Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамсулло бо дипломи бонкдорӣ ...мусофиркаш шуд


Дар як соли охир 138 ҷавон аз ҳисоби маблағҳои будҷа донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси бонкдорӣ ва моливу қарз хатм кардаанд. Ин дар ҳолест, ки давоми ду соли охир беш аз 8 ҳазор корманди бонкҳо дар Тоҷикистон аз кор ронда шуда, бекор монданд.

Ин нукта дар як муҳокимаи порлумонии рӯзи 19 декабр дар Маҷлиси намояндагон зикр шуд. Дар ин баҳсҳо масъулони се вазорат - маориф, меҳнат ва рушди иқтисод ва савдо ҳузур доштанд. Вақте масъулони ин

Вазоратҳо бояд омӯзгорон, табибон ва дигар мутахассионе, ки дар бозори меҳнати кишвар, дар муассисаҳои давлатӣ талабот ба онҳо зиёд аст, бештар омода кунанд. Манзури мо ҷойҳои буҷавӣ аст

се ниҳод омори марбут ба фаъолияташонро муаррифӣ карданд, маълум шуд донишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҳисоби пулҳои будҷа он муттахассисонеро омода кардаанд, ки бозори кори кишвар ба онҳо ниёз надорад.

«Агроинвестбонк» 1500 нафар кормандонашро аз кор хориҷ кард

Барои мисол, бинобар маълумоти Вазорати илм ва маориф соли гузашта донишгоҳҳо дар гурӯҳҳои будҷавӣ 214 ҳуқушинос ва 306 иқтисоддон омода кардаанд. Аз ин шумор иқтисоддонҳо 138 нафарашон донишгоҳро бо ихтисоси бонкдорӣ ва молияву қарз хатм кардаанд.

138 нафар мутахассиси ҷавон дар ҳоле вориди бозори кор шуданд, ки бинобар маълумоти вазорати меҳнат, таи ду соли охир 8 ҳазор кормандони бонкҳо аз ҷои кор маҳрум шуданд. Танҳо як бонки «Агроинвестбонк» 1500 нафар кормандонашро аз кор хориҷ кард.

Дар идомаи муҳокима маълум шуд, кишвар дар асл на ба ҳуқуқшиносу иқтисоддон, балки ба мутахассиси хоҷагии об ва духтурону кормандони тиб эҳтиёҷ дорад.

Ронандагӣ бо ихтисоси ...бонкдорӣ

Шамсулло Сангов яке аз даҳҳо ҷавони тоҷик аст, ки бо ҳарҷи даҳҳо ҳазор сомонӣ пули волидонаш ва сарфи 5 соли умр донишгоҳро бо ихтисоси умури бонкӣ хатм кард, аммо муддатҳои дароз натавонист бо ин ихтисос кор пайдо кунад. Шамсулло тасмим гирифт ба Маскав рафта ронандаи як соҳибкори рус шавад. Ӯ мегӯяд:

«Бо маълумоти олӣ ва диплом ман як ронанда ҳастам. Раиси ман соҳиби як нашриёт аст. Дар ин нашриёт чанд ҷавони тоҷик ҳам кор мекунанд, ки ПТУ-ро бо ихтисоси полиграфия хатм кардаанд ва маоши онҳо аз ман як баробар бештар аст. Агар дар вақташ як нафар ба ман ҳам дар интихоби касб маслиҳати муфид медод, вақтам зоеъ намерафт ва бо касбам соҳиби маоши хуб мешудам».

Чанд таззоди бозори кори Тоҷикистон

Лутфия Раҷабова, раҳбари кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон, ки ин муҳокима бо ширкати ӯ баргузор шуд, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар муҳокимаҳои соати парлумонӣ намояндагони мақомоти далхдор ширкат доштанд.

"Мо тавсияҳо додем, ки дар оянда вазоратҳо бояд омӯзгорон, табибон ва дигар мутахассионе, ки дар бозори меҳнати кишвар, дар муассисаҳои давлатӣ талабот ба онҳо зиёд аст, бештар омода кунанд. Манзури мо ҷойҳои буҷавӣ аст, ки дар онҳо донишҷӯён ройгон аз ҳисоби давлат таҳсил мекунанд. Яъне ҷойҳои буҷавии таҳсил дар донишгоҳҳо мувофиқ ба талаботи бозор бояд ҷудо шаванд», - гуфт ӯ.

Як таззоди дигар ин аст, ки дар аксар донишгоҳҳои Тоҷикистон бештар факултаҳои ҳуқуқ ва иқтисод миёни довталабон хушхарид ҳастанд. Донишгоҳҳо низ бо назардошти зиёд будани талабот ба ин пешаҳо шумори қабули донишҷӯёнро дар шуъбаҳои шартномавӣ афзоиш додаанд. Аммо дар ниҳоят аксар ҷавонон бо дипломи ҳуқуқшинос ва иқтисоддон дар бозори кори дохили кишвар ҷойи кор пайдо намекунанд.

Аммо Лутфия Раҷабова вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд: «Мо наметавонем донишгоҳҳоро дар ин бобат маҳдуд кунем. Чунки донишҷӯён дар ин факултаҳо бо маблағи худашон таҳсил мекунанд ва баъди хатми муассисаи таҳсилоти олӣ ҳуқуқ доранд ҷойи корро худашон интихоб намоянд, аз ин рӯ метавонанд факултаи мехостаашонро интихоб кунанд. Мо наметавонем ҳуқуқи онҳоро маҳдуд кунем».

Ин вакили порлумон мегӯяд, танзим танҳо дар ҷойҳои буҷавии таҳсил метавонад бошад, ки маблағи онро давлат мепардозад.

"Дониши мутахассисони дипломдор ҳам ҷавобгӯи талабот нест"

Дар ин муҳокима ҳамчунон як мушкили дигари маорифи Тоҷикистон бармало шуд. Гуфта шуд, касбият, дониш ва малакаи 35-40 дарсади хатмкунадагони мактабҳои олии кишвар ба талаботи бозори кор ҷавобгу нест. Аз ин рӯ 115 ҳазор нафар соҳибихтисосҳо ба давраҳои бозомӯзӣ ва такмили донишҳояшон эҳтиёҷ доранд.

Ихтилофи барномаи таълим бо тақозои кор дар идораҳо ва талаботи бозори кор ва бекорӣ дар миёни ҷавонони соҳибихтисос дар ҳолест, ки кордиҳандагон мегӯянд, дар дарёфти мутахассиси хуб барои пешбурди корашон мушкилӣ мекашанд.

Толибҷон Исроилов, як масъули бонки тиҷоратии “Эсхата” мегӯяд, дараҷаи дониши хатмкунандагони мактабҳои олӣ бо ихтисоси бонкдорӣ ва молия то ҳаде паст аст ва бонк дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мушкилӣ мекашад.

Ӯ гуфт: “Ҳоло мо ба мутахассисе ниёз дорем, ки аз уҳдаи идораи молиявӣ барояд. Хусусан ба менеҷерони сатҳи боло эҳтиёҷ дорем, ки дорои дипломи MBA бошанд. Омода кардани чунин мутахассисон дар хориҷа хеле гарон аст. Хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон чунин барномаҳо роҳандозӣ шаванд, ки барои бонкҳо мутахассисони варзида омода кунанд”.

Бинобар маълумоти охирини Вазорати маориф, айни ҳол дар Тоҷикистон 39 донишгоҳу донишкадаҳо бо шумули шуъбаҳояшон дар минтақаҳо фаъолият доранд. Дар ин донишгоҳҳо ҳоло беш аз 186 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Дар соли гузашта 33 ҳазор нафар донишгоҳҳоро хатм карда вориди бозори кор шуданд. Аз ин шумор тақрибан нисфи онҳо дар дохили кишвар ҷойи кор пайдо кардан, боқӣ бекор ҳастанд ё рӯ ба муҳоҷирати корӣ оварданд.

XS
SM
MD
LG