Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои азодорӣ монеагӣ набуд." Вокуниши Маркази Исмоилия ба гузоришҳои "Forum 18" ва Радиои Озодӣ


Ҷамоатхона. Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Ҷамоатхона. Хоруғ. Акс аз бойгонӣ

Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе дар номае ба Радиои Озодӣ гузоришҳоро аз монеагузории мақомоти Тоҷикистон ба сӯгворӣ аз даргузашти Оқохони 4 рад кард. Радиои Озодӣ дар ин бора ба нақл аз матлаби бунгоҳи "Forum 18" дар моҳи марти имсол хабар дода буд.

"Forum 18" дар навиштаи худ мақомоти Тоҷикистонро танқид кард, ки монеи баргузории маросими исмоилиён дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе шудаанд.

Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе менависад, чунин монегузорӣ рух надодааст, вале меафзояд, "дар бинои Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бинобар садамаи ноқилҳо барқ хомӯш гардид ва дарҳол таҷҳизоти барқӣ ба генератор пайваст шуд. Ширкаткунандагон қисмати охири маросимро натавонистанд ҳамроҳӣ кунанд."

Баъдан дар Душанбе ва Хоруғ видеои ин маросим барои аъзои ҷамоат ба намоиш гузошта шуд, - омадааст дар номаи Маркази Исмоилияи Душанбе.

Вокуниши Маркази исмоилия
Вокуниши Маркази исмоилия

Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиён шаби 4-уми феврал даргузашт. Ба гузориши пойгоҳи “Forum 18”, садҳо кас рӯзи 5-уми феврал дар Маркази исмоилия дар Хоруғ ҷамъ омада, ба хотири даргузашти ӯ азо гирифтанд. "Вале афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мансабдорони дигари маҳаллӣ баландгӯйҳоро бардоштанд, то садои дохили биноро касе нашунавад," – навишта буд “Forum 18” аз қавли яке аз пайравони исмоилия.

Мақомот ин шикоятҳоро расман шарҳ надоданд. Танҳо Ғолиб Ниятбекзода, сухангӯи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шарҳи матлаби Радиои Озодӣ дар Фейсбук навишт, мақомот барои баргузории маросими азодорӣ дар шаҳри Хоруғ ягон мушкил насохтаанд.

Ба гузориши “Forum 18”, рӯзи 11-уми феврал замоне ки гурӯҳе дар Маркази исмоилия дар Душанбе ҷамъ омада буданд, то маросими пешвои нави исмоилиён эълон шудани Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони панҷро ба таври онлайн бубинанд, барқ қатъ шуд. “Коргарон хостанд, ки генераторро ба кор дароранд, аммо маъмурони пулис огоҳӣ доданд, ки ин корро накунанд вагарна ҷазо хоҳанд гирифт,” – гуфтааст яке аз шоҳидони ҳодиса ба “Forum 18”. Мақомот ин шикоятҳоро то ҳол расман шарҳ надодаанд.

Фирқаи исмоилия дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 миллион пайрав дорад. Пайравони ин равия асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд. Бештари сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳам исмоилӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG