Баҳори имсол дар Тоҷикистон ду падарро барои ба мактаб нафиристодани духтарони 13-солааш ҳазорон сомонӣ ҷарима бастанд. Волидон гуфтанд, ки азбаски мактаб ҳоҷатхонаи дуруст надошт, нагузоштанд, фарзандонашон ба мактаб раванд.
“Хоҷатхонааш дар надорад. Чӣ хел духтарҳо дар ин гуна мактаб мехонанд?” - гуфт, Оймаҳмад Ёров, падари Хадичамоҳ, сокини деҳаи Виткони ноҳияи Масчоҳ.
Аз таҳсил дур мондани духтари ин сокини Масчоҳ фақат як паёмади манфии набуди имконоти беҳдоштии муносиб дар мактабҳои Тоҷикистон аст. WaterAid, як муассисаи байналмилалии имдодӣ мегӯяд, набуди ҳоҷатхонаи муносиб дар мактабҳо оқибатҳои зиёди бад дорад.
“Ба сабаби набуди обу имконоти беҳдоштии муносиб, аз оби олуда ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд. Дар ҳар ду дақиқа 1 кӯдак дар ҷаҳон аз чунин бемориҳо мефавтанд. Яъне 800 кӯдак дар як рӯз ва дар як сол тақрибан 300 ҳазор кӯдак аз чунин бемориҳо мефавтанд“ - мегӯяд Савио Карвало, намояндаи созмон.
Нисфи мактабҳои Тоҷикистон ҳоҷатхонаи дуруст надоранд?
Ӯ рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз раҳбарони ҷаҳон мехоҳанд, ба масъалаи адами ҳоҷатхонаҳои муносиб дар мактабҳо расидагӣ кунанд, зеро беэътиноӣ ба ин масъала нодида гирифтани ҳуқуқи кӯдакон ва нодида гирифтани ояндаи кишварҳояшон аст.
"Агар ҳукуматҳо барои тамоми мактабҳо ҳоҷатхонаҳои дуруст муҳаё кунанд, на танҳо ба наслҳои ҳозира, балки наслҳои оянда кӯмак мекунанд. Мо мехоҳем, ин дастрасӣ ба ин имконот ҳамчун масъалаи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили муносиб, сиҳатӣ ва амният баррасӣ шавад” – гуфт, Савио Карвало.
WaterAid бо нашри гузорише зери унвони “Буҳрон дар синфхонаҳо. Вазъи ҳоҷатхонаҳо дар соли 2018” навиштааст, ки беш аз нисф ва ё 56 дар сади мактабҳои Тоҷикистон васоили муносиби беҳдоштӣ, аз ҷумла ҳоҷатхонаҳои дуруст надоранд.
Бақияи мактабҳо яъне 44 дар сад ҳоҷатхона ва васоили аввалияи беҳдоштӣ, аз ҷумла оби пок барои шустани дасту рӯй доштаанд. Ба таъбири дигар агар дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллион кудаку наврас таҳсил кунанд, нисфе аз онҳо ба васоили беҳдоштии ҳатмӣ барои ҳар инсон дастрасӣ надоранд.
"Туалет намеравем, зеро ваҳшатнок аст"
Дилбар, ки дар яке аз мактабҳои миёна дар ноҳияи Ҳисор таҳсил мекунад, мегӯяд, ду се сол пеш ҳеҷ гоҳ ба ҳоҷатхонаи мактабашон намерафт, зеро онҷо ваҳшатнок аст.
“Не мо онҷо намеравем, онҷо фақат кӯдакон мераванд, чун бадбӯ аст ва имконоти дуруст надорад” – гуфт Дилбар ба Радиои Озодӣ.
Аммо ба қавли ӯ, чанде пеш дар мактабашон барои духтарон ҳоҷатхонаи алоҳида сохтанд, ки муаллимон ҳам аз он истифода мебаранд ва шароиташ беҳтар аст ва обу васоили беҳдоштии дуруст дорад.
Қазои ҳоҷат дар берун дигар дар Тоҷикистон ба назар намерасад.
Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал низ дар гузашта барои рафъи мушкилоти ҳоҷатхонаҳо дар мактабҳои Тоҷикистон барномаҳое иҷро кардааст, нақли як мактабхонеро овардааст, ки мегӯяд, “Ҳоҷатхонаи мо, як туалети маъмулии 30-сола аст, ки нисфи бомаш нест, деворҳояш ҳам рехтаанд. Агар борон борад, қазои ҳоҷат дар он имконнопазир аст.”
Баъзе аз омӯзгорон мегӯянд, кӯшиш мекунанд, саҳар об ва ё чой нахӯранд, то эҳтиёҷ ба ҳоҷатхона намонад. Коре, ки ба гуфтаи табибон, ба сиҳатии инсон зарар дорад, чун оби кам дар бадан боиси хуруҷи бемориҳои гуногун мешавад.
Мақомот: "Вазъ ба ин ҳад бад нест, ки мегӯянд"
Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъ дар мактабҳои Тоҷикистон ба ин ҳад бад нест ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин бора муболиға мекунанд. Ба гуфтаи Ҳаким Худойбердиев, раиси Маркази ҳаёти солим дар вилояти Хатлон, мардуми тоҷик аз қадим ба масъалаи назофат ва беҳдошт аҳамияти ҷиддӣ медод ва ҳанӯз ҳам ин масоилро ҷиддӣ мегирад.
“Дар Тоҷикистон бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз нав сохта шудаанд ва ё тармим шудаанд ва мешаванд. Ҳамаи инҳо бо назардошти лоиҳаи сохтмон иҷро мешаванд ва дар тарҳ ҳамаи ҷиҳатҳо ба инобат гирифта мешавад ва аз он ҷумла ҳоҷатхона ва имконоти дастшӯӣ ва риояти гигиенаи шахсӣ. Инҳо ҳатман ҳастанд” – гуфт, ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Бонки Ҷаҳонӣ низ дар як таҳқиқи фарогире дар бораи дастрасӣ ба имконоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, дастрасӣ ба имконоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон бахусус дар як даҳсолаи гузашта бисёр беҳтар шудааст.
“Қазои ҳоҷат дар берун дигар дар Тоҷикистон ба назар намерасад. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ агар дар соли 2005-ум 6 дар сади аҳолии Тоҷикистон ҳоҷатхона надоштанд, дар соли 2016 теъдоди хонаводаҳое, ки аз муҳимтарин васоили беҳдоштӣ маҳрум буданд, аз як дар сад ҳам камтар шудааст" - омадааст, дар таҳқиқот.
Омори Бонки Ҷаҳонӣ бар асоси маълумотест, ки худи мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин солҳо имконоти беҳдоштӣ ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар рустоҳо беҳтар шудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, “Дар Бадахшон бештар аз ҳама мардум туалет надоштааст, вале дар умум аҳолии зиёде, ки туалет надоранд, дар чанде аз навоҳии Хатлону Суғд ва Навоҳии тобеи марказ ҳастанд.”
Ман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мегӯям, ки ин дигар масъалаи хусусӣ нест, ин масъалае нест, ки аз гуфтанаш шарм дорем.
Айни замон дар Тоҷикистон муассисаҳои имдодӣ барномаҳои беҳтар кардани дастрасӣ ба имконоти беҳдоштиро амалӣ мекунанд. Яке аз ин тарҳҳо оид ба саломатӣ ва ғизо аст, созмонҳои хайрияи IntraHealth International ва ABT Associates бо кӯмаки ҳукумати Амрико ва USAID, Оҷонси рушди байналмилалии Амрико дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Яке аз бахшҳои барнома, кӯмак ба аҳолӣ барои дастрасӣ ба ҳоҷатхонаҳои бехатар ва муносиб аст.
Аҳамияти ҳоҷатхонаҳои дуруст
Ато Табаров, ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳа рӯзи 19-уми ноябр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, доштани як ҳоҷатхонаи муносиб чӣ барои як оила ва ё мактаб бисёр муҳим аст.”
“Аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили кирмҳои шикам, домана ва ғайра пешгирӣ мекунад. Аз фалокат, аз қабили афтодани одамону ҳайвонот ба дохили ҳоҷатхона, аз ифлосшавии об, бахусус оби нӯшокӣ, аз пешгирии бӯи бад, ки баъди қазои ҳоҷат дар либоси одам мемонад, пешгирӣ мекунад” – омадааст дар посухи Ато Табаров ба Радиои Озодӣ.
Бо вуҷуди оқибатҳои манфии набуди ҳоҷатхонаҳои муносиб, ба гуфтаи Савио Карвало, намояндаи WaterAid расонаҳо аз инъикоси ин масъалаҳо парҳез мекунанд ва онро ҷиддӣ намегиранд.
“Ин масъала бисёр муҳим аст. Агар мо барои мактабҳо сармоягузорӣ накунем, барои наслҳои оянда сармоягузорӣ накунем, сулҳу амният ва кишвари шукуфо дошта наметавонем. Ман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мегӯям, ки ин дигар масъалаи хусусӣ нест, ин масъалае нест, ки аз гуфтанаш шарм дорем. Бояд дар бораи ин масъала дар ҷомеа ошкор сухан гуфт, зеро ба тақдири миллионҳо нафар кӯдак таъсир мегузорад “ – гуфт, Савио Карвало.
Аз ҷумла ба сарнавишти духтари 13-сола аз ноҳияи Масчоҳ, ки муштоқи таҳсил аст ва набуди ҳоҷатхонаи муносиб сабаби дур монданаш аз мактаб шудааст.