Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз маросимҳои “Ҳоҷиошӣ” ва “Ҳоҷиталбон”


Кумитаи дини Тоҷикистон дар се рӯзи аввали бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан, 20 мавриди қонуншиканӣ ба ҳангоми истиқболи онҳоро сабт кардааст.

Бо ташкили як рейд ё амалиёти вижа масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон барои пешгирӣ аз истиқболи ботантанаи ҳоҷиён ва ташкили маъракаҳои серхарҷ, пешвози ҳоҷиёнро аз фурудгоҳ назорат карда, онҳоро то хонаҳояшон ҳамроҳӣ мекунанд.

Файзигул Юсупова, як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯзи чоршанбюеи 30 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худи ҳамин рӯз аз як маъракаи маъмули “Ҳоҷиошӣ” ҷилавгирӣ сурат гирифт. Ӯ мегӯяд, “Барои пешвози ҳоҷӣ дар як хонавода аллакай барои меҳмонон ош омода шуда буд, мо пешгирӣ кардем ва ошро ба хонаи ниёзмандон бурда супурдем.”

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз 28-уми сентябр шурӯъ шуда, то имрӯз ба гуфтаи масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон 7 гурӯҳи зоирон ба Душанбе баргаштанд. Ба гуфтаи Файзигул Юсупова, дар пайи рейдҳои вижа ва назорати шадиди солҳои ахир, имсол мавориди истиқболи ботантанаи ҳоҷиён дар фурудгоҳ бо корвони мошинҳои гаронбаҳову орододашуда ва бо пояндоз, кам шудааст.

Аммо ҳоло ҳам ба қавли ӯ, бархе аз сокинон барои пешвози ҳоҷиён омодагии хос дида, маъракаҳое, мисли “Ҳоҷиошӣ” ва “Ҳоҷиталбон” баргузор мекунанд: “Имрӯз дигар он кортеджи мошинҳои гаронбаҳо, масалан нест, вале ба ҳар ҳол ҳастанд, ҳолатҳое, ки мардум зимни қабули ҳоҷиҳо риоя намекунанд қоидаро. Ҳатто ҳолатҳое ҳаст, ки сокинон бо роҳи фиреб барои ташкили маросими “хатнасур” аз мақомот иҷоза мегиранд, аммо дар асл “Ҳоҷиошӣ” ё “ҳоҷиталбон” мекунанд.”

Мақомоти Тоҷикистон бо қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз 7 соли пеш, истиқболи пуршукӯҳ ва серхарҷи ҳоҷиёнро ҳам дар қатори тӯю маъракаҳо манъ кард. Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ин амали ҳоҷиён ва умуман сокинони кишвар хилофи қонуни танзим аст ва ба ҷайби ҳоҷиёни дигар, ки шояд имконияташон фаррох несту танҳо барои адои фарз ба ҳаҷ рафтаанд, зарба мезанад.

Пешвози ҳоҷиён дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир маъракаву маросимҳои зиёду пурхарҷро ба ҳамроҳ дошт. Наздикони ҳоҷиён аз чанд рӯзи қабл барои истиқболи онҳо омодагӣ дида, мошинҳои гаронбаҳое, мисли Лимузин киро мекарданд ва онҳоро бо пояндозу пурдабдаба то хонаҳо мебурданд.

Давлат аз “Ҳоҷиошӣ” ва “Ҳоҷиталбон” ҷилавгирӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Ҳамчунин, баъди бозгашти ҳоҷиён аз зиёрати хонаи Худо, хонаводаҳои онҳо бо гузоштани дегҳои бузурги ош ва ташкили маъракаи калон, ки чун “Ҳоҷиошӣ” маъруф шудааст, хешу табор ва ҳамсояҳоро даъват мекарданд. Меҳмонҳо ҳам дар навбати худ барои эҳтироми ҳоҷӣ бо ташкили маъракаи “Ҳоҷиталбон” ҳоҷиҳоро дар алоҳидагӣ ба хонаҳои худ даъват мекунанд. Як мусоҳиби мо, ки 3 соли пеш ҳамсарашро ба зиёрати хонаи Худо гусел кардааст гуфт хароҷоти маросимҳои баъди бозгашти ҳоҷӣ бештар аз маблағе, буд ки барои сафари ӯ ба ҳаҷ харҷ шудааст.

Аммо ҳоҷиёне, ки имсол аз зиёрати хонаи Худо баргаштаанд аксарият дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, баъди ҳушдорҳои масъулини кумита, қабл аз сафар хонаводаҳои худро таъкид намудаанд, ки онҳоро бодабдаба истиқбол нагиранд.

Адашҷон Зиёев, ки баъди 3 соли навбатпоӣ ба зиёрати хонаи Худо расидааст, гуфт, вай мисле, ки қаблан маъмул буд, баъди бозгашт гов ва умуман ягон чорво забҳ накард. Аммо ин мусоҳиби 80-солаи мо, ки аз 7 фарзанд 24 набера дорад, мегӯяд, барои хонаводаи бузургаш албатта як маъракае ороста сафарро дар доираи оила таҷлил намуд. “Ба бачаҳо қабл аз сафар ва ҳатто аз унҷо занг зада гуфтам, ки исроф накунед, 5 килло гӯшт хареду як шӯрбо андозед. Албатта оила калон аст, боз баъзе аз ҳамсояҳои наздик ҳам аз дар медароянд. Шароит бад нест, вале мо кӯшиш кардем қонуншиканӣ нашавад ва ба таври хоксорона зиёраткунандаҳоро қабул кардем.”

Бархе аз мусоҳибони мо ҳоҷиёне, ки имсол ба зиёрати хонаи Худо шарафёб шудаанд, мегӯянд, одати маъмул аст, ки баъди бозгашт аз ҳаҷи фарзӣ, мардум як -як ба зиёрат меоянд ва албатта, ки онҳо ҳам маҷбуранд барояшон як дастурхон кушоянду тӯҳфае тақдим намоянд. Яке аз зойирони дигаре, ки имсол ба нияташ расидаву хонаи Худоро зиёрат кардааст, гуфт:

“Аз як тараф гирӣ, чи хел намекунӣ мардум, ҳамсоя хешу табор омаду рафт доранд. Мо одат дорем? меҳмонро ҳатман сари як пиёла чой даъват мекунем ва меҳмондорӣ менамоем. Баъзан фикр мекунам, аз ин, ки ҳар рӯз меҳмон қабулу гусел кунем? як рӯз ва бо як маърака ҳамаро қабул ва гусел кардан осонтар аст.”

Масъулини Rумитаи дин ҳам мегӯянд, аксаран ҳангоми рейд дар хонаводаҳои ҳоҷиён онҳо ҳам чунин андешаро мешунаванд. Онҳо мегӯянд, талош доранд дар баробари назорати хонаводаи ҳоҷиҳо, миёни мардум ҳам ҷиҳати боло бурдани фарҳангӣ ташкили ҷашну маърака ва ё рафтан ба чунин чорабиниҳо кор баранд.

Файзигул Юсупова як масъули кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯяд, зиёрати ҳоҷӣ манъ нест, вале меҳмон бояд танҳо бо истифодаи оби "Замзам" иктифо кунаду хоксорона қабул ва гусел шавад.

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо рафта буданд. Гуруҳи аввалини ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 28 - уми сентябр баргаштанд.

Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини мубини Ислом буда, адояш барои ҳар фарди мусалмоне, ки тавони молӣ дорад, фарз аст. Дар Тоҷикистон солҳои охир хоҳишмандони зиёрати Ҳаҷ афзуда, мақомот маҷбур шудаанд, сокинонро бар асоси рӯйхат ё навбат ба зиёрати Хонаи Худо фиристанд. Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик қариб 23 000 сомонӣ, муодили 3670 доллар муқаррар шуда буд. Ин назар ба як сол пеш 4700 сомонӣ бештар аст.

XS
SM
MD
LG