Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди 8 соли интизорӣ Афғонистон дархости паноҳҷӯи тоҷикро рад кардааст. САДО


Амирҳамза Ҳалимов 23 сол дошт, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт ва ӯро паноҳҷӯ кард.
Амирҳамза Ҳалимов 23 сол дошт, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт ва ӯро паноҳҷӯ кард.

“Мо ҳоло ҳуввияти худро аз даст додем, ҳоло бе ҳуввият ҳастем” – мегӯяд, Амирҳамза Ҳалимов, яке аз охирин паноҳҷӯёни тоҷик, ки дар замони ҷанги дохилӣ ба Афғонистон фирор кард ва ҳанӯз онҷоcт.

Амирҳамза Ҳалимови 52-сола, зодаи рустои Ҷарқӯрғони ноҳияи Қубодиён 8 сол пеш дархости шаҳрвандии Афғонистонро кардааст ва баъди ба қавли худаш, сарсониву саргардонии зиёд чанде пеш посухи рад гирифт. Амирҳамза Ҳалимов ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Афғонистон гуфт, ки ба сабаби узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ буданаш, наметавонад ба Тоҷикистон баргардад, чун метарсад, ки ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Ҳоло мехоҳад, ҳаққи паноҳандагии кишвари дигареро ба даст оварад ва аз мақомоти Афғонистон ва Кумиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Милал тақозо кардааст, кӯмак расонанд. Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Худи вазорати хориҷа, вазорати муҳоҷират чандин бор ба ман мактуб навиштанд, ки қазияи шумо марбути UNHCR (Кумиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Милал) мешавад ва умедворам, ин муассиса садои маро мешунавад.”

Амирҳамза Ҳалимов 23-сола буд, ки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт ва ӯро ба Афғонистони ҳамсоя бурд. Ҳоло бо ҳамсару ду фарзандаш дар пойтахт шаҳри Кобул зиндагӣ мекунад ва чаҳор фарзанди дигараш дар Тоҷикистон, Русия ва Покистон ҳастанд. Духтараш издивоҷ карда барои зиндагӣ ба шаҳри Пешавари Покистон рафтааст, се писараш соли 2007 ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Афғонистон дархости паноҳҷӯи тоҷикро рад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

"Хонаводаам дар ҳар ҷой пароканда аст"

Ба гуфтаи паноҳҷӯи тоҷик, надоштани шаҳрвандии Афғонистон ва асноди қонунии дигар сабаб шудааст, ки фарзандонаш ва хонумаш, ки дарс мехонданд, аз идомаи омӯзиш маҳрум монанд. Амирҳамза Ҳалимов аз набуди таваҷҷуҳи мақомоти Афғонистон ва муассисаҳои Созмони Милал маъюс шудааст ва мегӯяд, танҳо инро мехоҳад, ки ба кишвари дигаре биравад ва як зиндагии оддие дошта бошад. Амирҳамза Ҳалимов: “Хонаводаам дар ҳар ҷой пароканда аст, якеаш дар Тоҷикистон, якеаш дар Русия аст, чаҳор нафарамон инҷо ҳастем. Мо гуфтем, як кишвари амн равем, ки ҳамаамон якҷо шавем.”

Вазорати муҳоҷирати Афғонистон мегӯяд, ки ин кишвар қонуни паноҳандагӣ надорад ва ба ҳамин сабаб наметавонад, ба мушкили Амирҳамза Ҳалимов ва беш аз 400 паноҳҷӯи дигаре, ки дар Афғонистон ба сар мебаранд, расидагӣ кунад. Абдулвосит Ансорӣ, мушовири матбуотии вазорат ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Афғонистон гуфт, тарҳи Қонун дар бораи паноҳандагиро 5 сол пеш таҳия карданд ва ба вазорати адлия фиристоданд, аммо ин тарҳ то ҳол барои мувофиқа ва тасвиб ба ниҳодҳои дигар фиристода нашудааст.

"Афғонистон Қонуни паноҳандагӣ надорад"

Ӯ афзуд: “Мо ҳеҷ коре дар ин рост карда натавонистем. Агар мекардем, бояд қонун вуҷуд медошт, ки мо мутобиқ ба қонун амал мекардем, валекин қонун ки набуд, тасвиб нашуд ва ҳукми иҷро нагирифт, мо ҳеҷ коре дар бахши таҳсил, ё кори паноҳандагон карда наметавонем.” Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Афғонистон мегӯяд, дар Кумиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Милал нахостаанд, ки қазияи Амирҳамза Ҳалимовро шарҳ бидиҳанд.

Амирҳамза Ҳалимов 6 сол пеш дар як гуфтугӯе бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ доир ба сабаби барнагаштан ба Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд волидону бародарону хоҳаронаш баъди хатми ҷанг баргаштанд, вале ӯ аз бими онки кушта мешавад, ба ватан нарафт. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 садҳо ҳазор аз шаҳрвандони кишвар аз тарси кушта шудан ба Афғонистон гурехтанд, вале баъди поёни он дар соли 1997 ба истиснои садҳо нафар бақия баргаштанд. Ҳоло Амирҳамза аз теъдоди ангуштшумор ва ё шояд ягона паноҳҷӯи тоҷик аст, ки дар Афғонистон мондааст. Кишваре, ки солона ҳазорон нафар шаҳрвандонаш аз он мегурезанд ва дар хориҷ тақозои паноҳандагӣ мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG