Бархе мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қатъ шудани таҳқиқи парвандаи марги мармузи тифли шашмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия бетаъсир нахоҳад монд.
Фурӯшгоҳи нахустини "Баскин Роббинс" дар Душанбе, ки ҳаминак ду рӯз боз дараш ба рӯи муштариён боз шудааст, аллакай муштариёни худро пайдо кардааст. Масъулони ин фурӯшгоҳ мегӯянд, бисёре аз муштариёнаш хориҷиҳо ҳастанд, ки барояшон бренди "Баскин Роббинс" ошно ҳаст.
Гурӯҳи ҳунарии латвиягии “Барака”, ки бо бозхонии суруду таронаҳои тоҷикӣ маъруф аст, ахиран албоми мусиқиеро нашр кард, ки ба хотираи Аҳмад Зоҳир овозхони пурҳаводори афғон бахшида шудааст. Ин дастаи ҳунарӣ таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бо усули рэп ахиран бозсароӣ кардааст.
Намояндагии ширкати "Русал"-и Русия фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ин ширкати мутааллиқ ба Олег Дерипаска, ки соли 2004 бо ваъдаи анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва як корхонаи дигари тавлиди алюминиум дар Данғара пой ба Тоҷикистон гузошта буд, аз кишвар рафтааст.
Дар Русия алайҳи як зиндонии тоҷик, ки ба иддаои мақомоти тафтишот ҳамутоқҳояшро "барои гароиш ба дини Ислом ва пайвастан ба “Давлати исломӣ” ташвиқ кардааст”, парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Ин зиндонӣ Дилшод Ризвонови 38-сола будааст.
Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, напардохтани пули телефон... Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳамин қоидавайронкуниҳои ночизи маъмурӣ ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст додаанд.
Тибқи як пешбинӣ, ки ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, аҳолии кишвар дар соли 2019 ба 9 миллиону 245 ҳазор нафар хоҳад расид. Бино ба ҳисобҳои охири Оҷонсии омор аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 551 ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тарҳеро баррасӣ дорад, ки тиқби он ба Тоҷикистон 100 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд. Аммо бонк мегӯяд, ин миқдор пул чанд шарт дорад, ки танҳо дар сурати пазируфта ва иҷро шудани он, Тоҷикистон метавонад ба дарёфташ умед бандад.
Пайкарае, ки беш аз ду даҳа хиёбони Исмоили Сомониро зеб медод, ба хотири таҷдиди роҳи мошингарди гардиши назди ин ҳайкал ба макони дигар кӯч дода мешавад. Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар ду гардиши он роҳи сеқабата (эстакада) бунёд карда хоҳад шуд.
Ҳукумат лоиҳаи Стратегияи миллии рушди ҷумҳуриро қабул кард, ки тибқи он то соли 2030 Тоҷикистон бояд аз кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил шавад.
Як додгоҳи низомӣ дар Русия Маҳмудлоиқ Назировро барои фиристодани 534 рубли русӣ ба созмони “Ҷабҳат-ан-нусра” дар Сурия се сол зиндонӣ кард. Ин додгоҳ гуфт, Маҳмудлоиқ ба ҷурми маблағгузории терроризм ва қасди пайвастан ба созмони мамнуъ муҷрим шинохта шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор тарҳи созишномаи нав миёни Душанбеву Пекинро тасдиқ кардааст, ки тибқи он Чин уҳдадор мешавад, барои марзбонҳои тоҷик 7 иншооти низомӣ бунёд кунад.
Қиммати гази моеъ сӯзишворие, ки беш аз 60 дарсади воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунад, 30 дарсад гарон шудааст. Ҳоло барои як литр ронандагон ва муштариён назар ба моҳи гузашта 80 дирам бештар мепардозанд.
Тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вориди порлумон шудааст, ки дар сурати ҷонибдорӣ ёфтанаш аз сӯи вакилон, ҷавобгарии ҷиноиро барои напардохтани андоз ва ё боҷи гумурукӣ дар ҳаҷми хурд аз байн мебарад.
Вазорати молияи Тоҷикистон бастаи иборат аз қонуни будҷаи кишварро барои соли оянда ниҳоӣ карда ба Ҳукумат супурдааст. Тарҳи будҷаи кишвар ба гуфтаи муаллифонаш имсол бо назардошти “буҳрони иқтисодӣ” таҳия шудааст.
Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон пас аз ду ҳафта ба баёнияи Дмитрий Медведев нахуствазири Русия, ки аз шумораи зиёди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар Тоҷикистон изҳори тааҷуб кард, посух дод.
Дар Тоҷикистон акнун кори хизматчиёни давлатӣ ҳар сол арзёбӣ мешавад ва назари мардум дар бораи кори эшонро ба инобат мегиранд. Ба ҳар хизматчии давлатӣ баҳои 5, 4, 3 ва ё 2 мегузоранд.
Дейвид Левис, пажуҳишгари умури сиёсӣ, гуфт, ҳадафи таъсиси ИДМ нигоҳ доштани кишварҳои Шӯравии собиқ зери чатри Маскав буд ва ба қавли ӯ, тайи ин муддат ин созмон натавонистааст, ки сафи кишварҳои узвашро нигоҳ бидорад.
Влади Антоневич ҳамроҳ бо чанде аз дӯстони наворбардораш гурӯҳҳои қавмгароро аз дохил омӯхтааст. Ӯ ҳатто аз марказҳои омодагии ҷангии миллатгароён навор бардошта, тӯли 7 сол талош кардааст, ки омилону фармоишгарони қатли тоҷик ва доғистониро ошкор намояд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки раҳбариашро Рустами Эмомалӣ бар уҳда дорад, дар робита ба ҷанҷолу занозанӣ дар бозии футбол миёни дастаҳои тоҷику узбак дар Русия вокуниш нишон дод ва гуфт, ки ҳангоми бозтоби ин хабар "воҳима шудааст".
Ёфтҳои бештар