Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар хонаи нав. Нахустин Наврӯзи чоргоникҳои Гулшан (ВИДЕО)


Чоргоникҳое, ки рӯзи 30 январ дар Душанбе ба дунё омаданд, нахустин Наврӯзи худро дар манзили нав дар маркази пойтахти Тоҷикистон пешвоз мегиранд.

Фотима, Зӯҳро Хадича ва Фирдавс чоргоники думоҳа нахустин наврӯзи худро дар хонаи нав ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароит истиқбол мегиранд. Ин 4 тифли дӯстрӯй, ки рӯзи 30-юми январ дар пойтахт ба дунё омаданд, аз зоишгоҳ рост ба манзили навашон, ки тӯҳфаи президент ба онҳо буд, рухсат шуданд. Ҳоло хушбахтии Гулшан Маҷнунова, модари ҷавони ин чоргоник, ҳадду канор надорад.

Таваллуди чоргоник зиндагии ин хонаводаро комилан дигар кард. Вай акнун метавонад фарзандонашро дар манзили 3-ҳуҷрагии худ воқеъ дар маркази шаҳр ба воя расонад.

“То 7-уми март дар зоишгоҳ будам. Дар ин байн чанд бор маро мехостанд рухсат кунанд, аммо чун шароити зистам хуб набуд, духтуронро зориву тавалло кардам, ки то беҳтар шудани навзодҳо он ҷо бимонам. Вақте як кумиссиюн аз раёсати тандурустии шаҳр рафта, хонаи зисти моро диданд, ба хулосае омаданд, ки шароиташ номусоид аст ва бояд хонаи моро зудтар омода кунанд. Ҳамин тавр, рӯзи 7 уми март моро аз зоишгоҳ рост ба ин хона оварданд,” - мегӯяд Гулшан.

Нахустин наврӯзи чоргоникҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:46 0:00

Нигоҳубини 4 тифл барои ин модари ҷавон ба танҳоӣ осон набуд. Таъини доя барои ин навзодон аз ҷониби шаҳрдорӣ кору зиндагии модари онҳоро, ки муддате хӯрду хобро фаромӯш карда буд, хеле осон кардааст.

Ба гуфтаи Нозигул Тағоева, дояи чоргоник, “сиҳатии кӯдакҳо хуб аст. Аз соати ҳашти субҳ то соати панҷи бегоҳ ман вазифадорам ба модари онҳо кӯмак кунам. Онҳоро массаж мекунам, хӯрок медиҳам, мехобонаму тоза нигоҳ мекунам. Дар як рӯз 2-3 маротиба либосашонро иваз мекунем.”

Фотимаву Зӯҳро ва Хадичаву Фирдавсро бо хоҳиши Гулшан, модари ин атфол раисҷумҳур ном гузоштааст. Фотимаву Хадича ҳушёру серҳаракатанд. Ва Зӯҳрову Фирдавс баръакс оромтабиат. Ин модар ҳоло тамоми хислатҳои 4 тифлашро омӯхтааст ва бо шавқ ба мо дар бораи ҳар ҳаракату рафтори онҳо қисса мекунад.

Аммо як моҳи пеш Гулшан ҳатто дар фарқгузорӣ байни чоргоникаш азият мекашид: “Рӯзҳои аввал масалан, ҳангоми шир додан, каме мушкил мекашидам, намедонистам, ба кадомаш додааму ба кадомаш не. Баъд бо машварати духтурон дар пешонии ҳамааш бо ранг нишона мегузоштам. Масалан дар якумӣ як, дар дуввумӣ – ду... Ҳамин тавр, тариқи нишона метавонистам фарқ кунам онҳоро.”

Таваллуди чоргоник дар Тоҷикистон ба шабу рӯзе рост омад, ки соли 2015 дар ин кишвар Соли оила эълон шуд. Масъулини ҳукумат ҳам ин рӯйдодро фоли нек хонданд ва президент супориш дод, ин хонаводаро бо манзил ва ҷиҳози рӯзгор таъмин кунанд.

Қарор буд, калиди хона ба хонаводаи чоргоник рӯзи 20 март, дар арафаи ҷашни Наврӯз супурда шавад, аммо бо сабаби номусоид будани ҷои зисти Гулшан, ин кор барвақттар иҷро шуд. Падари чаҳоргоник ҳам агарчӣ ҳоло ҷои аниқи корие надорад, хеле сарташвиш аст. Ин Наврӯз барои хонаводаи ӯ наврӯзии хос аст ва омодагии ҷиддӣ мегирад.

Комил Шералиев, падари навзодон мегӯяд: “Ҳамин ҳоло либосу ҷиҳози мондаро аз хонаи аввалӣ ба ин ҷо овардам. То Наврӯз бояд хонаро пурра ҷо ба ҷо кунем, бо умеде ки зиндагиамон бо 5 тифл дар ин хона хушу пурбаракат бошад.”

Комил худ маълумоти олӣ надорад, вале орзуяш ин аст, ки фарзандонаш ҳама соҳибмаълумот бошанд. Аммо орзуи наврӯзии Гулшан ҳоло фақат сиҳатии фарзандону тарбияи дурусти онҳост: “Ин сол ва ин Наврӯз воқеан барои ман хотирмон аст. Барои ҳар модар шароити хубро орзу мекунам, то тавонанд, навзодонашонро бидуни мушкил ва дуруст ба воя расонанд.”

XS
SM
MD
LG