Бархе аз сокинони Варзоб мегӯянд, тавони супурдани андози дукаратаро надоранд. Аммо мақомот мегӯянд, ин минтақаи сайёҳист ва андози манзили сокинони Варзоб аз минтақаҳои дигар бояд фарқ кунад.
Бонки миллӣ якҷоя бо ниҳодҳои дигари Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардааст, ки бар асоси он барои мубодилаи ғайриқонунии асъор то 9 соли ҳабс пешбинӣ шудааст.
Қарзи бонкӣ тоҷири тоҷикро дар хонаи худаш иҷоранишин кард. Таҷрибаи Абубакр Азизхоҷаев ягона нест ва садҳо оила мисли ӯ бинобар саривақт пардохт накардани қарзи бонкҳо аз манзилҳояшон маҳрум шуданд.
Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон дар садад аст, ки ба ҷои китобҳои дарсӣ дар макотиби кишвар планшет ва ё телефонҳои ҳушмандро ҷорӣ кунад.
Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси тозаинтихоби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, тоза кардани сафҳои иттифоқ аз “афроди тасодуфӣ”, аз иқдомҳои нахустини ӯ хоҳад буд.
Палатаи савдои Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкорони қирғиз меваи Тоҷикистонро арзон харида, ҳамчун моли Қирғизистон ба Русия мебаранд. Аз ин деҳқонони тоҷик зарар мебинанд.
Дар Тоҷикистон Маркази ягонаи коммутатсионӣ таъсис додаанд ва аз ин ба баъд сӯҳбатҳои телефонӣ бо хориҷ ва трафики Интернет ҳама бояд аз тариқи он гузарад.
Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи тоҷик, гуфт, ки кори ширкатҳои Total, CNPC ва Tethys Petroleum дар кони газу нафти Бохтар дар ҷануби кишвар ғайриқанотбахш аст.
Ҷастухези қурби доллар дар нисбати сомонӣ тайи рӯзҳои охир тоҷирон ва бозори Тоҷикистонро дар ҳолати шок қарор додааст.
Дар соли гузаштаи 2015 таъсири амиқи буҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон ҳам расид ва дар ин шароит беш аз ҳама заъфи бахши иқтисодии ҳукумат бармало шуд.
Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон рӯи Арабистони Саудӣ ҳамчун дӯсти нав дар Ховари Миёна ҳисоб мекунад, вале ин ба маъное нест, ки аз дӯстони кӯҳнааш, ба мисли Эрон, бибурад.
Овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова тарона ва клипи навашро бо номи "Ёри мусофир" ба бозор баровард, ки ба мавзӯи муҳоҷирати мардон ба Русия бахшида шудааст.
Дар оғози соли нави 2016 Тоҷикистон ба паймони апостил пайваст, ки будубоши қонунии шаҳрвандонашро дар аксар кишварҳои хориҷи дуру наздик осонтар мекунад.
Бонки АвруОсиёии Рушд мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон ният дорад, барои пур кардани буҷааш дар соли нав то якуним миллиард сомонӣ, баробар ба 200 миллион доллар, аз хориҷа қарз бигирад.
Тоҷикистон ба низоми нави пардохти нафақа омода мешавад, ки бар асоси он бознишастагон ҳар чӣ қадар бештар маош гирифта ва андоз супурда бошанд, ҳамон андоза нафақаи зиёдтар мегиранд.
Корпоратсияи 19-уми роҳи оҳансозиии Чин дар Тоҷикистон сӯрохкунии нақби инак дувуми роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвонро анҷом додааст.
Бинобар натоиҷи назарпурсии Gullup, аз се як сокини Тоҷикистон орзуи кӯч бастан ба кишварҳои хориҷро доштаанд. Беш аз ҳама ҷавонон дар сар ин орзуро мепарваранд.
Давлати Тоҷикистон қасд дорад, бо анҷоми як ислоҳот то соли 2020 милисаро ба пулис табдил диҳад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки баъди тағийру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризм мақомоти Тоҷикистон барои масдуд кардани ин ё он сомонаи интернетӣ аз пайи баҳонаҷӯӣ намегарданд
Ёфтҳои бештар