттилоъ ба забони камшуморони миллӣ ва чизҳои зиёди дигар дар назар дошта шудааст,” – афзуд ӯ.

Дар баррасии лоиҳаи қонун нигарониҳое аз сӯйи ҷомеаи рӯзноманигорӣ садо дод, ки ҳамеша пешниҳодҳои онҳо баъдан аз сӯйи порлумон пазируфта намешаванд. Аммо масъулони порлумон гуфтанд, назари ҷомеа ин бор ҷиддан ба эътибор гирифта хоҳад шуд.

“Итминон дорем, ҳар пешниҳоде, ки бар манфиати ҷомеа аст, бар манфиати давлат аст ва амнияти ҷомеаву давлатро ҳифз мекунад ба қонун ворид карда мешавад," -- гуфт Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи корҳои байнулмилалии порлумон.

Саодатшо Матробиён
Саодатшо Матробиён

Тоҷикистон барои қонунҳои сахтгиронааш дар бахши расонаҳо аз сӯйи созмонҳои байнулмилалӣ танқид мешавад. Дар интиқодҳо гуфта мешавад, ки бо баҳонаҳои гуногун озодии баён маҳдуд ва фаъоляти расонаҳову рӯзноманигорон саркӯб мешавад.

Тоҷикистон дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён, ки онро Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) рӯзи севуми май нашр кард, ду зина поин рафт ва дар мақоми 155-ум ҷой, дар шумори кишварҳои саркӯбгар қарор гирифт.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, моҳи декабри соли 1990 зери фишори ҷунбишҳои шаҳрвандии Тоҷикистон пазируфта шуд. Сипас дар соли 1997 қонуни танзимкунанди телевизиону радио ба тасвиб расид, ки баъдҳо ба ин ду қонун борҳо тағйиру илова ворид шуд. Акнун бо қабули ин қонуни нав дар 9 боб ва 60 модда қонунҳои мазкур беэътибор эълон мешаванд.

XS
SM
MD
LG