Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кушта шуданд." Нақли як фармондеҳи украин дар бораи раҳоӣ аз муҳосираи русҳо


Торетск, Украина
Торетск, Украина

Як фармондеҳи украин, ки ҳамроҳ бо сарбозонаш беш аз як моҳ дар як бинои сарду вайрона ҳадафи ҳамлаи русҳо қарор дошт, мегӯяд, ғайриинтизор ӯ ва гурӯҳаш барои идомаи ҷанг нерӯе пайдо карданд, ки барояшон имкон дод, аз ин муҳосира зинда берун оянд.

Боҳдан Кушнир қиссаи дилхарошеро ҳикоят кард, ки чӣ тавр ҳамроҳи шаш сарбози дигари худ бо вуҷуди захмӣ будани баъзеи онҳо то лаҳзаи охир ҷангид, ҳалқаро шикаст ва ҳатто чанд русиягиро асир гирифт.

Фармондеҳи украин, Боҳдан Кушнир, мехост, аз мавқеи даста ё бригадаи пулиси миллӣ дар Торетск, ҷабҳаи шарқии Украина хабар гирад ва ба он ҷо сафар кард, аммо бо шаш сарбоз зери оташи нерӯҳои Русия монд. Тамоми баромадгоҳҳо барояшон баста шуд ва ба дом афтоданд.

Дар ин даргирӣ украинҳо ва нерӯҳои Русия то ҳадде дар масофаи ба ҳам наздик буданд, ки ҳамдигарро таҳқиру душном мекарданд. Дар ҳамин ҳол, ҳамсафони дигари онҳо бо ҳавопаймоҳои низомӣ барои пайдо кардани мавқеи русиягиҳо ба сарбозони бандмонда роҳи кумак меҷустанд.

Пас аз 3 ҳафта 7 украинӣ захмӣ шуданд. Бархе дар ҳавои сард бемор шуданд, бо ин вуҷуд онҳо аз як бинои вайронае, ки деворҳояш чаппа шуда, тирезаҳояш шикаста буд, тир мепаронданд.

Кушнир дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Шумо дар даст силоҳ доред ва барои зинда мондани худ талош мекунед, тамоми нерӯро истифода мебаред, то дастаи худро наҷот диҳед.”

Шаҳри Торетск дар вилояти Донетск чанд моҳ боз ба маркази даргириҳо қарор гирифтааст. Дар ҳоле ки русҳо аз ишғоли минтақа хабар медиҳанд, нерӯҳои Украина ин иддаоро рад мекунанд.

Нерӯҳои Русия дар наздикии он, аз ҷумла онҳое, ки барои назорати Покровск меҷанганд, тақвият дода шуданд, аммо пешрафтҳо суст будааст. Бахши зиёди Торетск ҳоло аз вайронаҳо иборат аст ва сарбозоне, ки дар ин ҷо меҷанганд, паноҳгоҳ надоранд.

Кушнир мегӯяд, дар чунин вазъу шароит иродаи сарбоз санҷида мешавад. “Ман худро ягон одами ғайриодӣ намедонам, вале одам гоҳе бояд тавре рафтор кунад, ки дар зиндагии ғайринизомӣ ту шояд онро ҳеҷ гоҳ накардаӣ.”

Ба нақли ӯ, нерӯҳои Русия азми қатъӣ доштанд, то мавқеи украиниҳоро аз худ кунанд, аммо ин талош чандон муассир набуд. “Ин бисёр ҷасурона буд,” – гуфт Кушнир ва афзуд: “Ин як ҳамлаи тасодуфӣ набуд, онҳо аз соати панҷи субҳ сар мекарданд ва агар аз як нуқта ворид шуда наметавонистанд, то соати 5 и бегоҳ нуқтаи дигари даромадро меҷустанд.”

Вай тавонистааст тирпаронӣ дар ҷанги рӯ ба рӯ ва ё даргирӣ дар масофаи бисёр наздикро ба навор гирад. Ҷанге, ки дар он ду ҷониб ба сӯйи ҳам дод задаву садо баланд мекарданд. Ҳарчанд бархе русиягиҳоро ба таслим шудан даъват мекарданд, касе намехост ақибнишинӣ кунад ва ба мавқеи бехатар гузарад.

“Гурӯҳе, ки дар ин навор тасвир шудааст, таслим нашуд,” – гуфт, Кушнир. “Онҳо дар он ҷо кушта шуданд.”

Саранҷом аввали моҳи март, нерӯҳои Украина бо мошинҳои зиреҳпӯш берун оварда шуданд ва бо хушҳолӣ ба ҳамроҳони худ дар ғарб пайвастанд.

XS
SM
MD
LG