Бонки миллии Тоҷикистон талош дорад, ки бо такя задан ба шонаҳои Чин фишори доллар болои сомониро камтар кунад. Ҳоло ин бонк қасд дорад, табдили мустақими сомонӣ ба юанро ба роҳ монад.
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, бар тибқи созише бо ширкати мухобиротӣ, қарзи "Babilon-Mobile" марҳила ба марҳила пардохт мешавад.
Барои бунёди манзилҳои нав ба сокинони осебдидаи Шуғнон даҳ гектар замин ҷудо шудааст. Ин хабар дар ҳолест, ки вазири корҳои дохилӣ гуфтааст, рӯзҳои наздик Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон меравад.
Муовини шаҳрдори Душанбе дар суханронии худ пеш аз намози Иди Фитр сокинонро барои ҳифзи субот даъват карда ва бо мисол овардани вазъи Сурияву Ироқ онро ҳосили "бегонапрастӣ"-и онҳо номид.
Аз оғози мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон каме бештар аз як моҳ сипарӣ шуд, аммо дар ин муддат 54 нафар дар кӯлу рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд.
Дар пайи ҷустутуҷӯи яроқ дар рӯдхонаи Душанбе кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ним мошин қулфу калид пайдо кардаанд.
Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон ба баҳси давомдори ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз хотима гузошта аввалиро ба пардохти 337 миллион сомонӣ, муодили 54 миллион доллар муваззаф кард.
Хадамоти гумрук мегӯяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи пардохтҳои гумрукиро 81,5 дарсад иҷро карда ва ба буҷаи кишвар 377 миллион сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид намудааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз он нигаронӣ кард, ки бархе аз тоҷирон пӯсти мурғро аз Эрон барои таҳияи ҳасибу "котлет" ва сихкабоби мурғӣ ба кишвар ворид менамудаанд.
Ба мушоҳидаи меҳмонони хориҷии Тоҷикистон, бисёре аз занону духтарони тоҷик "аз хавфи мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтан” аз истифодаи нақлиёти мусофирбари Душанбе худдорӣ мекардаанд.
Сар аз рӯзи чоршанбеи 1-уми июл ширкатҳо дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, танҳо тариқи электронӣ ба Кумитаи андоз дар мавриди падохти молиёт аз арзиши иловашуда ва ё НДС гузориш бидиҳанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоиста Ғуломризоӣ, шаҳрванди Эрон ва раиси ширкати "СОБ"-ро, ки сохтмони манораҳои масҷиди бузургтарини Тоҷикистон ба ӯҳдааш буд, таҳти пайгард қарор додааст.
Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 24−уми июн дар ҳузури хабарнигорон натоиҷи омӯзишҳои мизони фақр дар Тоҷикистон ва шеваи нави муайян кардани онро муаррифӣ кард.
Тайи ду рӯзи гузашта ҳудуди 20 навор бо ҳузури аъзои Ҳизби наҳзат дар интернет нашр шуд, ки онҳо аз хориҷ шуданашон аз ин ҳизб хабар дода, қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро низ пешниҳод кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳодҳои зидахл дар мавриди харҷи 116 ҳазор доллар маблағи грантии Бунёди глобалӣ (Global Fund) барои мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД шарҳ хостааст.
Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлия ва дигар ниҳодҳои зидахли кишвар, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оиларо таҳия кардаанд.
Коршиносон ба ин бовар ҳастанд, ки муқаррароти нави давлат ва татбиқи онҳо аз тарафи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ду соли охир, боиси кунд шудани рушди мухобирот дар кишвар шудааст.
Як соҳибкор мегӯяд, баъд аз гузориши тавсифомез аз кори ширкаташ дар телевизион навбати тафтишгарон дар паси дари ширкат кам намешавад ва муфаттишон на санҷиши кор, балки чизи дигар мехоҳанд.
Як мақоми баландпояи Вазорати рушди иқтисод пешбинии ахири Сандуқи байнулмилалии пулро, ки гуфт, Тоҷикистон зери таъсири бӯҳрони молии Русия ба ҳолати осебпазирӣ расидааст, бадбинона хонд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ қимати иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро аз 10 дирами қаблӣ то 1,82 сомонӣ барои як моҳ боло бурдааст.
Ёфтҳои бештар