Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи парвозҳои Asia Airways баъди суқути ҳавопаймояш дар Африқо


Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар Судони Ҷанубӣ
Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар Судони Ҷанубӣ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар пайи суқути як ҳавопаймои Asia Airways парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро то анҷоми таҳқиқот боздоштааст.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи дар кишвари африқоии Судони Ҷанубӣ суқут кардани як ҳавопаймои борбари Asia Airways парвози ҳавопаймоҳои дигари ин кишварро муваққатан мутаваққиф кардааст. Юсуф Раҳмонов, раҳбари департаменти авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат муваққатан, то анҷоми таҳқиқи қазияи суқути ҳавопаймояш дар Африқо манъ мешавад. Оқои Раҳмонов гуфт, ҳавопаймои суқуткарда дар асл ба ширкати Ala International LTD-и Имороти Араб тааллуқ дорад ва аз сӯи он кор фармуда мешуд. Ӯ гуфт, ин ҳавопаймо дар Тоҷикистон танҳо сабтином шуда буд. Ин дар ҳолест, ки Нарзиқул Ҳамроев, мудири Asia Airways як рӯз қабл гуфта буд, ҳавопаймо марбут ба ширкати онҳост.

Рӯзи 4 ноябр бар асари суқути ҳавопаймои АН-12 дар фурдугоҳи Ҷуба, пойтахти Судони Ҷанубӣ, дастикам 36 нафар ҳалок шуданд. Бархе манобеъ шумори қурбониёнро то 40 нафар мегӯянд. Гуфта мешавад, ҳавопаймо ба қасди Палоч дар аёлати Нили боло парвоз мекард, вале дар наздикии фурудгоҳи байналмилалӣ болои як шаҳраки моҳигирон суқут кард ва дар байни қурбониёни сокинони ин шаҳрак ҳам ҳастанд.

Ширкати Антонови Украина, ки ҳавопаймоҳои навъи АН бар асоси тарҳҳои он сохта шудаанд, гуфт, ҳавопаймои АН-12, ки дар Судони Ҷанубӣ суқут кард, ҳанӯз соли 1971 дар корхонаи ҳавопаймосозии Тошканд сохта шуда, дигар қобили парвоз набуд ва дар ин авохир аз санҷишҳои лозими фаннӣ низ нагузашта буд.

Маҳалли суқути ҳавопаймо
Маҳалли суқути ҳавопаймо

Мудири Asia Airways Нарзиқул Ҳамроев қаблан гуфт гуфт, ҳамаи 6 узви экипажи ҳавопаймо – 5 шаҳрванди Арманистон ва як шаҳрванди Русия – ҷон бохтаанд. Вале ба гуфтаи сухангӯи президенти Судони Ҷанубӣ Атени Век, ду нафар – як узви экипаж ва як кӯдак – аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардаанд.

Юсуф Раҳмонов, раҳбари департаменти авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, як ҳайъат аз ин ниҳод низ барои ширкат дар таҳқиқи қазия ба Судони Ҷанубӣ меравад. Ӯ гуфт, баъди суқути ҳавопаймо 5 ҳавопаймои дигари Asia Airways низ таҳти санҷиш қарор дода хоҳанд шуд, ки оё то куҷо барои анҷоми парвозҳо мувофиқанд.

Юсуф Раҳмонов: То анҷоми тафтишот чунин қоида аст. Парвози ҳавопаймоҳои ширкта муваққатан боздошта мешаванд барои бурдани тафтишот.

Радиои Озодӣ: Департаменти Шумо ҳам аз тарафи худ коре анҷом медиҳад барои таҳқиқи ин қазия?

Юсуф Раҳмонов: Бале. Мо як хадамоти вижаи назорат ва танзими парвозҳо дорем ва онҳо низ ин масъаларо таҳқиқ мекунанд. Онҳо рафта дар таҳқиқоте, ки дар Судони Ҷанубӣ анҷом мешавад, рафта иштирок мекунанд.

Радиои Озодӣ: Парки ҳавопаймоҳои ширкати Asia Airways низ таҳқиқ мешавад, ки оё ҳавопаймоҳои боқимондааш то куҷо мувофиқ ҳастанд барои анҷоми парвозҳо?

Юсуф Раҳмонов: Бале. Ин ширкат 5 ҳавопаймо дорад, ки ҳама боркашанд ва ҳамаи онҳо мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт.

Радиои Озодӣ: Бюрои Антонов гуфтааст, ки ҳавопаймои суқуткардаи ширкати Asia Airways чанд муддат боз аз санҷиш нагузашта буд ва барои парвоз мувофиқ набуд. Хабар доред аз ин?

Юсуф Раҳмонов: Аз ин хабар надорем, вале ҳавопаймое, ки суқут кард, моли хусусии ширкати Ala International LTD мебошад.

Радиои Озодӣ: Яъне дар Тоҷикистон парвоз намекард ҳеҷ вақт?

Юсуф Раҳмонов: На. Ala International LTD ширкати Имороти Муттаҳидаи Араб аст ва ин ҳавопаймои АН-12 ба ҳамин ширкат тааллуқ дорад.

Радиои Озодӣ: Пас ба Asia Airways чӣ дахле дошт он?

Юсуф Раҳмонов: Он бар асоси шартномаи байни ин ширкатҳо парвоз мекард. Ва дар Судони Ҷанубӣ ҳам ин ҳавопайморо ҳамон ширкати Иморот кор мефармуд.

Радиои Озодӣ: Яъне дар Тоҷикистон танҳо сабти ном шуда буд?

Юсуф Раҳмонов: Бале, дар Тоҷикистон фақат сабти ном шуда буд. Дигар ягон дахле ба Тоҷикистон надошт. Ҳайъати ҳавонавардонашу техникҳояш ҳам аз Тоҷикистон набуданд.

Радиои Озодӣ: Ҳайъате ки гуфтед, кай меравад ба Судони Ҷанубӣ? Ҳанӯз маълум нест?

Юсуф Раҳмонов: Дар ҳоли ҳозир дар тараддуди ба даст овардани виза мебошанд.

Радиои Озодӣ: Дар гузашта ҳам буданд чунин мавридҳои суқути ҳавопаймоҳои марбут ба Тоҷикистон дар хориҷ?

Юсуф Раҳмонов: Дар гузашта набуд. Ин бори аввал аст ва дигар Худо нишон надиҳад.

XS
SM
MD
LG