Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, Русия ба Курск 40 ҳазор нерӯ фиристод


Владимир Зеленский. Акс аз 27-уми августи 2024
Владимир Зеленский. Акс аз 27-уми августи 2024

Раисҷумҳури Украина гуфт, ҳамлаи нерӯҳои кишвараш ба вилояти Курск боис шудааст, ки Русия 40 ҳазор сарбозро ба ин минтақа фиристад.

Изҳороти Владимир Зеленский шоми 19-уми сентябр ва баъд аз гузоришҳои зидду нақизи Маскаву Киев дар бораи вазъият дар Курск садо дод.

Апти Алоуддинов, фармондеҳи нерӯҳои вижаи Чеченистон ва намояндаи Вазорати дифои Русия, рӯзи 19-уми сентябр иддао кард, ки ду деҳаро дар вилояти Курск пас гирифтанд.

Сухангӯйи артиши Украина, Олексий Дмитрашкивский, баръакс, дар суҳбат бо хабаргузории “Франс Пресс” гуфт, монеи ҳамлаи ҷавобии Русия шуданд ва “ҳоло ҳама чиз зери назорат аст”.

Украина рӯзи 6-уми август ба вилояти Курски Русия ҳамла карда, тақрибан 1300 километри мураббаъро таҳти назорат гирифтааст.

Владимир Зеленский рӯзи 19-уми сентябр гуфт, Украина нияти дар дасташ нигоҳ доштани ин қаламрави Русияро надорад, аммо онро дар музокироти эҳтимолии сулҳ муҳим мешуморад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, сарбозони дастгиршудаи Русия барои табодули асирон заруранд. Баъд аз ҳамлаи рӯзи 6-уми август миёни Русия ва Украина се дафъа табодули сарбозон сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG