Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”-ро барои соли оянда аз пардохти андоз озод кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки нерӯгоҳи мазкур моҳона ба буҷаи Тоҷикистон 800 ҳазор доллар андоз месупорад. Чунин тасмимро парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи 16-уми декабр гирифт ва сабабашро мақомоти расмӣ ба қарздории "Барқи Тоҷик" дар назди ин нерӯгоҳ рабт доданд.
Ба қавли Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, Тоҷикистон бо озод кардани "Сангтӯда-1" аз пардохти андоз мехоҳад, қарзҳои то ин дам ҷамъшудаи "Барқи тоҷик" - ягона харидори барқи ин нерӯгоҳро то ҳадде камтар кунад, ки то 1 декабр ба 513 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Ҷамшед Каримзода гуфт, ки "аз ҳисоби маблағҳои нопардохтаи "Барқи тоҷик", нерӯгоҳи Сангтӯда -1 дар назди буҷаи Тоҷикистон беш аз 28 миллион сомонӣ қарздор гардидааст. Бо қабули ин қонун, дар соли ҷорӣ бақияпулиҳои андози ин нерӯгоҳ, ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба ширкати "Барқи тоҷик" ба вуҷуд омадааст, фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо ҳисоб карда намешавад.”
Ба ин тартиб,бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни “”Буҷаи соли 2015” қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба дӯши буҷаи давлатии Тоҷикистон вогузор карда шуд. Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 асосан бо сармоягузории Русия сохта шуда, 75 дарсади саҳмияҳои он дар ихтиёри Маскаванд.
Дар навбати худ, Мирзо Исмоилов, раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” далели қарздории идорааш аз "Сангтӯда-1" ба он рабт дод, ки онҳо як киловатт соат барқро аз ин нерӯгоҳ ба қимати 2,14 сент харида, аммо ба аҳолӣ ба ҳисоби миёна дар ивази 12,31 дирам мефурӯшанд. Бар замми ин, ба гуфтаи вай сокинон низ дар пардохти пули барқ кӯтоҳӣ мекунанд ва ин ҳама сабаб шудааст, то қарзҳои ширкат дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" афзоиш ёбад.
Мирзо Исмоилов афзуд, ки “аз тарафи дигар, дар марҳилаи ба имзо расонидани созишномаи хариди барқ дар назар дошта шуда буд, ки бозпас додани сармояи Русия, ки дар сохтмони нерӯгоҳ сарф шуда буд, аз ҳисоби содироти энергияи ширкати "Барқи тоҷик" ба хориҷи кишвар амалӣ карда мешавад. Мутаассифона бо ҷудо намудани системаи энергетикии Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, имконияти содиротии ширкати "Барқи тоҷик" ғайриимкон гардид.”
Зимнан, Кумитаи андози Тоҷикистон "Сангтӯда-1"-ро аз ҷумлаи муассисаҳои бузурги қарздор аз андоз эълон кардааст. Соли 2013 ҳатто ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон суратҳисоби нерӯгоҳро барои чанд муддат баст. Он замон Павел Лавров, сухангӯи нерӯгоҳ ба матбуот гуфта буд, ки нерӯгоҳ мехоҳад қарз аз андозро комилан пардохт кунад, вале агар “Барқи тоҷик” қарзи худро ба нерӯгоҳ бипардозад.
Раҳбарияти Барқи тоҷик мегӯяд, дар соли ҷорӣ аз Сангтӯда-1 ба миқдори 1 милларду 600 миллион киловат соат барқ гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маблағе, ки нерӯгоҳи Сангтӯда -1 бояд солона ба буҷаи Тоҷикистон ҳамчун андоз пардохт кунад, 60 миллион сомонӣ ҳисоб кард. Дар ин баробар ӯ аз фаъолияти раҳбарони собиқи ширкати “Барқи тоҷик” интиқод намуд.
Ӯ зимни муроҷиат ба раҳбари феълии ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, “дар давоми чанд соли ахир чандин раҳбар иваз гардид, лекин дар ин соҳа беҳбудӣ нашуд, балки баръакс. Ҳатто ислоҳотҳое, ки ҳукумат ба назар гирифт, то ҳол ба охир расонида нашуданд. Бояд таҳлил кард, ки мушкил дар чист. То ҳанӯз талафоти барқ зиёд аст, дар бештари ҷойҳо барқро истифода маебаранд, аммо ҳисобу китоб нест.”
Ширкати "Барқи тоҷик" аз он муассисаҳои давлатӣ аст, ки дар муқоиса бо идораҳои дигар бештар раҳбар иваз мекунад ва асосан бо қарзҳои бузург, вазъи бади молӣ ва моҳҳо бе маош мондани кормандони худ ном баровардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳудуди 150 нерӯгоҳи хурду миёнаву бузургро таҳти назар дорад ва ба ҳисоби таҳлилгарон, аз фурӯши 20 миллиард киловатт-соат барқ ҳудуди 300 миллион доллар ба даст меорад, ки бояд эҳтиёҷоти соҳаро бароварда созад. Аксар таҳлилгарон мудирияти нодурустро аз иллатҳои аслии нокомии ширкати “Барқи Тоҷик” медонанд.
Як таҳлилгари тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “имсол ҳатто президенти Тоҷикистон ҳам иқрор шуд, ки дар анборҳои "Барқи тоҷик" дар ҳудуди 2 миллиард сомонӣ молу колое вуҷуд дорад ки ба ин ширкат лозим нестанд. Ба истилоҳи дигар, ин ширкат дар 10 соли ахир манбаи асоси даромади онҳоест, ки пулҳои буҷавӣ ва ҳамчунини маблағи буҷаи ширкатро “арра” мекунанд.”
Ин таҳлилгар афзуд, “озод намудани Сангтӯда-1 аз андоз, ин ба ӯҳдаи буҷа, яъне мардуми андозсупоранда бор кардани қарзҳое нафарҳоест, ки буҷаи "Барқи тоҷик"-ро ҳамсола медузданд. ”
Бо ин ҳама, ширкати "Барқи тоҷик" бо доштани зарфияти истеҳсоли ҳудудан 20 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ дар сол натавонист фоидаовар шавад ва баръакс то гулӯ дар қарз ғӯтидааст. Соли қабл дар пайи тағйири навбатии раҳбарони “Барқи Тоҷик” раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳолатҳои дуздии нерӯи барқ ва бемасъулиятӣ талаб кард, ки тамоми кормандони ин ширкат аз санҷиш гузаранд ва танҳо афроди бомаҳорату масъулиятшинос ба кор ҷалб шаванд.