Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри Кумитаи меъморӣ барои бунёди ҳоҷатхонаҳои замонавӣ


Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фармон додааст, ки дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан дар Тоҷикистон хонаи модару кӯдак сохта шавад. Дар фармоне, ки раиси кумитаи рӯзи 2-уми июл содир кардааст, гуфта мешавад, ки “дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ташкил ва бунёд намудани хонаи модару кӯдак ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тарҳи замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.“ Фармони мазкур рӯзи 14-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Айни замон дар ин фармоиш аз мақомоти шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон хостаанд, ки “дар доираи корҳои ободонӣ бунёди таваққуфгоҳ ва ҳоҷҷатхонаҳоро дар канори роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла роҳҳои сохташаванда, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳо дар асоси лоиҳаҳои намунавии мувофиқашуда тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд. “

Бисёре аз фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан дар Тоҷикистон аз утоқи муносибе, ки занон тавонанд, кӯдаконашонро онҷо либос пӯшонанд, маҳруманд. Дигар масъалаи муҳим набудани ҳоҷатхонаҳо дар канори шоҳроҳҳои Тоҷикистон аст ва дар гузашта баъзе аз хориҷиён шикоят кардаанд, ки маҷбур будаанд, то расидан ба маҳалле, ки ҳоҷатхонаи муносиб дошта бошад, соатҳо “тоқат кунанд.

XS
SM
MD
LG