Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуфаттоҳи Ғоиб: Аз пӯсти мурғи гандида ҳасибу "котлет" месозанд


Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

​Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз он нигаронӣ кард, ки бархе аз тоҷирон пӯсти мурғро аз Эрон барои таҳияи ҳасибу "котлет" ва сихкабоби мурғӣ ба кишвар ворид менамудаанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз вуруди 23 тонна пӯсти мурғ аз Эрон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст, ки ба қавли Абдуфаттоҳи Ғоиб – раҳбари ин ниҳод бештар барои таҳияи ҳасиб дар корхонаҳо ва котлети киевӣ ва сихкабобҳои мурғӣ дар тарабхонаҳои кишвар истифода мешавад. Оқои Ғоиб 14 июл дар ҳузури хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ин миқдор пӯсти мурғро як соҳибкори инфиродии Тоҷикистон мехостааст биёрад, ки дар марз боздошт шуда, ҳоло парвандааш ба додситонӣ ирсол гардидааст.

"Шумо медонед, ки пӯсти мурғро хӯрдан мумкин нест. Вале тоҷирони мо онро ворид намуда, аз он ҳасиб, котлети киевӣ ва сихкабоби мурғӣ омода намуда ва ба мардум мефурӯшанд. Мо ҳамин хел тоҷирон ҳам дорем," -- афзуд ӯ. Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, вақте маъмурони гумрук пӯсти мурғро дар дохили мошин дидаанд, "аз он заҳр, оби зард мечакид ва як ахлот буд, на бештар аз он."

Абдуфаттоҳи Ғоиб: Аз пӯсти мурғ ҳасиб омода мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

"Инро дар дигар давлатҳо истифода намекунанд. Ё шояд ҳамчун хӯроки гурба ва саг истифода мешавад. Он як ахлот аст, вале барои мардуми онро медиҳанд, то бихӯранд," -- гуфт раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва афзуд, ин гуна маҳсулот бо роҳи қочоқ ворид шуда, дар ҳуҷҷати расмии 23 тонна пӯсти мурғ ҳам навишта шудааст, ки онҳо маҳлули глюкоза меоранд. Ӯ гуфт, чунин мавридҳо зиёданд ва пеши роҳи тоҷиронеро, ки мехоҳанд бо ба хатар гузоштани ҷони мардум барои худ кор кунанд, натанҳо мақомот, балки бояд сокинон ҳам бигиранд.

Сокинони Тоҷикистон, ки қишри камбизоати он беш аз 30 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад, на ҳамеша имкони харидории гӯшти чаҳорпо ва паррандаро доранд ва бинобар ин талаботи худро ба маҳсулоти гӯштӣ аз ҳисоби ҳасибҳои арзон ҷуброн мекунанд. Як кило гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон аз 35 то 40 сомонӣ қимат дорад, ки барои гурӯҳе аз мардум дастрас нест. Бо ин маблағ мешавад 3 кило ва ё аз он бештар ҳасибу ҳасибча харидорӣ кард.

Бо он ки мардум ба ҳалол будани ин маҳсулот бовар надоранд ё камтар бовар мекунанд, вале дар аксар маврид ба навиштаҷоти "ҳалол"-и болои онҳо худро таскин мебахшанд. Дилшод, яке аз сокинони Душанбе, дар сӯҳбат бо мо гуфт, бо вуҷуди он ки ба покиза будани чунин ҳасибҳо пурра бовар надорад, аммо гаҳ-гоҳе бо дархости фарзандонаш онро барои тамғаи "ҳалол"-аш харидорӣ мекунад.

Мақомоти "Тоҷикстандарт" ҳам мегӯянд, танҳо дар корхонаҳои тавлиди маҳсулоти гӯштии пойтахт беш аз 100 навъи ҳасиб истеҳсол мешавад. Дар баробари ин, корхонаҳои бешумори хусусӣ ҳам мавҷуданд, ки маҳсулоти гӯштиро маъмулан дар манзилҳои худ тавлид мекунанд.

Моҳи гузашта хабарнигори тоҷик Шероз Шарипов аз чӣ омода шудани ҳасибҳои Тоҷикистонро ба баҳс кашид. Ӯ натиҷаи як таҳқиқоти лаборатории ҳашт навъи ҳасиби истеҳсоли Тоҷикистон дар озмоишгоҳи "Рамзит"-и Узбакистонро нашр кард ва гуфт, ки "на ҳамеша дар ҳасибҳо дар Тоҷикистон гӯшт изофа мешавад".

Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи 23 тонна пӯсти мурғ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG