Қисме аз онҳо солманд ҳастанд ва дигар оилаҳо шахси маъюбу фарзандони хурдсол доранд. Шикояти онҳо ба чандин ниҳод бенатиҷа мондааст.
Рухшона Шарипова бе кӯмаки шавҳараш наметавонад берун барояд. Ӯ бо вуҷуди маъюби гурӯҳи якум будан, метавонад бо аробача ҳаракат кунад, вале набудани лифт дар баландошёнаи истиқоматиашон онҳоро ба ҳолати танг овардааст. Хонаи онҳо дар табақаи нуҳум қарор дорад. Рухшона Шарипова муаллимаи забони англисӣ аст, аммо бинобар набудани лифт маҷбур аст дар хона бекор нишинад.
Ӯ мегӯяд, мақсади харидани хонаи нав беҳбуд бахшидани ҳаракати ӯ буд. Ӯ гуфт: “Вақти ба инҷо кӯчида омадан, мо орзу доштем, ки бинои нав бо шароити хуб, инфрасохтораш ҳам хуб аст, барои маъюбон бо аробача роҳҳои махсус дорад, лекин ин чизҳо нест. Як сол боз оламро дида натониста истодаам”.
Аз ин оила танҳо Рухшона нест, ки бо кӯмаки шавҳар болою поён мефарояд. Ду фарзанди онҳо низ, ки яке маъюб аст, ҳамарӯза ҳамроҳи падар бояд ба мактабу боғча раванд.
Анварҷон Сатторов мегӯяд, маҷбур аст барои баромадану фаромадани кӯдакон ҳам кӯмак кунад. Ин сокини баландошёнаи белифт гуфт: “Албатта, барои кӯдакон сахт хаста шудан мумкин нест. Агар инҳо сахт хаста шаванд, бемориашон хуруҷ мекунад. Барои ҳамин ман ба фарзандам таъкид мекунам, ки "худат роҳ нагард ва ман худам туро мебардорам".
Аксари бошандагони ин баландошёна ҳудуди як сол боз дар ин ҷо зиндагии душвор доранд. Боз будани нақби лифт ва риоя нашудани қоидаи бехатарӣ хонаводаҳоро сахт нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, чанд ҳолати ба фалокат дучор шудани фарзандонашонро пешгирӣ кардаанд.
Дилноза Каримова, сокини шаҳри Хуҷанд ҳамсяои Сатторовҳо аст. Ӯ гуфт: “Азбаски инҷо хатарнок аст, баногоҳ кӯдакон шӯхию бозӣ карда якдигарашонро ба ин чуқурӣ тела надиҳанд гуфта хавотир мешавам. Дастони се кӯдакамро гирифта шаш ошёнаро қапида мефарояму мебароям. Фарзандонро бе назорат гузошта ягон ҷо рафта намешавад. Агар равем ҳам, дарро аз болояшон маҳкам мекунем. Дигар илоҷ надорем”.
Ҷӯрабой Очилов, дигар сокини ин бино гуфт: “Меҳмонон ё падару модарамонро ба хонаамон меорем, барою фарояшон мушкил аст. Аҳвол ҳамин. Мо одамони миёнасол ба ҳар ҳол тоб меорем, аммо пиронсолону кӯдакон азоб мекашанд. Хуллас ин ҳолат дуруст нест”.
Ҳамаи сокинони бино тариқи шартнома хонаҳоро харидаанд ва ҳанӯз ин бино аз назорати пурраи фаннӣ ё талаботи Генплан нагузаштааст. Вале сокинон мегӯянд, ба ғайр аз ин ҷо дигар ҷойи зисти мувофиқ надоранд. Хонаи Мунира Ӯруноваи 70-соларо дар дигар ҷойи шаҳр вайрон кардаанд ва ба ӯ ҳамчун ҷуброн аз ин бино маскан додаанд. Ӯ мегӯяд, зиндагӣ дар ин бино саломатиашро бад кардааст.
Мунира Ӯрунова, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Вазъияти ман хеле бад мешавад. Аз ҳамин чангу ғубор шушҳоям дард ёфтаанд ва табам борҳо баланд мешавад. Табибон мегӯянд, ки аз ҳаракати барзиёд ба чунин ҳолат рӯбарӯ шудаам. Ҳоло табобат гирифта истодаам. Бояд ҳарчи зудтар лифтро насб намоянд. Ҳар боре, ки ба ҳафтум ошёна мебароям, нафасам мегирад. Шукр дилам аз кор намебарояд”.
Ба гуфтаи бошандагон, ин биноро ширкати сохтмонии “Алӣ Мустафо” бунёд кардааст. Ин ширкат дар ин кӯча ду бино сохтааст - як бинояш лифт дорад, вале бинои дигариаш, ки ду долон дорад, бе лифт аст. Кӯшишҳои мо барои ёфтани масъулони ширкат натиҷа надод, вале як корманди он дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бояд то як моҳи оянда дар ин бино лифт насб кунанд. Сокинон мегӯянд ваъдаи онҳо боварбахш нест.
Анварҷон Сатторов гуфт: “Ман охирон дафъа тақрибан даҳ рӯз пеш аз масъулони биносоз ваъдаи шифоҳӣ гирифтам. Роҳбари ширкати биносоз бо номи Илҳомро дидаму вазъиятро фаҳмондам. Ҳамон одам ваъда доданд, ки пагоҳ ё пагоҳи дигар аз Душанбе сими ду метра меорем ва масъаларо ҳал мекунем. Лекин як ҳафта шуд на сим ҳаст, на худаш меояд ва на ба зангҳо ҷавоб медиҳад”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон ба чандин ниҳодҳои назоратӣ шикоят бурдаанд ва онҳо дар ҷавоб худи моликони биноро ба насби лифт вазифадор кардаанд.
Солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд сохтмони баландошёнаҳо дар авҷ аст ва аксаран ширкатҳои ғайридавлатӣ ба сохтмони онҳо машғуланд. Дар чанд бинои дигар аз сатҳи пасти хадамот, ба мисли мушкили обу ташнобу барқ ва роҳи ноҳамвору ҷойи номуносиби партовҳо шикоятҳо мерасанд.
Гуфтугӯ