Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди чанд ислоҳи "сиёсӣ" ба қонунҳои интихобот


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ислоҳи бархе бандҳои қонуни интихоботро танҳо аз тариқи райъпурсии саросарӣ имконпазир хондааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) пешниҳоди БДИПЧ - Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА - дар иртибот ба ислоҳоти сархатти дуввуми моддаи 65 -уми Қонуни асосиро ғайриимкон хондааст. Ин ниҳоди САҲА ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, то ин банди Қонуни Асосӣ дар бораи интихобот, ки мегӯяд, «ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии президент пешниҳод гардад», иваз шавад ва шарти 10 соли зиндагии ҳатмӣ дар дохили кишвар аз он бардошта шавад.

Аммо Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи душанбеи 31-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ислоҳот ба ин банди қонун танҳо бо баргузории референдум имкон хоҳад дошт. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Додоев, “даҳ соли ахир зиндагӣ кардан дар ҳудуди Тоҷикистон ва донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба мақоми президентӣ ин меъёри конститутсионӣ аст.” Ӯ афзуд, ин мавзӯъро ҳафтаи оянда дар нишаст бо масъулони САҲА баҳс хоҳанд кард.
Қарор аст, рӯзи 7-уми апрел дар Дафтари душанбегии САҲА нишасте бо ҳузури намояндагони КМИРТ ва аҳзоби сиёсӣ сурат бигирад.

​Аммо дар посух ба ин суол ки муқарар кардани даҳ сол оё монеи фаъолияти сиёсии тоҷиконе, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, намешавад? ҷаноби Додоев гуфт, ин ҳеҷ гуна маҳдудкунӣ ҳисоб намеёбад.

Насрулло Маҳмудов, муовини раиси Кумитаи умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт: «Нафаре ки номзадияшро ба мақоми президентӣ пешниҳод мекунад, бояд аз ҳама вазъияти кишвар огоҳ бошад: вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра. Ба воситаи матбуот огоҳӣ доштан дигар асту бевосита дар дохили Тоҷикистон будан дигар. Шояд ба ҳамин хотир дар Сарқонун муқарар шудааст, ки нафари номзад бояд даҳ соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад.»

Аммо ин дар ҳолест, ки ба қавли ҳуқуқдонҳои тоҷик муқарар гардидани «10 сол» хилофи қонунҳои кишварҳои демократӣ буда, нақзи ҳуқуқи нафарони дар хориҷ буда ба ҳисоб меравад.
Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари ташкилоти «Перспектива +» ва ҳуқуқдони тоҷик афзуд, ин шарт ки нафарони даҳ сол дар Тоҷикистон набуда ҳаққи пешниҳод кардани номзадии худро ба президентӣ надоранд, поймол кардани ҳуқуқи онҳост. Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, ҳар кас метавонад, як муддат дар хориҷ зиндагӣ кунад. Ба қавли хонум Бобоназарова, дар ин росто бештар ҳуқуқи муҳоҷирон нақз мешавад. Зеро онҳо на ҳамеша имкон доранд дар сафоратхонаҳо худро сабти ном кунанд. Вай афзуд: «Шахсоне ҳастанд дар хориҷа кор мекунанду нуфуз доранд, ба кишвари худашон омада, барои курсии президентӣ талош мекунанд. Ин маҳдудият барои он оппозитсионерҳоест, ки аз Тоҷикистон рафта буданд ва агар кӯшиши омаданро доранд, имкони дар интихобот ширкат карданро надошта бошанд. Аммо ин натанҳо бар муқобили сиёсатмадорон равона шудааст, балки аз он шаҳрвандони оддие низ, ки дар Русия зиндагиву кор мекунанд, осеб мебинанд.»

Ба назари раҳбари ташкилоти «Перпектива +», кишваре ки худро демократӣ медонад, набояд ҳуқуқи инсонҳоро нақз кунад. Ойниҳол Бобоназарова вале афзуд, дар сурати пазируфтани пешниҳоди САҲА ва бардоштани шарти 10 соли зиндагӣ дар Тоҷикистон низ набояд умедвори пешрафти фавқулоддае дар тағйири низоми интихоботии Тоҷикистон шуд. Ба бовари ӯ, то замоне ки эълони натиҷаи интихобот ва муайян кардани фоизи овозҳо дар дасти намояндагони ҳукумат аст, вазъ тағйир нахоҳад кард.

Ба назари таҳлилгарони масоили сиёсӣ низ, ҳукумати феълӣ аз тарси рақибонаш ин гуна маҳдудиятҳо гузоштааст ва талошҳои САҲА чашмгир нахоҳад буд.
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва раҳбари маркази таҳлилии «Индем» мегӯяд, ҳарчанд муқаррар кардани як вақти муайян барои номзадҳо таҷрибаи байналмилалӣ аст, вале дар Тоҷикистон ин ба хотири ҳадафҳои сиёсист ва ҳукумати феълӣ намехоҳад, афроди таҳсилкардаву тарбиятдидаи кишварҳои хориҷӣ ва онҳое ки дар хориҷ соҳиби нуфуз шудааст, пой ба майдони сиёсати Тоҷикистон гузоранд.

Оқои Дӯстов меафзояд: «Ин василаи хуби аз байн бурдани рақобат дар муҳити сиёсии кишвар гаштааст ва аз ин ҳукумати феълӣ хело хуб ҳам истифода мекунад. Вижагии дигари масъала он аст, ки дар мо то ҳол ҳамон «прописка»-и Шӯравӣ мавҷуд аст, ки дар бештари кишварҳо ҷои онро «сабти ном» гирифтааст. Ҳамон «прописка» сабаб мешавад, ки нафароне ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, кор ё барои навистани кори илмиву эҷодӣ меравад, ба таври автоматӣ аз сабқати сиёсӣ берун мешавад.»

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, азбаски таҷрибаи дигар кишварҳо нишон дод, ки мухолифон дар интихобот метавонанд ғолиб шаванд, Тоҷикистон аз василаҳое истифода мебарад, ки мухолифонаш ба таври механикӣ вориди сиёсат шуда натавонанд.

То кунун дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Гурҷистон ва Молдова шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ карданд, ҳаққи ширкат дар интихоботи кишварашонро пайдо кардаву ҳатто пирӯз ҳам шудаанд. Барои мисол, Михаил Саакашвилӣ, собиқ раисиҷумҳури Гурҷистон қабл аз расиданаш ба ин мақом дар Амрико кору таҳсил карда буд.
Парвиз Мушарраф
Парвиз Мушарраф
Ҳамин тавр, Парвиз Мушарраф, ки ду навбат раисиҷумҳури Покистон буд, аз муҳоҷирин аст, яъне аз мардуме ки баъди касби истиқлоли Ҳинд дар соли 1947 ва ба Ҳинду Покистон ҷудо шудани ин мустамликаи собиқ, аз Деҳлӣ ба Покистон кӯчидааст. Тайи тақрибан 16 соли охир раҳбарии Арманистонро Роберт Кочариён ва баъди ӯ инак давраи дувум аст, ки Серж Саркисиён бар ӯҳда доранд. Ҳардуи онҳо аз арманиҳои Қаробоғанд.

Аммо дар Тоҷикистон муддати ду даҳсолаи ахир садҳо тан аз на танҳо чеҳраҳои саршинос, балки мутахассисони варзида ба далоили мухталиф Тоҷикистонро тарк карда ва дар хориҷ кору зиндагӣ доранд, ки аз нирӯҳои зеҳнӣ ва ақлонии миллати тоҷик ба шумор мераванд, вале ба далели вуҷуди "сенз" дар қонун ҳеҷ кадоми онҳо наметавонанд, дар интихоботҳои кишвари худ ширкат кунанд ва дар ояндаи кишвар саҳм бигузоранд.
XS
SM
MD
LG