Қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мавриди ба русӣ ё англисӣ сурат гирифтани ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар кишвар баҳси мақоми забони тоҷикӣ ва сатҳи илмро дубора ба миён овард.
Аҳрор Мустафоқулов, муҳоҷири кории тоҷик мегӯяд, як маъмури пулиси Маскав баъд аз гирифтани 105 ҳазор рубли лотореяаш талош дорад, ки ӯро аз Русия ихроҷ намояд. Муҳоҷири 37-солаи тоҷик айни замон дар боздоштгоҳи “Сахорово” аст. Мақомоти Русия ӯро ба нақзи муқаррароти иқомат муттаҳам мекунанд.
Дар бозори арзи хориҷии Тоҷикистон доллари амрикоӣ дубора камчин шудааст. Ҳадди ақал дар панҷ бонк ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фурӯши долларро дар сатҳи аз 100 то 200 доллар барои як шахс маҳдуд кардаанд.
Ширкатҳо ва бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон яке пайи дигар мансабдоронеро, ки аз мақом барканор шудаанд, ба кор мегиранд.
“Сомон Эйр”, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз 14-уми ноябр нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвозро арзон кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар шароити нав ширкат ночор аст, барои ҷалби муштариён нархҳоро то ҳадде поён бибарад.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ баъд аз ду ҳафтаи талаби истеъфояш дар порлумон, ба вакилон гузориш дод. Дар ин гузориш раиси Бонки миллӣ гуфтааст, барои пур кардани хазинаи бонкҳо танҳо дар 9 моҳи соли равон Бонки миллӣ 380 миллион сомонӣ қарз додааст.
Як ширкати ҳонконгӣ ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тарҳеро рӯи даст гирифтаанд, ки ба иддаои онҳо дар бозори интиқоли пул ба Тоҷикистон як "инқилоб"-еро ба по хоҳад кард.
Вазорати маориф ва илм дастур додааст, ки минбаъд дар Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба истиснои “ихтисосҳои ҷанбаи этникиву миллидошта”, бо забони русӣ ва ё англисӣ баргузор шавад.
Вазорату идораҳои Тоҷикистон мошинҳоеро ба фурӯш гузоштаанд, ки танҳо таваҷҷӯҳи ду гурӯҳ харидоронро метавонад, ба худ ҷалб кунад: дӯстдорони мошинҳои қадима (раритет) ва тоҷирони оҳанпораро.
Тарроҳони будҷаи давлатӣ мегӯянд, чанд чолише вуҷуд дорад, ки метавонад имконияти маблағгузории бахши иҷтимоиро заъиф гардонад.
Ҳунармандон ва коршиносон назарашонро дар бораи тасмими таъсиси феҳристи овозхонҳо баён карданд.
Дар раддабандии нави Doing Business 2018, Тоҷикистон мақоми 123-уюмро касб карда, дар миёнаи ду кишвар -- Уганда ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, қарор гирифт.
Дар Тоҷикистон феҳрасти ягонаи моликони манзил ва амволи ғайриманқул таъсис меёбад. Дар ин феҳраст моликони манзил ва дигар амволи ғайриманқул ва иншоотҳо, сабт карда мешавад.
Департаменти нақлиёти шаҳри Маскав мегӯяд, ширкати «Московский транспорт» ба варақаҳое, ки дар он шеъри таҳқиромезе дар мавриди тоҷикон чоп ва нашр мешавад, ба ин сохтори ҳукуматӣ ҳеҷ иртиботе надорад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон саргарми таҳияи феҳрасти овозхонон, гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ дар кишвар аст ва ҳадаф аз он «назорати фаъолияту барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ дар дохилу хориҷи кишвар» будааст.
Идораи «Почтаи тоҷик» тибқи як шартномаи вежа молу маҳсулоти яке аз мағозаҳои бузурги интернетии Чин «Alibaba»-ро бо нархи имтиёздор ба Тоҷикистон дастрас мекунад.
Меҳрангез, як сокини шаҳри Душанбе ҳоло аз ин се либоси хоси ҷашни Ҳелловин якеашро бояд интихоб кунад. Аммо ба ҷуз аз масъалаи интихоби либос пеши Меҳрангез як интихоби сахти дигаре ҳам ҳаст, ки оё ба ин ҷашн равад ё на?
Агар эълони лағви лимити “Барқи тоҷик”-ро поёни ба ибораи мардум “светкушӣ” ҳисоб кунем, дар соли 2017 як давра дар Тоҷикистон анҷом меёбад. Даврае, ки ҳадди ақал 20 сол тӯл кашид.
Оҷонсии байналмиллалии рейтингии Moody’s пешгӯӣ кардааст, ки дар соли 2017-2018 мизони қарзи берунаи Тоҷикистон қариб як баробар бештар шуда, то ба 55 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мерасад.
Аз 3 миллиарду 320 миллион сомоние, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ду бонк “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ҷудо карда буд, танҳо чоряки он -- 800 миллион сомонӣ барои бозгардони амонатҳои мардум масраф шудааст.
Ёфтҳои бештар