Намояндаи САҲА мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки барои ҳалли мушкили бастани сомонаҳои интернетӣ кӯшиш хоҳанд кард.
Пойгоҳи 201-уми Русия нерӯҳо ва техникаҳояшро аз маркази шаҳри Кӯлоб берун карда, ба тамрингоҳи Лоҳур, дар наздикии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон интиқол додааст.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди иқтисоди Тоҷикистон имсолу соли оянда кунд боқӣ хоҳад монд ва ҳукумат бояд дар чунин шароит таъсиси ҷойҳои кориро дар меҳвар қарор диҳад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино аз сокинон ёрӣ хоста, дар иваз даҳ ҳазор доллар ҷоиза ваъда кардааст.
Исми саҳнавии яке аз қаҳрамонҳои намоишномаи “Чодари найранг” аз Эшони Нурӣ ба “Эшон ва ё Эшони занакбоз” иваз шудаааст.
Дар Тоҷикистон комиссияи вижае барои муайян кардани хонаводаҳои камбизоaт, ки минбаъд дар пардохти пули барқ имтиёз хоҳанд дошт, таъсис ёфтааст.
Афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда аз ҳаққи фаъолияти адвокатӣ маҳрум гардиданд. Ин амр баъд аз тасвиби иловаҳо ба қонуни "Адвокатура"-и Тоҷикистон амалӣ шуд.
Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бо мақомоти тоҷик дар баробари мубориза бо таҳдидҳои муосир масъалаи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқро ҳам баррасӣ кардаанд.
Ҷавонони тоҷик дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва дигар манотиқи кишвар аз ҷашни "Ҳелловин" ба таври густурда таҷлил карданд. Аммо вазорати фарҳанг мегӯянд, ки ин кор бе иҷозати онҳо сурат гирифтааст.
Маблағҳое, ки ба нишони қадрдонӣ аз ҷониби мардуми рус ба суратҳисоби телефони Забеҳулло Шафеъзода ворид шуд, барои кӯмак ба Насриддини 2-сола, як ятими тоҷик дар Русия ирсол шудааст.
Як ҳайат аз идораи Роҳи оҳан барои музокира дар масъалаи ҳаракати қатораҳои боркаши Тоҷикистон ва пайдо намудани роҳи ҳал барои дубора фаъол кардани роҳи “Амузанг-Қӯрғонтеппа”, ба Тошканд рафтааст.
Коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ, Ҳанс Тиммер мегӯяд, ки иқтисоди Русия дар ду соли оянда низ аз бӯҳрон халос намешавад.
Роҳбарони блоки иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз 26 - уми октбяр оид ба сабабу пайёмадҳои иҷро нашудани будҷаи кишвар дар нуҳ моҳи соли равон дар назди вакилон гузориш доданд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин сафари Ҳомид Карзай ва дидору мулоқоташ бо шахси аввали ҳукумати Тоҷикистон аз ниятҳояш ҷиҳати дубора баргаштан ба сари қудрат дарак медиҳанд.
Коршиносон мегӯянд, Ҷопон дар Тоҷикистон манфиатҳои сиёсиву геополитикиро дунбол мекунад.
Каср ва ё дефитсити будҷаи давлати Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ба 393 миллион сомонӣ ё наздики 60 миллион доллар расидааст.
Шуморе аз занони танфурӯш дар Душанбе мегӯянд, бо сахтар шудани ҷазо барои танфурӯшӣ аз пешааашон даст нахоҳанд кашид. Чунки ба гуфтаи онҳо танфурӯшӣ ягона роҳи пайдо кардани ризқи худу кӯдакони хурдсолашон аст.
Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз пинҳонкории соҳибкорон ҷиҳати насупурдани андоз, пулиси Тоҷикистон аз боздошти соҳибкороне хабар дод, ки ба гуфтаи тафтишот бо рӯйпӯш кардани амалиётҳо аз пардохти андозҳо саркашӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз мавориди пинҳон кардани даромадҳои соҳибкорон аз мақомоти андоз ва гумрук ва зарари чунин корҳо ба даромадҳои будҷаи давлатӣ, изҳори нигаронӣ кард.
Муассисони аслии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ширкати Бритониёии GMEX ҳастанд.
Ёфтҳои бештар