Лоиҳаи қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», ки фардо, чоршанбеи 12 ноябр дар таҳрири нав дар иҷлосияи навбатӣ дар парлумон баррасӣ ва ба эҳтимоли зиёд тасвиб мешавад, барои баргузории маҷлису гиридҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза медиҳад, аммо ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо маҳдудиятҳое дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Ин лоиҳа, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон ироа гардидааст, рӯзи гузашта дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасии аъзои ин шӯро қарор гирифт ва ба иҷлосияи навбатӣ пешниҳод гардид. Саттор Холов, муовини раиси кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон рӯзи 11 ноябр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» дар таҳрири нав ва бо ҳадафи танзими баргузории осоиштаи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо дар қаламрави кишвар баррасӣ ва қабул мешавад.
Ба гуфтаи ҷаноби Холов, мақсади асосии ин лоиҳаи қонун, таъмини ҳуқуқу манфиатҳо ва озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти онҳо ба ҳангоми баргузории ин гуна чорабиниҳо аст. Ба таъкиди муовини раиси кумитаи амният ва дифои парлумон, шаҳрвандон ҳаққи баргузор кардани маҷлису гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳоро доранд, аммо бояд дар чорчӯби қонун амал кунанд.
Тибқи муқаррароти ин лоиҳаи қонун, ҳукуматҳои мақомоти иҷроияи маҳалҳо, танҳо барои баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии то ҳазор нафар сокинон иҷоза медиҳанд. Аммо ба гуфтаи Саттор Холов, дар сурати бештар аз ин теъдод ва дар чанд макон баргузор кардани гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳо, салоҳияти иҷоза барои баргузории ин чорабиниро ҳукумати вилоятҳо ва шаҳрҳо доранд.
Бо ин ҳам ба таъкиди ҷаноби Холов, дар лоиҳаи қонун мушаххасан зикр шудааст, ки ташаббускорони ин чорабиниҳо бояд 15 рӯз қабл аз баргузории гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ ба ҳукумати маҳалҳо бо ариза муроҷиат кунанд ва замону макон, теъдод ва ҳадафи онро баён созанд. Ҳамзамон ба гуфтаи ҷаноби Холов, баргузоркунандагони ин ҳамоишҳо набояд аз чорчӯбаи қонун берун шаванд, бо ниқобу дигар мавод рӯи худро пӯшонанд ва пас аз баргузории гирдиҳамоӣ ё роҳпаймоиҳо макони доиршударо тозаву тамизкорӣ кунанд.
Муовини раиси кумитаи амният ва дифои парлумони Тоҷикистон гуфт, ки баргузории ҳама гуна маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ мутобиқи ин лоиҳаи қонун бо ширкати намояндагони ҳукумати маҳал, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот сурат мегирад ва дар сурати нақзи қонун аз сӯи баргузоркунандагон, онҳо ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Баррасии лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» дар таҳрири нав дар палатаи поёнии парлумон дар ҳолест, ки қаблан парлумон ба ин қонун тағйиру иловаҳоеро ворид карда буд. Ҳамин тавр 25 июни соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонун истифодаи «коктейли Молотов»-ро бо корбурди силоҳи оташфишон баробар дониста, барои ин ҷазои сахт муқаррар кард. Аммо на танҳо истифодаи «коктейли Молотов» ё омезаҳои оташангез, балки пӯшидани ниқоб дар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо манъ шуд. Ҳамчунин дар ин қонун барои истифода аз силоҳу маводи сӯзанда ё тарканда дар рафти гирдиҳамоиҳо, ҷазо пешбинӣ шудааст.
Бар пояи ин қонун, шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳаққи роҳандозии эътирозҳо ё мушорикат дар гирдиҳамоиҳоро надоранд. Саттор Холов, муовини раиси кумитаи амният ва дифои парлумони Тоҷикистон, ки аз муаллифони ин тарҳ аст, мегӯяд, қонуни марбутаи Тоҷикистон дар соли 1998 қабул шуда, равандҳои муосирро фаро нагирифтааст ва ниёз ба ислоҳу такмил дорад. Вале баррасии ин қонун дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 ба ин сӯ давлати Тоҷикистон ба баргузории ягон гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надодааст ва ҳамаи талошҳои ташкили хурдтарин пикет ё эътироз ба вокуниши сахти мақомоти рӯбарӯ гаштаанд. Дар муқобил даҳҳо гирдиҳамоии тарафдорони давлат бо ташаббуси мақомоти давлатӣ ва зери ҳимояи онҳо ҷараён ёфтаанд.
Ислоҳи ин қонун дар ҳолест, ки як ташаккули нави мухолифин бо номи Эътилофи "Тоҷикистони нав" ва "Гурӯҳи 24" рӯзи 10 октябр ба як раҳпаймоии эътирозӣ дар маркази Душанбе даъват карда буд. Аммо дар он рӯз касе ба майдони Дӯстӣ ҳозир нашуд. Видеои хабарнигори Озодӣ майдони холии Дӯстӣ дар рӯзи 10 октябрро нишон медиҳад: