Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нав дар Русия. Кӣ аз шиноснома ва шаҳрвандӣ маҳрум хоҳад шуд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия рӯзи 31-уми июл тарҳи қонунеро қабул кард, ки тибқи он агар соҳибони шиносномаи русӣ худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабтином накунанд, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум хоҳанд шуд.

Ин тағйирот бо ташаббуси як гурӯҳ аз вакилони порлумони Русия пазируфта шуд. Илова ба ин, барои содир кардани ҷиноят ва ё амале, ки ба амнияти миллии Русия хатар дорад, шаҳрвандии шахс бекор карда мешавад.

Бар асоси тағйироти нав, шуъбаҳои корҳои дохилӣ ҳам маълумотро дар бораи мардони хостори гирифтани шаҳрвандӣ ба феҳрист ё реестри қайди ҳарбӣ мефиристанд.

Мардони хориҷие, ки соҳиби шиносномаи Русия мешаванд, вазифадоранд ҳамон замон аз рӯйи суроғаи зисташон ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд.

Миёни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад ва солона садҳо тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи русиро мегиранд.

Ҷанги идомадори Русия дар хоки Украина, ки мавриди маҳкумияти бисёре аз кишварҳо мебошад, сафарбарии ҳарчи бештари сарбозонро ба ҷанг талаб мекунад.

Мунтақидон мегӯянд, Русия бо роҳи ҷалби шаҳрвандони хориҷии соҳиби шиносномаи русӣ мехоҳад, омори маргумири сокинони бумии ин кишварро камтар кунад, чун мояи эътирози бештари аҳолӣ аз ҳукумат шуда метавонад.

Русия моҳи феврали соли 2022 бедалел ба хоки Украина ҳамла кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG