Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фулузот ба Узбакистон зарар ба Тоҷикистон


Нишасти Комиссияи муваққати экологии Тоҷикистон.
Нишасти Комиссияи муваққати экологии Тоҷикистон.

Кумитаи экологии парлумон гуфтааст, партовҳои заҳролуди корхонаи оҳангудозии Узбакистон меъёри олудагии ҳаворо дар шимоли Тоҷикистон чанд баробар боло бурдааст.

Раиси Кумитаи аграрӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва узви Комиссияи муваққатии экологӣ Саиди Ёқубзод пешниҳод кардааст, ки зарари зистмуҳитии корхонаҳои Узбакистон мавриди омӯзиш қарор бигирад ва аз ин кишвари ҳамсоя ҷуброн талаб карда шавад.

Ҷаноби Ёқубзод дар ҷаласаи Комиссияи экологии парлумон гуфт, олудагии аз ҳама бештари ҳаво тибқи санҷишҳои мутахассисон дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҳоло сатҳи олудагии ҳаво дар ин минтақа аз меъёр ҳудудан шаш маротиб бештар будааст:

«Ин вазъият на бар асари фаъолияти корхонаҳои ин вилоят, балки фаъолияти корхонаҳои металгудозии Узбакистон дар марзи ин вилоят ба вуҷуд омадааст. Корхонаи металлургии Бекобод, Олмалиқ мебошад, ки табиати ин вилоятро олуда месозад. Бино бар ин, таклиф дорем, ки як комиссияи махсус таъсис дода шуда, зарари аз корхонаҳои кишвари ҳамсоя ба мо мерасидаро муайян карда шавад. На фақат ташхиси атмосфера, балки вазъи обу хок, ҳосилнокӣ ва ғайра.»

Ҷаноби Ёқубзод афзуд, ки ду сол қабл ҷониби Узбакистон вазъи экологии вилояти Сурхандарёро бо воситаи мутахассисони худаш арзёбӣ намуда, муайян карда, гуфта буд, ки гӯё корхонаи алюмини Тоҷикистон ба муҳити зист ва
аломатии аҳолии ин вилоят 227 миллион доллар зарар расонидааст. Ёқубзод иброз дошт, ҷониби Тоҷикистон низ бо ҷалби мутахассисони байналмилаливу дохилӣ вазъи экологии ноҳияҳои вилояти Суғдро омӯхта, муайян кунанд, ки кадом кишвар ба мардуми кишвари дигар зарари бештари экологӣ мерасонад.

Миёнаҳои соли гузашта Ҳаракати экологии Узбакистон, ки дар порлумони ин кишвар намояндагии густарда дорад, даъво карда буд, ки аз фаъолияти ширкати алюмини Тоҷикистон «Талко» солона ба мардуми Сурхандарёи Узбакистон 31,3 млн доллар зарар расонида мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Аз рӯи ҳисоби онҳо, «Талко» тайи 16 соли ахир ба Узбакистон 447,3 млн. доллар хисорот ворид кардааст. Ҳамзамон Ҷунбиши экологии Узбакистон аз «Талко» талаб карда буд, ки дар зудтарин фурсат дастгоҳҳояшро нав кунад. Қаблан маҳз дар вилояти Сурхандарё фаъолони ҳифзи муҳити зист бар зидди фаъолияти корхонаи алюминии Тоҷикистон ва зарари он ба муҳити атроф якчанд гирдиҳамоӣ низ барпо карда буданд. Ҳарчанд масъулони ширкати “Талко” ва мақомоти зидахли Тоҷикистон иддаоҳои Ҳаракати экологии Узбакистонро бепоя хонда гуфтанд, ки олудагии ҳавои худи шаҳри Турсунзода аз меъёр боло нест ва фаъолияти ширкати “Талко” ба экологияи вилояти Сурхандарё зиён намерсонад.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон зимни суханронии хеш дар ин ҷаласа гуфт, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Миёна ҳанӯз ҳам фарҳанги экологӣ ташаккул наёфтааст:

”Ба ҷои тафаккури экологӣ дар мо экологияи сиёсӣ шакл гирифта истодааст. Аниқтараш экология чун василаи сиёсӣ истифода мешавад. Бояд эътироф кунем, ки экология ҳамчун василаи фишор нисбати дигар кишварҳо истифода шуда истодааст. Дар баъзе кишварҳои ҳамсоя фраксияву ҳаракатҳои экологӣ ба парлумон роҳ ёфта истодаанд. Аммо вокунишҳои мо низ дар қиболи ин фишорҳо мутаассифона такрори амалҳои онҳо аст. Мо набояд корҳои дигаронро такрор кунем.”

Ҷаноби Кабирӣ афзуд, ки Тоҷикистон ба як сиёсати пайгиронаи экологӣ ниёз дорад. Бинобар ин, вай пешниҳод кард, ки Комиссия экологии парлумон бояд доимоамлакунанда бошад, на муваққатӣ. Чунки мақоми муваққатӣ доштани ин комиссия ишора ба он мекунад, ки ҳанӯз мо тасмим нагирифтаем, ки муносибати мо ба масъалаҳои экологӣ ҷиддӣ ва доимиянд ва ё муваққативу мавсимӣ.

Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳитӣ зисти Тоҷикистон дар суханронии хеш дар рафти ин ҷаласа изҳор дошт, ки вазъи экологии Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна беҳтар аст: “Бар сари ҳар як тоҷикистонӣ як тонна дуд рост меояд. Аммо бар сари як узбекистонӣ 4 тонна, қазоқистонӣ 16 тонна, барои туркманҳо 9 тонна, барои аврупоиҳо 22 тонна ва бар сари ҳар шаҳрванди Арабистони Саудӣ 43 тонна дуд рост меояд. Дар миёни кишварҳои минтақа аз иқтисоди Тоҷикистон дида сарсабзтар нест.“

Аммо коршиносон мегӯянд, камтар олуда будани ҳавои Тоҷикистон дар нисбати ҳамсояҳояш на ба назорати сахти экологӣ, балки ба ночиз будани фаъолиятҳои саноатиаш бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG