Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Қудратов: Зайд Саидовро бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ карда буданд


Вакили Зайд Саидов иддаои Ожонси мубориза бо фасод дар мавриди ҷараёин таҳқиқи парвандаи ин соҳибкори боздоштшударо радд кард.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 23 май ба Озодӣ гуфт, иддаои муовини раиси Ожонси зиддифасод Милопар Бандишоевро дар хусуси ин ки Зайд Саидов бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ карда нашудааст, беасос хонд. Шӯҳрат Қудратов гуфт, ки мақомоти Ожонси зиддифасод протоколи ин мулоқотро дар ихтиёри вакилони дифоъ гузоштааст.

Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, бо иқдоми Ожонси зиддифасод Низомхон Ҷӯраев ва муваккили онҳо соати 12 рӯзи 20 май дар бинои дафтари шаҳрии ин ниҳод дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рӯ ба рӯ карда шуданд. Дар ин ҳаракати тафтишотӣ вакили мудофеъи Зайд Саидов Фахриддин Зокиров ширкат дошт.
Оқои Зокиров ҳамон рӯз ба Озодӣ гуфт, ки дар ин рӯбарӯкунӣ Ҷӯраев Саидовро ба гирифтани 100 000 доллар пора айбдор кард, вале Саидов инро радд кард.

Милопар Бандишоев дар сӯҳбат бо нашрияи "Азия плюс", ки имрӯз нашр шуд, гуфтааст, ки ҳеҷгуна рӯбарӯкунӣ миёни Зайд Саидов ва Низомхон Ҷӯраев то ҳол сурат нагирифтааст. Бандишоев ҳамчунин гуфтааст, ки Низомхон Ҷӯраев Зайд Саидовро ба он муттаҳам мекунад, ки корхонаи "Тоҷикатлас"-ро аз ӯ маҷҷонӣ гирифтааст.


Милопар Бандишоев ба "Азия Плюс" гуфтааст, Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш Ҷӯраевро маҷбур кардааст, ки ин корхонаро ба ӯ бидиҳад. Ба гуфтаи Бандишоев, Низомхон Ҷӯраев, ки ҳамчун мудири корхонаи кимиёвии Исфара зердасти Саидов буд, чораи дигаре ба ҷуз аз розӣ шудан ба ин муомиларо надошт. Оқои Бандишоев ба "Азия Плюс" ҳамчунин гуфтааст, ки Саидовро бо Ҷӯраев рӯбарӯ накардаанд. Ин дар ҳолест ки вакилони мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, рӯзи 20 май муваккили онҳоро бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ карданд ва гӯё Ҷӯраев даъво дорад, ки ба Саидов дар замони вазириаш 100 000 доллар пора додааст. Иттиҳоме ки Саидов радд кардааст.

Зайд Саидов соати сеи шаби 19 май баъди бозгашт аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Рӯзи 20 май маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе бо аксарияти оро дахлнопазирии вакилии ӯро бекор кард. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 22 май ҳукми ҳабси Саидов барои 2 моҳи ояндаро содир кард.

Таҳлилгарони тоҷик ҳукми ҳабси думоҳаи Зайд Саидовро якҷониба ва бар зиёни обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мешуморанд. Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 22 май ба Озодӣ гуфт, бо судури ҳукми ҳабс нисбат ба Зайд Саидов “мақомот мехоҳад ин парванда ҳарчӣ зудтар таҳқиқ ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шавад.” Ҷаноби Ҳаким бар ин назар аст, ки додгоҳ ба ин хулоса омад, ки агар шеваи дигари ҳукм — ҳабси хонагӣ ва ё берун нарафтан аз кишварро нисбати Зайд Саидов содир кунад, эҳтимоли тарк кардани Тоҷикистон ё худ халалдор кардани раванди корҳои тафтишотӣ пеш хоҳад омад. Шокирҷони Ҳаким қазияи Саидовро сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки мақомот талош доранд, барои маҳдуд кардани рақибони эҳтимолӣ ба ҳар амале даст зананд, то дар интихоботи моҳи ноябр раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон ягон рақиби ҷиддӣ надошта бошад.

Мақомоти Тоҷикистон баъди онки Зайд Саидов рӯзи 6 апрел аз азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дарак дод, алайҳи ӯ ва ширкатҳои марбут ба ин соҳибкори шинохта чандин парванда бо иттиҳомоте, чун изофанависӣ, бисёрзанӣ, порагирӣ, қаллобӣ ва сӯъиистифода аз мақом боз кардаанд. Аммо додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе рӯзи 22 май ҳукми ҳабси Саидов барои ду моҳро танҳо бо иттиҳоми порагирӣ содир кардааст.

Хабарнигори тоҷик Темури Варқӣ, ки ба нишони ҳамраъйӣ бо Зайд Саидов ба ҳизби Тоҷикистони нави ӯ пайвастааст, рӯзи 22 май ба Озодӣ гуфт, «тамоми коре ки имрӯз алайҳи Саидов анҷом медиҳанд, хориҷ аз ҳадди қонуну эъломияҳо ва ҳар навъ тасаввур дар бораи давлати демократии ҳуқуқбунёд аст. Ҳабси Зайд Саидов ягон маъно надошт. Иттиҳомоти алайҳи ӯ марбут ба чандин соли пеш аст ва имрӯз ошкор ё пинҳон кардани чизе дар робита ба ин иттиҳомот имкон надорад. Ба ҳабс кашидани Саидов баъди талошаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав аҳамчун як чораи тасрдиҳӣ ва фишор ба ӯву тамоми ҳамфикронаш ба назар мерасад.»

Темури Варқӣ афзуд, ин корҳо як навъ аломатест, ки тағйироти ҷиддиеро дар кишвар набояд чашмдор шуд. «Зайд Саидов ягон аҳдофи сиёсиро дунбол намекард, танҳо дар бораи иқтисод ва ташаккули дидгоҳҳои марказгаро ҳарф мезад. Ва ин мушкили бузурги мақомот аст, ки ин қадар кӯтоҳбинанд ва тавони шунидан ва дарки оҳноеро, ки танҳо тағйирот ба сӯи беҳбудӣ, ба сӯи беҳбудии тамоми кишвар, на як гурӯҳи маҳдудро мехоҳанд, надоранд»,- гуфт Темури Варқӣ.



Меҳмоншоҳ Шарифзода, акс аз саҳифаи ӯ дар Фейсбук
Меҳмоншоҳ Шарифзода, акс аз саҳифаи ӯ дар Фейсбук
Меҳмоншоҳ Шарифзода, докторанти донишгоҳи Бергени Норвегия ба Озодӣ гуфт, табиати қудрат дар Тоҷикистон иҷозат намедод, ки ин қазия, тавре мардум мехостанд, ба оромӣ ва бидуни ин ҳама боздошту ҳабсу айбдоркуниҳои пурвоҳима пеш биравад. «Ин қазия ду чизро нишон дод: якум, беқадрии ҳаёти инсон дар пеши қудрат, ва дуввум, нисбат ба ҷомеа бегона будани қудратро,»- афзуд мусоҳиби мо.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00
Линки мустақим


Ба ақидаи ин ҷомиашиноси тоҷик, шеваи шитобзадае, ки мақомоти Тоҷикистон дар қиболи Зайд Саидов пеша карданд, «боис мешавад, ки таҳлилгарони худиву бегона давлати имрӯзаи Тоҷикистонро як давлати худкомаи авторитарие, ки тамоми ниҳодҳои қудратиаш гӯё дар дасти як гурӯҳ ҷамъ шудааст, ба қалам диҳанд.» Меҳмоншоҳ Шарифзода мегӯяд, дар Тоҷикистони имрӯза қонун фақат ба суди як гурӯҳ амал мекунад ва бақия дар як ҳолати беқонунӣ мондаанд, ки ба назари ӯ, боиси хориҷ аз ҳимояти қонун мондани мардумоне, чун Зайд Саидов мешавад.


Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, ҳукми ҳабси Зайд Саидовро баёнгари «ҷиддӣ будани парвандаи вай барои ҳукумат» медонад. Ӯ мегӯяд, дар ҳар шакле, ҳатто ҳабси хонагӣ низ ҳукми додгоҳ содир мешуд, раванди тафтишотро дигар намекард, зеро мушоҳида мешавад, ки мақомот ба ин қазия муносибати хеле ҷиддӣ доранд ва онро қотеъона пайгирӣ мекунанд.


Ҳукми ҳабси думоҳа

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
рӯзи 22 май ҳукми ҳабси соҳибкори шинохта ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидовро содир кард. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони Зайд Саидов, ки ҳамроҳ бо Шӯҳрат Қудратов дар додгоҳ аз соҳибкори боздоштшуда ҳимоят мекарданд, ба Озодӣ гуфт, ки ин мурофиа пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури наздикони айбдоршаванда доир шуд ва беш аз 1 соат идома кард. Исҳоқ Табаров гуфт, "Саидов ҳукми додгоҳро мардона қабул кард."

Зайд Саидов, ки дар мурофиа ширкат дошта ва тақрибан 15 дақиқа суханронӣ ҳам кардааст, гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад ва ин ҳама таъқиботи ӯ баъди эълони азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав оғоз ёфт. Зайд Саидов танҳо тавҷеҳи ҷониби тафтишот барои тамдид замони ҳабси ӯро, ки рӯбарӯ кардани ӯ бо мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев буд, тӯҳмат номида, радд кардаааст. Саидов гуфтааст, ӯ тамоми сарвате, ки дар хориҷ ҷамъ карда буд, барои рушду ободии кишвараш сарф кардааст ва аз Ҷӯраев пора нагирифтааст ва мӯҳтоҷи пули ӯ ҳам набуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00
Линки мустақим


Сӯҳроб Қоҳирӣ, раҳбари дафтари матбуоти Ожонсии мубориза бо фасод низ дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳабари ҳукми ҳабси Зайд Саидовро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд ва ин муддатро дар боздоштгоҳи муваққат сипарӣ хоҳад кард.

Вакилони Зайд Саидов аз додгоҳ хостаанд, ки ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист(подписка о невиезде) раҳо кунанд. Ба гуфтаи вакилон, Зайд Саидов худаш ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуд, сониян, қасди аз тафтишот пинҳон шудан надорад ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ дорад ва дар озодӣ буданаш ба раванди тафтиш монеа эҷод намекунад, балки баръакс, ба ақидаи вакилон, метавонад ба тафтишот кумак расонад. Тавҷеҳи дигари ҷониби ҳимоя маҷрӯҳ будани Зайд Саидов аст, ки модарзодӣ аз як даст маҳрум аст ва боқӣ монданаш дар боздошт метавонад ба вазъи сиҳҳати ӯ низ осеб расонад. Вакилон ҳамчунин гуфтаанд, ки дар ивази раҳоии шартии Зайд Саидов аз ҳисоби амволаш гарав низ пешниҳод кунанд.

Вале ба гуфтаи вакили мудофеъаш Исҳоқ Табаров, додрас Д.М.Толиббоев тавҷеҳоти онҳоро напазируфт ва бар пояи тавҷеҳи ҷониби тафтишот, ки ба гуфтаи ӯ, танҳо як далели рӯзи 20 май бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ кардани муваккили онҳоро дошт, ҳукми ҳабси Саидовро содир кард. Исҳоқ Табаров мегӯяд, агар як додгоҳи боадолат мебуд, набояд бар пояи як далели он ҳам, ба бовари ӯ, ғайри қобили эътимод чунин ҳукм мекард. Вакили мудофеъ низ мутмаин аст, ки таъқиби муваккилаш ба фаъолияти сиёсии ӯ рабт дорад.

Таъқиби Зайд Саидов аз куҷо оғоз мегирад?


Дар мурофиаи рӯзи 22 май алайҳи Саидов аз сӯи Ожонси мубориза бо фасод танҳо иттиҳоми порагирӣ матраҳ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ин ниҳод ба дунболи боздошти соҳибкор гуфта буд, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев ҳолатҳои дар ришваситонӣ, қаллобӣ ва сӯъиистифода аз мақом даст доштани Зайд Саидов ошкор шудааст. Ин маворид ба солҳое, ки ӯ дар мақоми вазири саноати Тоҷикистон ифои вазифа мекард, рабт доштааст. Зайд Саидов соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноат таъйин шуда, аз соли 2001 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд.


Душанбе-Плаза, баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон
Душанбе-Плаза, баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон
Додситонии Душанбе низ рӯзи 11 май хабар дод, ки алайҳи Саидов бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз кардааст. Ожонси зиддифасод ҳамчунин ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал"-ро, ки низ ба ин соҳибкор марбут дониста мешавад, ба изофанависӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ дар ҷараёни сохтани "Душанбе-Плаза"- баландтарин бинои пойтахт муттаҳам кардааст.

Ин парвандаҳо баъди он эълон шуданд, ки Зайд Саидов рӯзи 6 апрел аз азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Гурӯҳи ташаббускори ҳизби ҷадид мегӯяд, таъқиби раҳбараш решаҳои сиёсӣ дорад. Худи Зайд Саидов қабл аз бозгашташ ба Душанбе дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, гуфта буд, ин ҳама фишорҳо ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ ва талоши таъсиси ҳизби сиёсиаш рабт мегирад.
.
XS
SM
MD
LG