Ҳукумати Тоҷикистон қарори таъсиси “Маркази ягонаи коммутатсионӣ”−ро содир кардааст, ки бар пояи он акнун тамоми иртиботи кишвар бо хориҷа аз тариқи ҳамин марказ сурат мегирад. Қарор дар мавриди таъсиси ин марказ рӯзи 31−уми декабр имзо шудааст, аммо ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон акнун бо муҳтавои он ошно мешаванд.
Дар кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 12 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин маркази коммутатсионӣ дар феҳрасти ягонаи ширкатҳои фаъол дар Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Идеяи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ нав нест. Ин тарҳ соли 2006 ба миён омад ва боиси баҳсҳои тӯлонӣ миёни ширкатҳои мобилӣ ва раёсати алоқаи вазорати нақлиёт шуд.
Бек Зуҳуров, раҳбари феълии хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки он замон ноиби вазири нақлиёт оид ба мухобирот буд, аз пуштибонҳои ин тарҳ унвон мешуд. Аммо 10 соли пеш таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ, ки ин барномаро талоши таҳкими назорати мақомот бар бозори мухобирот арзёбӣ карданд, ҳукумати Тоҷикистон таъсиси ин марказро бар хилофи қонунҳои кишвар хонда буд.
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ҷуз тасдиқи ин хабар, ки маркази ягонаи мухобиротӣ билохира таъсис ёфтааст, ба “Озодӣ” маълумоти бештар надоданд. Аммо як ҳамсӯҳбати “Озодӣ”, ки аз ҷузъиёти таҳри маркази ягона огоҳӣ дорад , мегӯяд, ки мақсади асосии Хадамот аз таъсиси ин марказ ба даст овардани даромади бештар аз гӯфтугӯҳои байналмилалӣ ва маҷрои интернет аст.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, солона сокинони Тоҷикистон 100 миллион дақиқа зангҳои воридотиро аз хориҷ қабул мекунанд ва ҳудуди 30 миллион дақиқа ба хориҷа занг мезананд. Пеш аз таъсиси маркази ягона ҳам чор ширкати бузурги мобилӣ бо дархости хадамоти алоқа маҷбур буданд, ҳар кадоме 5 миллион дақиқа гуфтугӯи байналмиллалиро аз тариқи “Тоҷиктелеком”, ширкати давлатии вобаста ба Хадамоти алоқа анҷом диҳанд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ҳоло бо ташкили ин марказ Хадамот мехоҳад тамоми гуфтугӯҳои байналмиллалӣ аз тариқи “Тоҷиктелеком” сурат бигирад ва аз ин роҳ мехоҳад фоидаи бештар ба даст биёрад.
Бино бар муқаррароти Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, нархи як дақиқа гуфтугӯҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон набояд аз 12 сент камтар бошад. Агар ҳамаи гуфтугӯҳои воридшаванда аз хориҷ ва содиршаванда бо хориҷи кишварро бо ҳамин нархи ҳадди ақал, яъне 12-сентӣ ҳисоб кунем, алакай 15 миллиону 600 ҳазор доллар мешавад. Хадамоти алоқа бо таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ аз ҳар дақиқа гуфтугӯи байналмилалӣ ният дорад беш аз 1 сент “ҳаққуззаҳма” ситонад. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, ширкати “Тоҷиктелеком”, ки ният дорад кулли гуфтугӯҳои байналмилалиро то ба сатҳи “як мӯрӣ” танг кунад, аз ин ҳисоб ҳудуди 2 миллион доллар даромад хоҳад дошт. Бар замми гуфтугӯҳои мобилӣ кулли трафикҳои интернет низ аз тариқи Маркази ягонаи комутатсионӣ хоҳад гузашт ва айни ҳол маълум нест, мегабайтҳо пас аз гузаштан аз ин марказ то чӣ ҳад гарон хоҳанд шуд.
Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар тӯли панҷ соли ахир ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон даҳҳо нома навишта, зарурати чунин марказро зери суол будааст: “Мо панҷ сол мубориза бурдем. Он замон ҳукумат моро дастгирӣ кард. Аммо ин бор яку якбора бидуни ҳеҷ огоҳӣ ва баҳсу баррасӣ ин тасмим гирифта шуд. Чӣ гуна ин марказ мешавад, кӣ амнияти гуфтугӯҳоро таъмин мекунад? Ҳоло ман дар ин маврид шарҳе дода наметавонам, чунки аз посух дида суолҳои беҷавоб зиёданд.”
Ҷаноби Эркаев афзуд, таъсиси чунин маркази ягона оқибат бар зиёни рушди арсаи мухобирот дар Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд. Чунки аз як сӯ нархи гуфтӯгоҳои мобилӣ ва аз сӯи дигар қиммати трафики интернетро гарон хоҳад кард, ки барои мардуми оддӣ ин гуна хидматрасониҳо дастнорастар мешаванд.
Қарори таъсиси Маркази ягонаи комутатсионӣ корбарони фаъоли интернетро низ нигарон кардааст. Рустам Гулов, як фаъоли иҷтимоӣ ва муассиси пойгоҳии милли блогҳо – Блогистон.тҷ мегӯяд, “вақте тамоми мухобирот бо хориҷа аз тариқи ин Марказ мегузарад, кӣ амният ва маҳрамияти гуфтугӯҳои мобилӣ ва муоширати интернетиро кафолат медиҳад? Интернет ва шабакаҳори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ягона маконе барои баёни озоди андешаҳо дар кишвар боқӣ мондаанд. Агар ҳамин ҳамин озодиро низ аз мо бигиранд, дигар ҷое барои гуногунандешӣ боқӣ намемонад.”
Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз аз 5 ширкати мобилӣ – «Вавилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» ва «ТК-мобайл, ки чор ширкати аввалаш ҳамчунин хадамоти интернети мобилиро ба муштариёнашон пешкаш мекунанд, 7 ширкати дигари интернетрасон фаъолият доранд.