Ин номаро, ки ба унвонии раиси Олий Маҷлис Дилором Тошмуҳаммадова аз номи раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров навишта шудааст, дар Душанбе як посухи мантиқӣ ба номаи Узбакистон ба СММ низ мешуморанд.
Мақомоти узбак ба СММ аз ширкати «Талко» шикоят бурданд, ки ба муҳити зист, генофонд ва сиҳатии мардуми навоҳии марзии Узбакистону Тоҷикистон хатари экологӣ дорад. Дар ин нома Узбакистон аз СММ хостааст, ки ба ин мушкил расидагӣ шавад, аммо масъулин дар Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳарфест, ки Узбакистон 20 сол ба ин сӯ дар ҳар ҷаласаи байнулмилалӣ, ки имкон даст дод, ба миён мегузорад ва ҳам ҳеҷ кӯшише барои ҳалли дуҷонибаи қазия намекунад.
Маҳмадшариф Ҳақдодов, узви кумитаи кишоварзӣ ва муҳити зисти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, пешниҳодҳо аз сӯи «Талко», ҳукумат ва инак, парлумон ба Узбакистон карда шудаанд, аммо ҳанӯз «қарсак аз як даст меояд»: «Мо ҳам аз ҷониби Узбакистон нигаронӣ дорем, ки корхонаҳояш дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба олами набототу ҳайвонот, генофонд ва сиҳатии мардум таъсири манфӣ доранд. Мо ҳам агар даъво кунем, аз ин зиёд метавонем алайҳи корхонаҳои Узбакистон даъво пеш орем, лекин ин ҳалли мушкил нест. Зарур ояд, мо ҳам ин корро мекунем, аммо ин ба ҳамсоядорӣ намезебад. Мутаассифона, дар кишвари ҳамсоя ҳанӯз омодагии худро ба ҳамкории солим нишон намедиҳанд.»
Тоҷикистону Узбакистон соли 1994 созишномаи «Ҳамкориҳо барои беҳбуди вазъи экологӣ дар минтақаи таъсири манфии Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон» - ро ба имзо расонида буданд, ки бояд то соли 2002 амал мекард, аммо баъди якҷониба баста шудани марзҳо аз сӯи Узбакистон дигар иҷро нашуд. Бар асоси ин созишнома, корхонаи алюминиум мебоист дар ҳудудҳои таҳти таъсираш дар Узбакистон зерсохторҳои зарурӣ, аз қабили пунктҳои тиббиву чоҳҳои об ва ғайра, бунёд мекард.
Бо вуҷуди қатъи ҳамкориҳо, «Талко» мегӯяд, тайи панҷ соли ахир барои модернсозии истеҳсолоташ ҳудуди 100 миллион доллар харҷ карда ва дар натиҷа риски муҳитзистии фаъолияти корхонаро бамаротиб поён овардааст.
Ҳайдар Сафиев, мудири Пажӯҳишгоҳи металлургияи Тоҷикистон, ки низ аз сӯи «Талко» роҳандозӣ шудааст, мегӯяд, дар ҷаҳон корхонаи металлургӣ ё саноатие нест, ки ба муҳити атроф бетаъсир набошад, аммо ҳанӯз ҳеҷ як аз ин корхонаҳо баста нашудаанд, чун фаъолияти онҳо қоидаҳои худро дорад:
«Аввал ин ки як давлат ба корхонаи давлат набояд коре дошта бошад, Мисоли рӯшан ин ки Узбакистон роҳи оҳани ҳудудашро хост, ҷамъугир кард. Ҳар корхона аз рӯи меъёрҳои муайян фаъолият мекунад, то олудашавии муҳити зистро пешгирӣ карда истад. Барои ин лабораторияҳо вуҷуд доранд, ки дар онҳо ҳадду сатҳи олудашавӣ муайян шуда меистад, технологияҳову дастурномаҳои худро доранд ва набояд аз қоида берун кор кунанд. Хуб агар ин қадар бовар накунанд, оянд, экспертиза гузаронанд. Ба назари ман, ин ба ҳамсояҳои мо даркор нест.»
Баҳси Тоҷикистону Узбакистон тайи 20 сол аст, ки дар сатҳҳои гуногун матраҳ мешавад. Узбакистон дар оғоз дар қаламрави худ ин таблиғотро роҳандозӣ карда, се соли ахир онро дар марҷаъ ва ҷаласаҳои байналмилалӣ ба миён мегузорад ва ба даъватҳои Тоҷикистон барои гузаронидани экспертизаи байналмилалӣ ё дуҷониба майл нишон намедиҳад. Баръакс ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон се сол ба ин сӯ як Ҷунбиши экологӣ таъсис дода, барои он дар парлумонаш 15 ҷой ихтисос дод. Ва фаъолияти сесолаи ин созмони сиёсӣ нишон медиҳад, ки ҳадафаш аслан ду иншооти муҳимтарини Тоҷикистон – нерӯгоҳи Роғун ва «Талко» аст.
Ин тарзи бархӯрд андешаеро ба миён овардааст, ки ҳадафи Узбакистон болотар аз экология ва ҳатто муносибати сарди раҳбарони ду кишвар аст. Яке аз афроди огоҳ аз ин қазияҳо мегӯяд, дар ҳукумати Узбакистон ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ба сохтмони ҳар гуна иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак, корхонаи алюминиум, корхонаи «Тоҷиказот» мухолифат доштанд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз сохтмони онҳо дари Маскавро, ба қавле, «охурча» карда буданд.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, кӯшишҳои Тошканд ба хотири ҷилавгирӣ аз як барномаи бузурги замони Шӯравӣ маъруф ба Комплекси саноатии Тоҷикистони ҷанубист, ки дар Душанбе онро то ҳол кӯҳнашуда намеҳисобанд. Вай гуфт, ин барнома сохтмони нерӯгоҳҳо, корхонаҳои нави саноатӣ ва дигар иншоотҳоро дар назар дорад ва Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ табдил дода, нақшашро дар минтақа низ тағйир медиҳад. Ин ҳамсӯҳбати мо хулоса мекунад, ки хатари муҳитзистии нерӯгоҳи Роғун ва «Талко» ин паёми ниҳониро ҳам дорад, ки Узбакистон рушди Тоҷикистонро хатаре ба тамомияти арзии худ медонад.
Аммо дар маҳфилҳои Душанбе, бахусус дар байни мухолифони давлат, назари дигаре ҳам роиҷ аст, ки мақомоти тоҷик тамоми нотавониҳои худ дар иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба гардани Тошканд мезананд, дар ҳоле ки як бахши аъзами мушкилоти кишвар аз мудириятҳои бади ин мақомот об мехӯрад, то аз фишорҳои Узбакистон.