Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Балонҳои кӯҳнаро аз Душанбе "берун" мекунанд (ВИДЕО)


Акс аз Евромайдони Киев
Акс аз Евромайдони Киев

Моликони анбори чарха(балон)-и мошинҳо дар Душанбе мегӯянд, чанд рӯзи охир мақомоти пулис аз онҳо тақозо доранд, то ки анбори балонҳои корношоямашонро аз ҳудуди пойтахт берун кунанд.

Молики яке аз нуқтаҳои тармими чархи мошин (вулканизатсия) ва фурӯши балонҳои «дасти ду» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 3-уми март бидуни бурдани ном дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъа кормандони пулис вориди коргоҳи ӯ шуда, гуфтаанд, анбори балонҳои корношоямро холӣ карда, балонҳоро аз ҳудуди шаҳри Душанбе берун барад.
Ин соҳибкор дар ҳузури мо барои санҷидани дурустии амри кормандони милиса ба раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар тамос шуд.

Навбатдори шӯъбаи пулис дар посух ба ин суоли ин соҳибкор гуфт, ки мувофиқи дастури вазорати корҳои дохилӣ танҳо он балонҳое, ки корношояманд ва ҷуз аз сӯзонидан дигар барои дигар коре ғайри қобили истифода шудаанд, бояд аз Душанбе берун бурда шаванд. Дар ҳамин ҳол, кормандони милиса ба ин тоҷир пешниҳод кардаанд, ки омодаанд худашон бо мошини боркашон омада, ҳамаи балонҳои корношоямро аз анбори ӯ гирифта баранд.

Ҳамзамон кормандони пулис гуфтаанд, ин дастур ба балонҳои дасти дувум ва коршоям дахл надорад ва тоҷирон метавонанд озодона ба фурӯши чархаҳои наву кӯҳна машғул шаванд. Вале навбатдори шӯъбаи милиса сабаби дастури аз қаламрави шаҳр берун бурдани балонҳои корношоямро шарҳ надод.

Эътирозгар дар Киев
Эътирозгар дар Киев
Дода шудани айни чунин дастур аз сӯи кормандони милисаро дар суҳбат бо Озодӣ моликони беш аз панҷ нуқтаи фурӯши балонҳои «дасти дувум» тасдиқ карданд. Аммо дар нуқтаҳои фурӯши балонҳои наву кӯҳна дар маҳаллаи «Мясокомбинат» буданд дӯкондорҳое ҳам, ки гуфтанд, аз мақомоти милиса чунин дастур нагирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз содир шудани чунин дастур изҳори бехабарӣ мекунад. Ҷалолиддин Садриддинов - сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: «Ин хел дастур аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ дода нашудааст. Дар сурате ки агар савдогарон дар ҷои таъиннашуда, дар кӯчаю роҳрав савдои балонро ба роҳ монда бошанд, нозирони минтақавӣ метавонанд онро гиранд. Чунки ин хел савдо кардан мумкин нест. Лекин агар ин нуқтаи савдои қонунӣ ва ё бозор бошад, дар ин ҷо ягон мушкил вуҷуд надорад.»

Ба таъкиди ҷаноби Садриддинов, расман вазорат ягон дастуре барои аз тамоми нуқтаҳои савдои балонҳо муосидар кардани балонҳои корношоям надодааст.
Аммо ин дар ҳолест ки балоҳои кӯҳнаю корношоям дар қатори зарфҳои пури бензин, маъруф ба «коктейли Молотов» яке аз ду силоҳи асосии эътирозгарон дар «Евромайдон»-и Киев, пойтахти Украина буд.

Ба гумони бархе ҳамсӯҳбатони мо, шояд талоши мақомоти милисаи Тоҷикистон ҷиҳати берун кардани ин балонҳо аз ҳудуди Душанбе низ таҳти таъсири ҳаводиси Украина сурат мегирад.

Нуқтаҳои фурӯши чархи мошин
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG