Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур додааст, ки минбаъд дар кишвар ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба истиснои “ихтисосҳои ҷанбаи этникиву миллидошта”, бо забони русӣ ва ё англисӣ баргузор шавад. Дастур, бо имзои вазир Нуриддин Саид дар ҷаласаи мушовараи вазорат содир шудааст ва як нусхааш рӯзи 8-уми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид.
Ё русӣ ё англисӣ
Дар ин санад дар баробари мавзӯъҳои дигар аз ҷумла гуфта мешавад, “минбаъд ҳимояи рисолаҳои илмиро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо, доктор аз рӯи ихтисос, доктори фалсафа (Phd) ва доктори илмҳо ба ғайр аз ихтисосҳои ҷанбаи этникиву миллидошта ба забони русӣ ё, англисӣ ба роҳ монанд”.
Доштани унвони илмӣ як мояи ифтихор ва сарбаландии дорадагонаш дар байни ҷомеа аст ва аз ин рӯ солҳои охир доштани унвони илмӣ дар баъзе доираҳо дар Тоҷикистон ба муд табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи мақомот, манзур аз “ихтисосҳои ҷанбаи этникиву миллӣ дошта” равияҳое чун филология аст ва унвонҷӯёни ин соҳа метавонанд, рисолаашонро бо забони тоҷикӣ ҳимоя кунанд. Рисолаҳои илмҳои дақиқ, аз қабили риёзиёт, кимиё ва физика, бояд бо забони русӣ ва ё англисӣ ҳимоя шавад.
Дар Тоҷикистон, ки ҳоло шикоят аз забони модарии донишҷӯён бисёр зиёд аст, унвонҷӯёни ҷавон мегӯянд, дастур мухолиф ба идеяи таъсиси ВАК ва ё, Шӯрои олии диссертатсионӣ дар Тоҷикистон аст, ки бояд истифодаи забони модариро дар ҳимояи рисолаҳо ҳифз кунад.
Чаро дар ватани худамон бо забони бегона ҳимоя кунем?
Мусо Ҷӯраев, унвонҷӯи 30-солаи тоҷик мегӯяд, солҳо боз талош дорад, рисолаи номзадиашро аз фанни физика ҳимоят кунад ва мушкили аслӣ зарурати тарҷума бо забони русӣ ва хароҷоти фиристодани ҳуҷҷатҳо ба ВАК-и Русия буд.
Ӯ мегӯяд, бо таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар кишвар ӯ ва даҳҳо унвонҷӯ хушнуд буданд, ки корҳои илмиашонро пешниҳод ва ҳимоя мекунанд. “Мо дар Тоҷикистон Шӯрои диссертатсиониро ташкил додем, чаро дар ватани худамон мо бо забони бегона бояд рисолаамонро дифоъ кунем”, мепурсад ин унвонҷӯ.
Ба гуфтаи унвонҷӯён, тарҷумаи рисолаи илмӣ бо забони русӣ ва англисӣ хароҷоти ҳангуфт дорад ва аксар унвонҷӯён пули тарҷумаро надоранд. Тарҷумаи як саҳифа бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз 9 то 11 доллар аст. Тоҷикистон соли 2013 Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дод ва то он вақт рисолаҳои илмии олимони тоҷик дар Комиссияи олии аттестатсиони Русия арзёбӣ мешуд.
"Ин талабот мантиқист"
Бархе аз донишмандони тоҷик мегӯянд, ин талаботи вазорат мантиқист, зеро дар сурати дастрас будани корҳои илмӣ бо забони русӣ ва ё англисӣ доираи корбарони он васеъ мешавад.
Акбар Турсон, донишманди тоҷик рӯзи 8-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “олими воқеӣ, дар зеҳнаш қудрати олимшавӣ дорад, навҷӯ аст, ин талабот ягон мушкил эҷод намекунад. Омӯхтани як забони дигар ин як унсури рушди тафаккур аст. Барои олими ҳақиқӣ омӯхтани забони дигар ҳеҷ мушкилӣ надорад. Аммо барои онҳое, ки унвонҳои илмиро воситаи пулкоркунӣ ва мансабталошӣ қарор додаанд ин монеа аст, мисли як садди чинӣ”.
Бо ин вуҷуд Акбар Турсон гуфт, ӯ муқобили таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Тоҷикистон аст, чунки айни замон кишвар зарфияти арзёбии дурусти рисолаҳои илмиро надорад ва ин сатҳу сифати илмро дар Тоҷикистон поин мебарад. Донишманди тоҷик пешниҳод дорад, ки Тоҷикистон то як муддат аз хадамоти ВАК-и Русия истифода кунад ва бештар ба сифат аҳамият диҳад, на шумораи олимон.
Имтиёзи доштани унвони илмӣ дар Тоҷикистон
Доштани унвони илмии номзади илм ва ё докторӣ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз он, ки дар дарёфти ҷои кор имтиёз медиҳад, инчунин барои ишғоли бархе мансабҳо дар макотиби олӣ ҳатмӣ мебошад.
Бар зами ин доштани унвони илмӣ як мояи ифтихор ва сарбаландии дорадагонаш дар байни ҷомеа аст ва аз ин рӯ солҳои охир доштани унвони илмӣ дар баъзе доираҳо дар Тоҷикистон ба муд табдил ёфтааст. Бинобар додаҳои оморӣ, соли 2016 дар Тоҷикистон 2590 нафар номзадҳои илм ва 227 доктори илм фаъолият мекардаанд.