Бархе аз аъзои гурӯҳе, ки дар таҳияи “Феҳристи номҳои миллӣ” иштирок кардаанд, гуфтанд, ҳеҷ номро намешавад ба зӯр бар дӯши хонаводаҳо бор кард. Донишманди тоҷик Баҳриддин Камолиддинов баъд аз нашри китоби иборат аз тақрибан 4 ҳазор номи миллӣ гуфт, гумон дошт, ин исмҳо танҳо ба сифати тавсия ба хонаводаҳо пешниҳод мешавад. Вале ҳоло маълум шуд, ки доираи интихоби номҳо бояд дар ҳамин маҳдуда анҷом шавад.
Мутаассифона, баъзе номҳо ба мисли Асосабону, Пардабону ва Кимхоҳу номҳои дигар ба китоб роҳ ёфтанд.
“Номҳое, ки хушоҳанг нестанд, бозбинӣ шаванд”
Ӯ рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “тавсияи мо аз аввал ин буд, ки сад дар сад падару модарро маҷбур кардан лозим нест, то дар чаҳорчӯби ҳамин китоб ном гузоранд”.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Олимҷон Қосимов, мудири шӯъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёт, ки аъзои ин гурӯҳи корӣ буд, низ гуфт, баъзе номҳои феҳрист ба бозбинӣ ниёз доранд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми таҳияи феҳрист баҳс сари номи ашё ва қадимӣ будани онҳо зиёд буд, вале боз ҳам чунин номҳо ба феҳрист роҳ ёфтанд. “Баъзе номҳо ба мисли Асосабону, Пардабону ва Кимхоҳу номҳои дигар, мутаассифона, ба китоб роҳ ёфтанд. Феҳристи номҳои миллӣ бо андешаҳои мардум ва корафтодагон такмил дода шуда, номҳое, ки хушоҳанг нестанд, дубора бозбинӣ шаванд. Зеро барои кишваре, ки ҳашт миллион аҳолӣ дорад, се-чаҳор ҳазор ном хеле кам аст”, - гуфт ӯ.
Васфагул, Дастагул, Пардагул...
Ардвирасура, Васфагул, Дастагул, Пардагул, Асосабону, Сосонгул, Рашиқл, Шедрух, Асрорулҳақ... Ин чанд номро Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар қатори тақрибан чаҳор ҳазор исми дигар дар шакли як китоби нав пешниҳоди сокинон ва мақомоти идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС кард. Ба навзодон маҳз аз ҳамин феҳрист ном гузошта мешавад.
Рӯзҳои ҳафта, мева, ҷонварону ашё дар ин феҳраст нест ва дигар набояд касе Душанбе ё Олучаву Гургалӣ ва Тешаву Табар ном гирад. Аммо сокинон мегӯянд, бархе аз номҳое, ки дар феҳристи нав ҳастанд, аз ин номҳо беҳтару шинам нестанд.
“Мардум номи замонавӣ мехоҳанд”
Кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ мегӯянд, ки мардум бештар бо номҳои интихобии худ ба назди онҳо меоянд ва аксар номҳои феҳристро қабул надоранд. Адиба Юсуфова – мутахассиси пешбари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт – рӯзи 10-уми июл гуфт, “аз шаҳрвандон мехоҳем, ки аз рӯи китоб ном интихоб намоянд. Вале онҳо мегӯянд, ки мо мехоҳем барои фарзандонамон исми замонавӣ ва зебо гузорем. Хуб мешуд, ки дар он номҳои замонавӣ ҳам илова карда мешуд. Завқи шаҳрвандон ҳам имрӯз дигар шудааст.”
Иҷоза надодаанд, ки номи навзодро Путин гузоранд
Ба қавли Адиба Юсуфова, ҳоло аксарият ҳангоми интихоби номи фарзанд ба исмҳое чун Сумая, Абубакр, Закияву Самира бартарӣ медиҳанд. Ҳатто бархе аз волидон хостаанд, ки номи фарзанди худро Путин гузоранд, вале иҷозат дарёфт накардаанд.
Аммо муаллифони феҳристи номҳои миллӣ мегӯянд, ки онҳо сирф номҳои миллӣ ва таърихиву соддаро дар китоби нав ҷамъоварӣ кардаанд ва мардум ҳам ҳатман бояд бар пояи ҳамин феҳрист фарзандони худро номгузорӣ кунанд.
Барои гузоштани номе берун аз ин феҳраст ба кӯдак, волидони ӯ бояд аз Кумитаи забон ва истилоҳот иҷоза бигиранд. Саодатшо Матробиён , як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, “мардуми зиёд ҳам аллакай муроҷиат карданд. Кумита муроҷиати онҳоро дида мебарояд. Номе, ки қобили қабул аст, хулоса медиҳад ва ин ном гузошта мешавад. Онҳое, ки мехостанд боз номи ашёро ба фарзандони худ гузоранд, ки ба суннати номгузории мо мувофиқ нест, аз ҷониби комиссия рад карда шуд.”
Бибимарям рад шуд, Марям гузоштанд
Дархости Савронбӣ, модаре, ки мехост номи фарзандаш Бибимарям гузошта шавад, низ дар яке аз шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад шуд ва ба духтараш танҳо Марям ном гузоштанд.
Ба як феҳраст маҳдуд кардани интихоби ном ва номгузориро бархе аз сокинон як навъ маҳдуд кардани ҳаққи худ медонанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳар кас бояд дар интихоби ном барои фарзанду наздикон озод бошад. Новобаста аз онки ӯ мехоҳад, номи фарзандаш Путин бошад, ё Сангалӣ.
Фарида, ки нахустфарзандашро интизор аст, мегӯяд, “ҳар фард ҳақ дорад, номи табъи дили худро ба фарзанд гузорад. Фарзандро мо чанд моҳ дар батнамон нигоҳ медорем ва то омаданаш ба дунё бо сад орзу барояш ном меҷӯем. Хуб мешуд, ки орзуву ҳаваси мардумро низ ба назар гиранд. Яъне, маҷбур накунанд. Мо дар кишвари демократӣ зиндагӣ мекунем.”
Мақомот: Феҳристи номҳо “догма” нест
Масъулини кумитаи забон ва истилоҳот мегӯянд, ки феҳрист “догма” нест ва ҳар сол номҳое, ки аз ҷониби мардум ба ин ниҳод пешниҳод мешавад, дар сурати мувофиқ будан ба китоби феҳристи номҳо ворид хоҳад шуд. Дар баробари феҳрист, фарҳанги номҳо низ рӯйи чоп меояд, ки дар он мӯҳтавои ҳар ном шарҳ дода мешавад.
Китоби феҳристи номҳои миллӣ дар ҳоле нашр ва истифодааш ҳатмӣ мешавад, ки дар даҳ соли ахир бо таваҷҷӯҳ ба мазҳабитар шудани ҷомеа, шаҳрвандон ба номҳои арабӣ ва исломӣ тарҷеҳ медоданд.
Дар баробари ин, маъмул шудани сериалҳои туркӣ дар Тоҷикистон завқи мардумро ба номгузории туркӣ аз қабили Элиф, Иргит ва Гузел бештар карда, ҳатто баъзе номҳои маъмул дар Тоҷикистон ҳоло бо лаҳҷаи туркӣ, мисли Меҳмет, ки Муҳаммад ё Хуррем ки Хуррами тоҷикист, талаффуз мешавад.