Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтихор ва ашки шодӣ аз медали тиллои гурзандози тоҷик (ВИДЕО)


Дилшод Назаров дар Рио
Дилшод Назаров дар Рио

Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро, ки нахустин медали тиллои олимпии Тоҷикистон баъди соли 1992 дар кишвар аст, бо мавҷи зиёди табрику ифтихор дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.

Даҳҳо корбари интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ Дилшод Назаровро бо нашри аксу видеояҳош барои медали тиллои олимпӣ табрик гуфта, аз ӯ "Рустами замон", "қаҳрамон", "номбардори миллат", "намоди шарафу шарофатмандӣ" ва "варзишгари тавоно" ном бурдаанд.

Бархе аз корбарон, аз ҷумла Салими Сармаст дар Фейсбук, аз мақомот хостаанд, ки барои ин гурзандози маъруфи тоҷик унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шавад. Тарафдорони додани ин унвон ба Дилшод Назаров мегӯянд, ӯ нахустин медали тиллои олимпиро дар тӯли 24 соли охир ба Тоҷикистон ҳадя кард ва ин як саҳифаи пурифтихори тоҷикон ба шумор меравад. Аз ин пеш, дар соли 1992, варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) дар гурзандозӣ бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гашта буд. Вале Абдувалиев он замон ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил буд.

Инак, дарахти умеди мо бор оварду парчами Тоҷикистон ҳам дар фазои Бразилия парафшон шуд.
Санҷар Ҳошимӣ

​Хабарнигори тоҷик Носирҷони Маъмурзода пешниҳод кардааст, ки тамоми расонаҳои кишвар то анҷоми Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро пирӯзии Дилшод Назаровро дар сархатти хабарҳои худ ҷой диҳанд. "Ин хабар меарзад, ки дар САРХАТ бошад! Ҳамин тавр не?" – гуфтааст ӯ.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, низ дар саҳифаи Фейсбукаш Дилшодро бо медали тилло табрик карда ва афзудааст, "медали тиллои олимпӣ барои тамоми миллати тоҷик муборак бошад". Бино ба хабарҳо, раҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш субҳи 20 август ба манзили Дилшод Назаров дар Душанбе низ рафта, модари ӯ Зайтуна Самадоваро бо ин пирӯзӣ шодбош гуфтаанд.

ДУОИ ЗОИРОНИ ТОҶИК ДАР МАККА БАРОИ ДИЛШОД

Як гурӯҳ ҳоҷиёни тоҷик, ки ҳоло дар шаҳри Макка қарор доранд, мегӯянд, ки ин шаб барои пирӯзии Дилшод Назаров дар Олипида дуои хайр карданд.

Афшин Муқим, яке аз зоирони тоҷик, ки ҳоло дар шаҳри Макка қарор дорад, рӯзи 20-уми август ба “Озодӣ” гуфт: “соат тақрибан 2:30 буд. Баъди гузоштани ду ракъат намоз дар рӯбарӯи хонаи Каъба чашмам ба соати девор афтод ва ёдам омад, ки баъди чанде Дилшод Назаров қувваозмоӣ мекунад. Аз акои Абдураҳмон хоҳиш кардам, ки якҷоя дар ҳаққи номбардори миллат дуо кунем, то Худованд муваффақаш гардонад. Якҷо дар болои кӯҳи Сафо, ки яке аз шаоири Худо маҳсуб мешавад, қарор гирифта, рӯ ҷониби Хонаи Каъба дасти инобат ба умеди иҷобат бардоштем, ки дар симои Дилшод Назаров Худованд халқи тоҷикро русурху муваффақ гардонад”.

Афшин мегӯяд, танҳо баъди адои маносики ҳаҷи умра ва гузоштани намози бомдод дар роҳ ба меҳмонхона хабари пирӯзии Дилшод Назаровро хонда ашк рехтааст, чунки дуои онҳо мустаҷоб шуд ва Дилшод Назров пирӯз гашт.

Комроншоҳи Устопириён, Кристина Пронженко ва дигарон дар бораи пирӯзии Дилшод Назаров:

Табрикот аз Рио-де-Жанейро ба Дилшод Назаров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

ШАБ НАХОБИДАМ

Нуруллои Хайруллои 30-сола ва савдогари бозори "Султони Кабир" зимни хушхолӣ аз пирӯзиии Дилшрд Назаров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "бовар кунед имшаб нахобидам ва ҳамзамон дуо кардам, ки Дилшод пирӯз шавад. Худованд дуои маро шунид ва маро шод гардонид. Бовар кунед, аз хурсандӣ бо аҳли хонаводаам дар куртаам намеғунҷам. Мисле ки худам пирӯз шудаву медали тилло гирифтам. Аз субҳ дигар хобам парид ва ҳар касеро, ки мебинам, табрик дорам."

УМЕДАМОН РАФТА БУД, ДИЛШОД....

Гулистон Шамсова, сокини 50-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ки " вақте варзишгарони тоҷик дар Рио ба шикаст рӯ ба рӯ мешуданд, дигар умеде дар диламон намонда буд. Аммо Дилшод Назаров моро бо ин пирӯзии бузургаш самимона шод гардонд. Боз умеде дар дили мо шӯъла зад, ки мардуми тоҷик метвонад пирӯз шавад. Дилшод ифтихори мост ва муборак бошад ин пирӯзӣ барои ҳама мардум."

ТӮҲФА БА ТӮИ ПИСАРАМ

Исмоил Андамови 53-сола, сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва корманди Хадамоти байтории Тоҷикистон пирӯзии Дилшод Назаровро тӯҳфае на танҳо барои миллати тоҷик, балки тӯҳфаи хотирмон ба тӯи писараш - Шодмон медонад. Вай мегӯяд, ҳарчанд ба тӯи писараш омодагӣ медид, аммо ҳамеша ҳушу хаёлаш ба Рио буд.

Исмоил Андамов мегӯяд, ки "фикр мекунам аз ман дида шахси хушбахт нест. Ба ростӣ пирӯзии Дилшод дар рӯзи тӯи писарам рост омад. Магар аз ин дида хушбахтӣ мешавад? Умед мекунам писарам соҳиби писаре шавад ва ҳатман номашро Дилшод мегузорам. Мо Дилшод Назаровро дӯст медорем, ифтихор мекунем ва бояд ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Ин боз беҳтарин тӯҳфа ба муносибати 25- солагии истиқлолият мешавад."

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик пирӯзии Дилшод Назаровро ҷашн барои ватан хонда ва гуфтааст, "Дилшод Назаров, бародари баору номус, варзиши ҳалол, тамрини ҳалол, пирӯзии ҳалол ҳалолат бод!"

Дар ин қатор онҳое низ будаанд, ки алакай исми тифли худро Дилшод гузоштаанд. Ибодулло Тоиров дар Фейсбук навиштааст, ин субҳ хоҳараш соҳиби писар шуд ва ӯро ба ифтихори пирӯзии Дилшод Назаров Дилшод ном ниҳодаанд ва орзу доранд, ки ӯ ҳам яке аз номбардорҳо шавад.

Санҷар Ҳошимӣ навиштааст, ки аз шодӣ на танҳо дар куртааш, балки дар хонааш ҳам намеғанҷад ва аз сархамӣ дар назди дӯстони хориҷиаш халос шудааст. "Дар миёни дӯстони кишварҳои ҳамсоя пас аз сар шудани Бозиҳои олимпӣ аз бохти пайдарпайи варзишгарони кишвар сархам мегаштам, чун ҳар рӯз ба суоли "Оё варзишгарони Шумо ҳам медал ба даст оварданд?", ҷавобе ҷуз "Ҳоло ба даст меоваранд" надоштам... Ва дар дил ба Худо ва нерӯи Дилшод бовар доштам... Инак дарахти умеди МО бор оварду парчами Тоҷикистон ҳам дар фазои Бразилия парафшон шуд!” – навиштааст ӯ.

Хуршед Мавлонов пирӯзии Дилшод Назаровро “хушбахтӣ ва сарфарозӣ” номидааст. Ӯ менависад, “ин аст, миллатдорӣ. Ин аст, ватандорӣ. Аз хушҳолӣ чӣ гуфтанамро намедонам. Замоне шунидам, Дилшод Назаров соҳиби медали тиллои олимпӣ шудааст, аз шодӣ ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Ин дам фаҳмидам, ки ифтихори ватандорӣ чӣ будааст. Бояд ҳама имрӯз ид дошта бошанд.”

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарон даъват кардаанд, ки ба пешвози Дилшод Назаров ҳама ба фурудгоҳ рафта, ӯро гулборон кунанд. Вале Абдумалик Қодиров навиштааст, мақомот дар оғоз аз Дилшод хуб истиқбол карда, баъдан танҳо дар ҳисоботу маҳфилҳо аз ӯ ёд хоҳанд кард. Вай инчунин гуфтааст, "ҳамон тавре ки Мавзуна Чориева “хонаборон” шуда буд, ин ҳолат рух нахоҳад дод, чун ҳоло вақти буҳрони молист."

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, ки дар либоси ӯ акси падараш гузошта шудааст, дар Бозиҳои тобистонаи олимӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок мекунад. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии шаҳрҳои Атланта – 1996, Сидней – 2000, Афина- 2004, Пекин – 2008 ва Лондон-2012 ширкат кардаанд. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килог соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Дар олимпиадаи гузашта дар Лондон Мавзуна Чориева соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG