Писари як вакили ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пас аз таънаву маломати ҳамдеҳагон ба падараш ихтиёран ба артиш рафтааст.
Ӯ гуфтааст, ҳамдеҳагон пайваста мегуфтанд, ки падараш писарҳои дигаронро ба артиш мефиристаду писари худаш дар донишгоҳ мехонад. Аз ин рӯ, Набиҷон Самадов, донишҷӯи соли дуюми факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гуфтааст, ба хидмат меравад, то падарашро аз хиҷолат раҳо кунад.
Лоиқ Маҳмадиев, комиссари ҳарбии минтақаи Кӯлоб рӯзи 9 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам Набиҷон Самадов рӯзи шанбе, 8-уми апрел ба комиссариати ҳарбӣ омад ва ариза навишта гуфт, ки мехоҳад, дар артиш хидмат кунад.
Мардум гуфтаанд, ки писари худат намеравад, аз ҳамин рӯ ба нанг омадам ба хизмат меравам. Худаш рафта аз донишгоҳ ҳуҷҷат овард, ки маро баред.
Ҷаноби Маҳмадиев гуфт, ки баъди пурсуҷӯ маълум шуд, ки Набиҷон донишҷӯ аст ва онҳо ҳаққи ба хизмат ҷалб кардани ӯро надоранд. Ӯ мегӯяд, Набиҷон пофишорӣ карда, гуфтааст, падарашро аз таънаи мардум наҷот додан мехоҳад ва худаш рафта аз донишгоҳ ҳуҷҷат овард, то ӯро мо ба хидмат ҷалб кунем.
“Омад худаш ба номи комиссар ариза навишт, ки хидмат кардан мехоҳад. Дар суҳбат ба мо гуфт, ки падари ман раиси деҳа аст ва чанд нафарро ба хизмат ҷалб кардааст. Мардум гуфтаанд, ки писари худат намеравад, аз ҳамин рӯ ба нанг омадам ба хизмат меравам. Худаш рафта аз донишгоҳ ҳуҷҷат овард, ки маро баред”, - гуфт мусоҳиби мо.
Кори камназири Набиҷон
Ин ҳодисаи камназир аст, ки писари раиси як маҳалла дар Кӯлоб барои аз таънаи мардум халос шудани падар ихтиёран ба хизмат меравад. Бештари сокинон ҳангоми даъвати сарбозон ба хизмат вакилони маҳалла ба он айбдор мекунанд, ки фарзандони худро неву, бачаҳои мардуми камбизоатро ба хизмат мефиристанд. Аз ин ҷост, ки дар забони мардум артиши Тоҷикистон кинояомез “артиши мардуми камбағал” ном гирифтааст.
Хонаводаи Набиҷон Самадов, мегӯянд, аз кори кардаи ӯ огоҳ набуданд, аммо бегоҳ хабар расид, ки фарзандашон донишгоҳро тарк карда ба сафи артиш пайвастааст. Гулҷаҳон Самадова, модари Набиҷон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш ихтиёран ариза додааст. Модараш мегӯяд:
“Занг зада гуфтанд, ки писарат рафта ариза навиштааст, ки ба хизмат меравад. Аввал бовар накардем, вале пурсон шудем, ки кайҳо рафта корро аз мо паноҳӣ карда, ба хизмат рафтааст. Хайр хизмат карда ояд, боз дарсашро идома медиҳад” - гуфт модар.
Баҳодур Самадов, падари Набиҷон Самадов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз кори писараш ифтихор мекунад, чун обрӯяшро дар миёни мардум баланд бардошт. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд нақша дошт, ки баъди хатми донишгоҳ писарашро ба артиш бифристад, вале ӯ пешдастӣ кард. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ҳама ба ӯ ва фарзандаш раҳмат мегӯянд.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб ва комиссариати ҳарбӣ ба падару модари Набиҷон раҳматнома фиристоданд, ки “фарзанди шоиста тарбия кардааст. “
Хидмати дусола дар артиши Тоҷикистон, мавзӯи баҳсбарангез аст. Муносибатҳои ғайриоинномавӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада, зӯргӯӣ аз мушкилотест, ки ҷавонони тоҷикро аз хидмат дар артиш метарсонад. Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ низ кам нест.
Аз ин рӯ ҷавонони зиёд баробари хатми мактаб талош мекунанд барои кор ба Русия бираванд. Айни замон даъвати баҳорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад.