Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров ба даври ниҳоии сабқати гурзандозии Рио роҳ ёфт


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия ҷойи севумро гирифт ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ рӯзи 17 август дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ – A ва B – баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот аз Британияи Кабир, Беларус ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок карданд.

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба гурӯҳи В дохил буд. Дар ин гурӯҳ дунафарӣ аз Беларусу Британияи Кабир ва якнафарӣ аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Узбакистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Полша, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон шомил буданд.

Дилшод Назаров, ки таҳти рақами 2967 рақобат кард, бо натиҷаи 76 метру 39 сантиметр дар гурӯҳи В дар ҷойи севум қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ варзишгари Полша Войтсех Новитскии 27-сола бо натиҷаи 77.64 метр мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дувум бо натиҷаи 76.51 метр насиби Иван Тихони 40-сола аз Беларус гардид.

Баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ аз байни 32 гурзандоз дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ ёфтанд. Онҳо барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқоти гурӯҳи А бо ширкати 16 гурзандоз рӯзи 17 август пеш аз сабқати гурӯҳи А доир гашт. Ба ин гурӯҳ ду нафар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва якнафарӣ аз Бразилия, Беларус, Миср, Италия, Куба, Словакия, Коста Рика, Туркманистон, Полша, Украина, Британияи Кабир, Эрон, Қатар ва Испания шомил буданд.

Дар сабқати гурӯҳи А Вагнер Домингос аз Бразилия бо натиҷаи 74.17 метр ғолиб шуд. Марсел Ломнитски аз Словакия бо натиҷаи 74.16 метр дувум ва Евгений Виноградов аз Украина бо натиҷаи 73.95 метр севум шуданд.

Вале натиҷаҳои нишондодаи варзишгарони гурӯҳи А нисбат ба пешсафони гурӯҳи В пасттар аст. Бинобар ин, дар ҳисоби умумӣ аз рӯи натоиҷи ҳарду гурӯҳ Войтсех Новитски, Иван Тихон ва Дилшод Назаров мутаносибан дар ҷойҳои якум, дувум ва севум қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки зӯртарин гурзандози ҷаҳон Павел Файҷеки 27-сола аз Полша ғайричашмдошт аз ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум шуд. Натиҷаи дар сабқати интихобӣ нишондодаи ӯ 72.00 метр мебошад. Вай дар гурӯҳи А ҷойи ҳафтум ва дар ҳисоби умумӣ ҷойи 17-умро ишғол кард. Зимнан, пеш аз ин мусобиқот вай имсол натиҷаи беҳтарин - 83.93 метр – нишон дода буд.

Ба гурӯҳи В, инчунин зодаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаеви 23-сола, ки узви дастаи мунтахаби олимпии Узбакистон аст, дохил буд. Ӯ бо натиҷаи 70.11 метр дар ин гурӯҳ 14-ум шуд ва аз рӯи ҷамъбасти умумӣ мақоми 23-юмро касб кард ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ аз байни 32 гурзандоз дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ ёфтанд. Онҳо барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.

Ба ҷуз Войтсех Новитски (Полша), Иван Тихон (Беларус) ва Дилшод Назаров (Тоҷикистон), боз 9 варзишгари дигар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки инҳоянд: Кристиан Парс (Венгрия, 75.49), Диего Дел Реал (Мексика, 75.19), Сергей Маргиев (Молдова, 74.97), Давид Содерберг (Финляндия, 74.64), Сергей Коломоетс (Беларус, 74.29), Вагнер Домингос (Бразилия, 74.17), Марсел Ломински (Словакия, 74.16), Евгений Виноградов (Украина, 73.95) ва Ашраф Амҷад Ал Сайфӣ (Қатар, 73.47).

Натиҷаи беҳтарини Дилшод Назарови 34-сола 80 метру 71 сантиметр мебошад. Дар даври ниҳоӣ рақибони аслии ӯ Иван Тихони 40-солаи беларусӣ (натиҷаи беҳтаринаш – 84.51 м), Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (натиҷаи беҳтаринаш – 82.69 м) ва Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (натиҷаи беҳтаринаш – 78.71 м) мебошанд.

Рекорди ҷаҳонӣ бо натиҷаи 86.74 метр ба Юрих Седих (Иттиҳоди Шӯравӣ) мутааллиқ аст. Вай ин натиҷаро 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон нишон додааст. Рекорди олимпӣ бошад, 84.80 метр аз ҷониби Сергей Литвинов (Иттиҳоди Шӯравӣ) 26 сентябри соли 1988 дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузошта шудааст. Дарвоқеъ, дар ин намуд варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.

Аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Умеди охирин ба Дилшод Назаров аст, ки барои бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Ӯ зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар даври ниҳоӣ тамоми саъю кӯшиш ва маҳораташро барои ба даст овардани медали олимпӣ равона хоҳад кард.

Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 17 август ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъди он ки рақиби аслии Дилшод Назаров - гурзандози Лаҳистон Павел Фаҷек ба финал набаромад, бовар дорем, ки варзишгари маъруфи мо барандаи медали олимпӣ хоҳад шуд."

ДИЛШОД НАЗАРОВ

6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва

Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006)мебошад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.

Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG