Ғафурзода 12 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарияти донишгоҳ ду сол аст, тариқи додгоҳ талош дорад, ӯву хонаводаашро аз хобгоҳ берун кунад.
“Ду сол мешавад, ки муаллима (ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода) тариқи додгоҳ маро таҳти фишор қарор медиҳад. Оилаам низ таҳти фишор аст. Ҳозир ба ман муҳлат додаанд, ки то як ё якуним ҳафтаи дигар ҳуҷраро холӣ кунам,”-изҳор дошт ӯ.
Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тоҷикистон, ки хобгоҳ ба он тааллуқ дорад, рӯзи 12-уми декабр касе ҳозир нашуд дар ин бора бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кунад.
Дар огаҳиномаи Хадамоти иҷрои ноҳияи Сино ба Ғафурзода, ки нусхаи онро Радиои Озодӣ дастрас кард, чунин гуфта шудааст: “Дар истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамоти иҷро ҳалномаи суди ноҳияи Сино аз 26 октябри соли 2023 бо даъвои Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи кӯчонидани Мавзунҷон Ғафурзода ва Саидабону Исрофилзода” аз манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Маяковсикй, бе додани манзили дигар мавриди иҷроиши маҷбурӣ қарор дорад.”
Мавзун Ғафурзода дар хобгоҳи донишгоҳе зиндагӣ дорад, ки корманд ё донишҷӯйи он нест. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, 12 сол пеш дар пайи муроҷиаташ ба дастгоҳи раёсатҷумҳури Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги кишвар ӯро дар ҳамин хобгоҳ ҷой додаанд.
“Мо ва ректорҳое, ки сари вазифа буданд, ҳамдигарфаҳмӣ доштем. Ман дар тамоми чорабиниҳои донишгоҳ ё хобгоҳ, дар тамоми ҷашну маросим ҳамчун санъаткор хидмат мекардам ё ҳунармандонро меовардам,”- афзуд Ғафурзода.
Дар Вазорати фарҳанг рӯзи 12-уми декабр гуфтанд, соли равон барои Мавзун Ғафурзода дар яке аз хобгоҳҳои худ, ки воқеъ дар маҳаллаи 33-уми пойтахт ҳуҷра ҷудо карда буданд. Аммо ба гуфтаи Ғафурзода, манзиле, ки вазорат барояш ҷудо кард, хурд буд ва бинобар ин, онро қабул накард.
“Ман, ки ки санъаткор ҳастам, асбобҳои мусиқӣ дорам ва ё бо ҳамин қадар бору буғча дар як хонаи се ба се ва он ҳам ҳаммому ҳоҷатхона надорад, то куҷо имкон дорад, ки рафта, дар онҷо зиндагӣ кунам,”- мегӯяд ӯ.
Ғафурзода ҳоло мехоҳад, ба ӯ имкон диҳанд, ки то тобистон дар хобгоҳ бимонад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди гирифтани нафақаи маъюбӣ ва дар ду ҷой кор кардан имкони зиндагӣ дар хонаи иҷораро надорад.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Далер Қурбонов, моддаи 39-и Конститутсияи Тоҷикистон кафолати иҷтимоии шахсони дорои маъюбиро пешбинӣ кардааст ва аз ин рӯ, ҳангоми қабули қарорҳо бояд манфиатҳои онҳо ба инобат гирифта шаванд.
“Дар бисёре, аз кишварҳо, аз ҷумла Аврупо кӯчонидан дар фасли зимистон манъ аст. Ҳарчанд дар қонунгузории Тоҷикистон чунин муқаррарот вуҷуд надорад, вале принсипҳои инсондӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бояд риоя шаванд,”- изҳор дошт Далер Қурбонов 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Аз сӯи дигар, ҷомеашинос Беҳрӯ Насурова 12-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қишре, ки дорои имкониятҳои маҳдуд мебошад, ҳамеша ба дастгирӣ ниёз дорад. Чун ба гуфтаи Насурова, ниёзҳои ин қишр нисбат ба одамони солим бештар аст.
“Чунин гурӯҳи одамон бештар ҳасос ҳастанд. Бо инҳо муносибатро дурусттар кардан даркор аст. Бо ин гуруҳ меҳрубонтар будан даркор аст, то онҳо худро дар ҷомеа шахси нодаркор ҳисоб накунанд,” - илова кард Насурова.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон наздик ба 160 ҳазор маъюб ё шахсони имконияташон маҳдуд сабт шудааст. Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмени Тоҷикистон соли гузашта дар гузорише гуфта буд, ки маъюбон дар кишвар бо монеа ва душвориҳои зиёд рӯбарӯянд.
Гуфтугӯ