Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомхатибҳо: Истиқбол аз Соли нав ҳам ақлан, ҳам шаръан ҷоиз аст


Бобои барфӣ дар кӯчаҳои Тошканд
Бобои барфӣ дар кӯчаҳои Тошканд

Имомхатибони масҷидҳои Узбакистон дар намози ахири ҷумъа истиқбол аз Соли нави милодиро барои мусалмонон “ҳам ақлан ва ҳам шаръан ҷоиз” номидаанд.

Имомхатибони масҷидҳои Узбакистон дар хутбаи намози ҷумъаи рӯзи 26 декабр, ки охирин намози ҷумъа дар соли милодии 2014-ум буд, истиқбол аз Соли нави милодӣ аз сӯи мусалмононро “ҳам ақлан ва ҳам шаръан ҷоиз” ҳукм кардаанд. Имомхатибон ба намозгузорон матни мавъизаи аз сӯи Идораи мусалмонони Узбакистон таҳияшударо қироат карданд, ки он бо такя ба китоби “Баёнунлинос”, ба ҳадиси шариф ва ҳам ба 5 ояти аввали сураи “Рум” аз китоби “Қуръон” ҷашн гирифтани Соли нави милодиро барои мусалмонон ҷоиз мешуморанд. Дар тезисҳои мавъизаи "солинавӣ"-и идораи мусалмонҳои Узбакистон бо такя ба сураи "Рум" гуфта мешавад, ки мусалмонон ба ғайр аз ду иди Рамазону Қурбон ба таҷлили идҳои дигари динию дунявӣ низ ҳақ доранд.

Дар сомонаи расмии идораи мусалмонони Узбакистон – muslim.uz - матни ин мавъиза низ нашр шудааст. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар байни мардум ақидае ҳаст, ки гӯё Соли нав иди масеҳиён аст, на аз мусалмонон. Мо ба ин зумра гуфтанием, ки Соли нав ин нуқтаи таҳвили сол, яъне анҷоми як сол ва оғози соли дигар аст ва танҳо фурсатест барои натиҷагирӣ аз ончӣ ки дар як соли гузашта доштед, ва ба нақша кашидани барномаҳоятон барои соли оянда. Ва бино бар ин, Соли нав мухолифи қонунҳои Шариат нест.”

Арчаи солинавӣ дар Тошканд
Арчаи солинавӣ дар Тошканд

Идораи мусалмонони Узбакистон дар ин мавъиза ё тезисҳои тавсиявияш ҳамчунин мегӯяд, “ҳар рӯзе ки дар зиндагии мо пеш меояд, рӯзи Худост ва мо бояд барои ҳар рӯзе ки дар зиндагиамон мебинем, ба Худованд ҳамду сано бифиристем. Соли нав низ рӯзи Худост ва бояд барои он ҳам ба Худованд шукр гуфт.”

Дар хулосаи ин тезисҳои омадааст, ки “агар мусалмонон Соли нави милодиро на ҳамчун иди динӣ, балки танҳо ҳамчун нуқтаи таҳвили сол ва як фурсати натиҷагирӣ таҷлил кунанд,ҳам ақлан ва ҳам шаръан ҷоиз аст."

Аммо Абдулазиз Мансур, муовини муфтӣ ва раиси шӯъбаи фатвои Идораи мусалмонони Узбакистон рӯзи 29 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сухан дар ин маъвизаҳо на дар бораи таҷлил, балки танҳо дар бораи истиқбол аз Соли нави милодӣ меравад. Ба гуфтаи ӯ, истиқбол аз таҷлил фарқ мекунад ва мухолиф ба қонунҳои Шариат нест.

Имомхатибон дар солҳои гузашта ҳамин гуна ба сурати дастаҷамъӣ аз таҷлили идҳои расмии ин кишвар, аз ҷумла аз 8 март ва аз иди Наврӯз пуштибонӣ кардаанд. Аз ҷумла ба ҳимоят аз таҷлили мусалмонон аз иди Наврӯз дар яке аз намозҳои ҷумъаи соли гузашта дар як масҷиди Тошканд гуфта мешуд, ки Наврӯз як иди ободонист, ки дар арафааш мардум бо баргузории ҳашарҳои кӯчаву маҳалла ва хонаҳои худро поку рӯбучин мекунанд, якдигарро табрик мегӯянд, ба ҳам тӯҳфа медиҳанд ва ба ин далел, ин ид зидди меъёрҳои Шариат нест.

Дар Тоҷикистон низ тақрибан дар арафаи ҳар иди Соли нав баҳси ин масъала бармехезад, ки оё таҷлили ин ид аз сӯи мусалмонон то куҷо ҷоиз аст. Бархе рӯҳониёни тоҷик бар ин назаранд, ки таҷлили Соли нав аз мавлуди Исои Масеҳ, ки католикҳову протестантҳо 25 декабр ва православиҳо 7 январ ҷашн мегиранд, фарқ мекунад ва ҳамчун рӯзи таҳвили сол ҷашн гирифтанаш айбе надорад.

Аммо бахше дигар аз рӯҳониёни тоҷик ва бавижа пайравони равияҳои тунрави мазҳабӣ мухолифи ҳар навъ таҷлили ин ид дар ҷомиаи беш аз 90 дарсадаш мусалмони Тоҷикистон мебошанд. Дар байни диндорони тоҷик ҳамин тавр, назарҳо ба идҳои дигар, аз ҷумла ба Наврӯз низ яксон нест.

XS
SM
MD
LG