Бошандагони хонаи пиронсолон дар Тоҷикистон минбаъд танҳо то 20 дарсади нафақаи хешро метавонанд дарёфт кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита қарореро содир кард, ки тибқи он куҳансолон вобаста ба шакли нафақа аз 10 то 20 дарсади онро мегиранд.
Палатаи ҳисоби Русия мегӯяд, Тоҷикистон чанд банди созишнома дар мавриди истифодаи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"-ро иҷро намекунад, ки нақшаи дар тӯли 20 сол худкифо шудани ин нерӯгоҳро барбод медиҳад. 25 дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳ дар дасти Тоҷикистон ва бақияаш дар дасти ихтиёри Русия аст.
Дар Тоҷикистон ба хотири бештар кардани даромад аз ҳисоби туризм дар минтақаҳои сайёҳии кишвар, меҳмонхонаҳои сарироҳӣ ва ё “ҳостелу” “гестхаузвз”-ро таъсис медиҳанд.
Нахуствазири Русия аз теъдоди зиёди номзад ва докторҳои илм дар Тоҷикистон тааҷҷуб карда ва гуфтааст, ки бояд ин рақамҳо санҷида шаванд. Дмитрий Медведев гуфт, танҳо дар соли гузашта дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисола ҳимоя шудааст
Як тоҷики муқими Русия, ки мегӯяд, мухлиси ашаддии президенти ин кишвар аст, мехоҳад, номи набераи дусолаашро аз Расул ба Путин иваз кунад.
Изҳори назари яке аз муфтиҳои Қафқози шимолӣ баҳси доғро дар бораи хатнаи занон барпо кард ва ин баҳсро аз Русия то ба Тоҷикистон кашонд. Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ки "хатнаи занон агарчӣ мустаҳаб аст, аммо дар кишвар роиҷ нест".
Муаллим бо "адабчӯб", партаҳои пайи ҳам ва толибилмони даст рӯи даст як манзараи маъмул дар мактабҳои Тоҷикистон буд. Аммо бо ислоҳоти нави Вазорати маориф ва илм, қарор аст, ки шеваи таълим дар мактабҳо "демократитар" шавад.
Чанде аз муҳоҷирони тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар шаҳрҳои калони Русия, бахусус Маскав, дар ду ҳафтаи охир рейди мақомоти интизомӣ идома дорад ва онҳо фаъолияти муҳоҷиронро дар соҳаи нақлиёт мавриди санҷиш қарор додаанд.
Ба иддаои Бонки Ҷаҳонӣ, агар як муҳоҷири кории тоҷик дар гузашта ба хонаводааш ба ҳисоби миёна 632 сомонӣ мефиристод, ҳоло ин рақам ба 981 сомонӣ баробар шудааст. Аз ин рӯ, ба гузориши ин бонк, даромади оилаҳои тоҷик низ 22 дарсад боло рафтааст.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар канори шоҳроҳҳои асосии кишвар дар ҳар панҷоҳ километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар сад километр меҳмонхонаҳои хурд бунёд кунанд. Сохтмони меҳмонхона ва насби ҳоҷатхонаҳо то соли 2017 сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон Оркестри давлатии симфонии зери назари дастгоҳи иҷроияи президент таъсис хоҳад ёфт. Дар ин бора раисиҷумҳур фармон содир карда ва гуфтааст, ки оркестри давлатии симфонӣ то се моҳи дигар ташкил шавад.
"Тоҷикистон бо роҳи Украина меравад", "Декоммунизатсияи тоҷикӣ" ва "Тоҷикистон исми қаҳрамонҳои СССР-ро пок мекунад"… Телевизиону расонаҳои чопии Русия аз нияти шаҳрдории Душанбе барои тағйир додани исми чанд кӯча ба тундӣ интиқод карданд.
Модари Дилшод Назаров мегӯяд, ки тамоми шаб нахобиданд ва мунтазири ҳунарнамоии писараш буданд. Дилшод Назаров аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон овард.
Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро, ки нахустин медали тиллои олимпии Тоҷикистон баъди соли 1992 дар кишвар аст, бо мавҷи зиёди табрику ифтихор дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.
Русия ва Қирғизистон соли 2012 ҷиҳати сохтмони ду нерӯгоҳ Норини боло ва Қамбарота бо ҳам созиш карда буданд. Аммо ширкати русии "Русигидро" ширкати паймонкори ин тарҳҳо сохтмони онро тӯл дод ва 9 уми августи соли равон ба таври якҷониба Қирғизистон расман ин қарордодро бо Русия лағв кард.
Ҳукумати Тоҷикистон аз Вазорати меҳнат тақозо кардааст, ки барои пайдо кардани кишварҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик чора андешанд.
Гузориши наве бо номи «Давраи нави буҳрон дар Афғонистон ва амният дар Тоҷикистон» мегӯяд, дар сурати фалаҷ шудани ҳукумат дар Афғонистон, Тоҷикистон бояд бо гурӯҳҳои солим вориди музокирот шавад.
Давлатёр Ҷумъахонов, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ҳоло роҳбарии як бонки тиҷоратӣ дар Мадагаскарро бар уҳда дорад. Ӯ гуфт, ки ба ин симат бо пешниҳоди шабакаҳои рушди Оғохон таъин шудааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон ба хотири пур кардани будҷаи кишвар дар садад аст аз Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёи Рушд дар маҷмӯъ 80 миллион доллар кӯмак дарёфт кунад.
Мақомот ба хотири камтар кардани зарбаи буҳрони молӣ аз тамоми идораҳои давлатӣ хоста буданд, ки аз харҷҳои ҳангуфт барои харидани мошину таҷҳизот худдорӣ кунанд. Аммо ҳисоботи Оҷонсии давлатии хариди мол нишон медиҳад, ки ин хароҷот аслан кам нашудааст.
Ёфтҳои бештар