Британияи Кабир бо 41 медал (16 тило, 17 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Чин бо 46 медал (15 тило, 14 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошад.
Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (11-12-12), Италия (8-9-6), Олмон (8-6-6), Фаронса (7-9-8), Ҷопон (7-4-16), Австралия (6-7-9) ва Кореяи Ҷанубӣ (6-3-5) дохиланд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 72 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 49 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.
Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз даҳ кишвар - Қазоқистон (2 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ – ҷойи 15-ум), Узбакистон (2 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ – ҷойи 25-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали бириҷӣ – 24-ум), Украина (4 медали нуқра ва як биринҷӣ – ҷойи 49-ум), Озарбойҷон (2медали нуқра ва як биринҷӣ – ҷойи 50-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 53-юм), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 54-ум), Арманистон (1 медали нуқра – ҷойи 56-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ – ҷойи 67-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 67-ум) - ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.
Вале дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони чор кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия, Молдова, Тоҷикистон ва Туркманистон - медал ба даст наовардаанд.
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.
Аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Умеди охирин ба гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аст. Ин варзишгари 34-сола, ки барои бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тамоми саъю кӯшиш ва маҳораташро барои ба даст овардани медали олимпӣ равона хоҳад кард.
Сабқати интихобии гурзандозӣ рӯзи 17 август баргузор мешавад. Дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.
Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро.