Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Тоҷикистон фурудгоҳи "Айнӣ"-ро мехоҳад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи фурудгоҳи "Айнӣ", 15-километрии ғарби Душанбе, дархост додааст. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 27 декабр дар як нишаст ба хабарнигорон гуфт, кишвараш ҳавасманди истифода аз ин фурудгоҳи ҳарбиву ҳавоӣ аст.

"Матни созишнома омода шудааст"

Дар ҳар сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мақомҳои давлатии Русия "кафили амният ва назму суботи минтақа" будани кишварашонро ба ҳокимони маҳаллӣ гӯшзад мекунанд.

Ӯ афзуд, "ин ҳавасмандии мо ба пойгоҳи 201-ум вобаста аст. Чунки пойгоҳ ба нерӯи ҳарбии ҳавоӣ эҳтиёҷ дорад. Дар ҳоли ҳозир 4 чархболи ҷангӣ дар ин фурудгоҳ мустақаранд, ки ба пойгоҳи 201-ум тобеъ ҳастанд. Ин чархболҳо мувофиқи вазифаҳои пойгоҳи низомии 201-ум истифода мешаванд."

Фролов гуфт, Русия ба Тоҷикистон шеваҳои гуногуни истифода аз ин фурудгоҳ, аз ҷумла истифодаи муштаракро, пешниҳод кардааст. Ба таъкиди ӯ, дар ҳоли ҳозир матни созишномаи дуҷониба барои истифода аз фурудгоҳи "Айнӣ" омода шуда, дар марҳилаи мувофиқашавӣ қарор дорад.

70 миллион доллари Ҳиндустон

Игор Лякин-Фролов
Игор Лякин-Фролов

Мавзӯи истифодаи фурудгоҳи низомии "Айнӣ" дар канори шаҳри Душанбе солҳост, ки дар Тоҷикистон матраҳ мешавад. Чанде аз кишварҳои хориҷ низ ҳавасмандии худро ҷиҳати иҷораи ин фурудгоҳ ва таъсиси базаи ҳарбиву ҳавоӣ иброз дошта буданд. Беш аз ҳама Ҳиндустон барои истифода аз ин фурудгоҳ алоқамандӣ нишон медод. Ҳиндустон ба хотири ҷойи по пайдо кардан дар ин фурудгоҳ аз соли 2007 бо харҷи 70 миллион доллар иншооту инфрасохтори онро таҷдид ва азнавсозӣ кард.

Пас аз ин сармоягузорӣ, расонаҳои Ҳиндустон яке пайи дигар аз мустақар шудани ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангии он дар ин фурудгоҳ хабар пахш мекарданд. Аммо Душанбеи расмӣ билофосила ин хабарҳоро такзиб мекард. Ин тавсеаталабии Ҳиндустон ва матбуоташ замоне хотима ёфт, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ – вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон дар як нишаст ба хабарнигорон гуфт, "Тоҷикистон ба ҷуз аз Русия дар масъалаи истифодаи фурудгоҳи “Айнӣ” бо дигарон ҳамкорӣ нахоҳад кард."

Тоҷикистон "Айнӣ"-ро муфт намедиҳад?

Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ

Русия тайи соли равон нахуст чархболҳои ҷангии марбут ба пойгоҳи низомии 201-ро дар он ҷо мустақар кард ва баъдан ҳавопаймоҳои ҳарбиаш низ, ки ба хотири иштирок дар як машқи муштарак ба Тоҷикистон омада буданд, дар онҷо фуруд омаданд. Тайи соли равон нерӯҳои Тоҷикистон ва Русия ду дафъа машқҳои муштараки ҳарбӣ доир карда, афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-ум дар шароити куҳистон ва назди марз амалиёти ҷангиро тамрин карданд.

Айни замон, таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, шарики асосии Тоҷикистон дар арсаи ҳарбӣ Русия аст, аммо кишвар набояд ин фурудгоҳро муфт ва бидуни қайду шарт ба ихтиёри Русия бидиҳад. Абдуғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, вазъияти кунунии Тоҷикистон аз солҳои 2005-ум, ки тақрибан муфт пойгоҳи назоратии “Окно“-ро дар ихтиёри Русия дода буд, фарқ мекунад.

"Ҳоло вазъият фарқ мекунад"

Абдуғанӣ Мамадазимов
Абдуғанӣ Мамадазимов

“Замоне ки мо иншооти худро пурра ба ихтиёри дигарон медодем, гузашт. Дар давраи нав идораи чунин иншоотҳо бояд муштарак бошад. Ҳоло вазъият комилан фарқ мекунад”, - гуфт ӯ.

Фурудгоҳи "Айнӣ" иншооти аз Шӯравӣ ба мерос гирифтаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин фурудгоҳ нахуст ба ҳайси макони таъмири ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва як хатти парвоз бунёд шуда буд. То соли 1994 дар қаламрави он эскадриляи 44-уми чархболҳои Русия мустақар буд. Пас аз навсозии он бо кумаки Ҳиндустон хатти парвози ин фурудгоҳ то 3 ҳазору 200 метр дарозтар шуда, ангар ва нуқтаи диспетчерии он навсозӣ шуд.

Русия ва низомиёнаш - кафили кӣ?

Русия худ ва пойгоҳҳои низомиашро дар кишварҳои Осиёи Миёна кафили амнияти минтақа ва кишварҳо медонад ва марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро “сарҳади ҷанубии худ” мешуморад. Дар ҳар сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мақомҳои давлатии Русия "кафили амният ва назму суботи минтақа" будани кишварашонро ба ҳокимони маҳаллӣ гӯшзад мекунанд. Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низоми 201-умро бо 7 ҳазор афсару сарбоз, дар Қирғизистон пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии Кант ва дар Қазоқистон космодроми "Байканур"-ро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG